Дар Тоҷикистон хизматрасониҳои маҷмӯии дастгирии оила ва кӯдак тақвият меёбанд

19 Феврал 2026
ECI Center
Shukrona Mirzoeva/UNICEF/Tajikistan

Конибодом, 16 феврали соли 2026. Дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳри Конибодом» маросими ифтитоҳи Шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак баргузор шуд. Дар маросим намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Фонди хайриявии «Музаффар» ва ЮНИСЕФ Тоҷикистон иштирок намуданд.

Шуъбаи нав бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо дастгирии Фонди хайриявии «Музаффар» дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ таъсис дода шудааст. Фаъолияти он бар пояи равиши байнисоҳавӣ роҳандозӣ гардида, хизматрасониҳоро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид месозад ва дастгирии кӯдакро дар робитаи зич бо оила ва ҷомеа таъмин менамояд.

Таъсиси чунин шуъба имкон медиҳад, ки дастрасии кӯдакон ба ташхиси бармаҳал, кӯмаки саривақтӣ ва хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар маҳалли зисташон васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, он ба пешгирии ҷудошавии кӯдакон аз оила ва коҳиш додани зарурати ҷойгиркунии онҳо ба муассисаҳои будубоши доимӣ мусоидат мекунад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рушди хизматрасониҳои ҳамгиро барои ҳар як кӯдак, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ва эҳтиёҷоти махсусро идома дода, ҳуқуқи онҳоро ба ҳаёт, рушд ва иштироки пурра дар ҷомеа мутобиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак пеш мебарад.

Шарикони рушд, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва Фонди хайрияивии «Музаффар» талошҳои кишварро ҷиҳати таҳкими низомҳои рушди бармаҳали кӯдак ва ҳамкории байнисоҳавӣ дастгирӣ менамоянд, то хизматрасониҳои устувор ва дастрас барои ҳар як оила таъмин гарданд.

Ифтитоҳи Шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Конибодом қадами навбатӣ дар роҳи таъмини хизматрасониҳои босифат ва дастрас ба манфиати некӯаҳволии ҳар як кӯдак дар Тоҷикистон мебошад. 

Ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар хизматрасониҳое, ки ба баланд бардоштани дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ ва тавонбахшӣ барои кӯдакон равона шудаанд, васеъ ва навсозӣ гардиданд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.