Оғози барномаи телевизионии «Истеъдоди волидайн» дар ТВ «Сафина» барои дастгирии оилаҳо дар саросари Тоҷикистон
Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ширкати Tcell ва телевизиони «Сафина» бо хушнудӣ оғози барномаи нави телевизионии ҷумҳурияви-ро эълон менамояд.
- English
- Тоҷикӣ
Душанбе, 17 июни соли 2025. Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ширкати Tcell ва телевизиони «Сафина» бо хушнудӣ оғози барномаи нави телевизионии ҷумҳуриявии «Истеъдоди волидайн»-ро эълон менамояд. Ин барнома бо мақсади дастгирии волидон ва парасторон дар саросари Тоҷикистон бо истифода аз роҳнамоиҳои бар далелҳо асосёфта ва маслиҳатҳои коршиносон доир ба тарбияи фарзандон таҳия шудааст.
Ин чорабинӣ ба “Моҳи байналмилалии волидайн”, ки ҳамасола дар моҳи июн баргузор мегардад, рост меояд. Моҳи волидайн фурсатест барои қадрдонӣ ва дастгирии волидон ва парасторон барои нақши муҳими онҳо дар тарбияи кӯдакон. Ин давра ба таъкиди аҳамияти тарбияи волидайн ва тарғиби сиёсатҳову барномаҳое, ки оилаҳоро таҳким мебахшанд, бахшида шудааст.
Аҳолии Тоҷикистон ҷавонтарин ва босуръаттарин афзоянда дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ буда, беш аз 40% аҳолии 10,3 миллионнафараи онро кӯдакони то 18 - сола ташкил медиҳанд. Кӯдакони то шашсола 17% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Бо эътирофи нақши муҳими волидон дар тарбияи насли оянда, барномаи нав ҳадаф дорад, ки дастгирии амалӣ, дастрас ва ба фарҳанг мувофиқи волидайнро, бахусус барои оилаҳои минтақаҳои деҳот ва дурдаст, таъмин намояд.
Барномаи «Истеъдоди волидайн» дар ду ҳафта як маротиба тавассути ТВ «Сафина» пахш шуда, аз қисматҳои 20-дақиқаӣ иборат хоҳад буд, ки доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла рушди барвақтии кӯдак, тандурустӣ ва ғизо, тарбияи мусбат, парастории ба гендер ҳассос ва некӯаҳволии эмотсионалиро фаро мегирад. Ҳар як қисмат мусоҳиба бо коршиносон, ҳикояҳои воқеӣ, бахшҳои интерактивии саволу ҷавоб ва намоишҳои амалиро дар бар мегирад.
«Солҳои аввали ҳаёти кӯдак муҳиманд ва волидон аввалин ва муҳимтарин омӯзгорони онҳо мебошанд. Ин барнома ҳамчун як манбаи арзишманд барои дастгирии оилаҳо ҷиҳати фароҳам овардани муҳити ғамхор, бехатар ва пур аз меҳру муҳаббат барои рушди фарзандонашон хизмат хоҳад кард», - гуфт Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Қисмати аввал таҳти унвони «Тифли навзод дар хона – чӣ бояд кард?» волидони ҷавонро дар рӯзҳои аввали нигоҳубини навзод роҳнамоӣ карда, ба масъалаҳои бехатарӣ, робитаи наздик ва рушди мағзи сари кӯдак дар синни барвақтӣ тамаркуз хоҳад кард.
Хусусияти беназири барнома ҳамгироии воситаҳои рақамӣ, аз қабили замимаи мобилии барои тарбияи фарзанд - «Bebbo» хоҳад буд, ки маълумоти иловагиро ба забони тоҷикӣ пешниҳод намуда, омӯзишро фаротар аз экранҳо идома медиҳад. Замимаи барои волидайн «Bebbo»-ро метавон аз Google Play Store барои дастгоҳҳои Android ва аз App Store барои дастгоҳҳои Apple ройгон боргирӣ кард.
Ин ҳамкорӣ як ташаббуси муштараки байни шарикон – ТВ «Сафина», ЮНИСЕФ ва Tcell – мебошад, ки ба тарғиби таҷрибаҳои мусбати тарбияи фарзандон дар байни доираи васеи тамошобинон нигаронида шудааст.
«Дар ширкати Tcell, ҳамчун як оператори аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул, ки ояндаи рақамии Тоҷикистонро бунёд мекунад, дастгирии насли наврас на танҳо афзалият, балки як қисми рисолати мост. Мо боварӣ дорем, ки саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон замина барои ҷомеаи устувор аст. Ташаббусҳое ба мисли барномаи «Истеъдоди волидайн» ба мо имкон медиҳанд, ки дар рушди тарбияи бошуурона ва ғамхоронаи волидайн, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, саҳм гузорем. Мо ифтихор дорем, ки захираҳои технологии худро ба манфиати оилаҳои тоҷикистонӣ истифода бурда, дар тарбияи насли солим ва босавод кӯмак мерасонем», - гуфт Озодхон Давлатшоев, Директори генералии ширкати Tcell. Ширкати мазкур калонтарин провайдери алоқаи мобилӣ ва интернет дар Тоҷикистон мебошад.
Бо истифода аз дастрасии васеи телевизион, хусусан дар кишваре, ки беш аз 70% аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, ин ташаббус дастгирии муҳими волидайнро мустақиман ба оилаҳо мерасонад. Ҳадаф аз байн бурдани норасоиҳои мавҷуда ва таъмини он аст, ки ҳар як кӯдак барои рушди комили худ бо муҳити ғамхорона фаро гирифта шавад.
Барои маълумоти иловагӣ лутфан муроҷиат намоед:
Ҷастин Ҷ. Брэдфилд, Сардори шӯъбаи иртибот, тарғибот ва шарикии Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон [email protected]
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.