Чӣ гуна бозӣ солимии равонии кӯдаки Шуморо тақвият медиҳад

Лаҳзаҳои бозӣ барои некӯаҳволии эҳсосии кӯдаки шумо муҳиманд.

ЮНИСЕФ
a little boy is looking at the camera smiling
UNICEF/Tajikistan/2024/ U. Fazylova
11 Июн 2024

Бозӣ роҳест, ки тавассути он кӯдакони хурдсол муҳити атрофро меомӯзанд ва дарк мекунанд. Дар баробари хушҳолӣ кардан онҳо аз болои ҷанбаҳои муҳими рушди худ, ба монанди ташаккули малакаҳои моторӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосотӣ кор мекунанд. Аммо нерӯи бозӣ бо омӯзиши барвақтӣ маҳдуд намешавад: он инчунин дар таҳкими солимии равонии кӯдаки шумо ва худи шумо низ нақши асосиро мебозад! Омӯзед, ки чаро пайдо кардани вақт барои бозӣ ҳам шавқовар ва ҳам муфид аст.

куколка лухтак
UNICEF/Tajikistan/2024/ U. Fazylova
Бозӣ ба таҳкими робитаи байни шумо ва кӯдаки шумо мусоидат мекунад

Якҷоя гузаронидани лаҳзаҳои хушҳолӣ ва омӯзиш ба кӯдакон ва нигоҳубинкунандагони онҳо кӯмак мекунад, то бо ҳам наздик шаванд. Ҳамчун аввалин шарики бозии кӯдаки худ, шумо метавонед имкониятҳоро барои омӯзиш ва пайвастагӣ бевосита дар хона фароҳам оред. Вақте ки шумо якҷоя бозӣ мекунед, шумо метавонед муҳити атрофро аз нуқтаи назари кӯдаки худ бинед.

Бо муҳайё намудани муҳаббат, тасаллӣ ва таваҷҷӯҳ барои кӯдакатон, шумо дар инкишофи малакаҳои эҳсосотӣ ва иҷтимоӣ, ки солимии равонӣ ва некӯаҳволии онҳоро дар оянда дастгирӣ мекунанд, замина мегузоред.

Бозӣ ба паст кардани сатҳи изтироб мусоидат мекунад

Бозӣ, рақс ва сурудхонӣ роҳҳои олии рафъи изтироб ҳам барои кӯдакатон ва ҳам барои шумо мебошанд. Вақте ки шумо аз лаҳзаҳои шавқовар лаззат мебаред ва якҷоя механдед, бадани шумо эндорфинҳоро ҷудо мекунад, ки ҳисси некӯаҳволиро ба миён меоранд.

Ҳатто вақти кӯтоҳи бозии якҷоя метавонад барои калонсолон ҳамчун ёдраскунандаи боварибахш оиди қобилияти дастгирии кӯдаки худ хизмат кунанд ва ба шумо имкон диҳад, ки кор ё дигар уҳдадориҳоро фаромӯш кунед.

Таҳқиқот инчунин нишон дод, ки вақт ҷудо кардан барои бозӣ кӯдаконро ҳатто аз оқибатҳои манфии таъсири дарозмуддати изтироб муҳофизат мекунад. Давраҳои тӯлонии вазъияти пуризтироб ба солимии ҷисмонӣ ва равонии кӯдак таъсир расонида метавонанд. Бозӣ ва муносибатҳои мусбӣ ва дастгирикунанда бо калонсолон метавонанд ба коҳиш додани ин таъсирот мусоидат кунанд.

a boy sliding down
UNICEF/Tajikistan/2022/M.Ruziev
Бозӣ ба кӯдакон кӯмак мекунанд, то аз уҳдаи эҳсосоти мураккаб бароянд

Вақте ки кӯдакон бо мушкилоти мураккаби эҳсосотӣ рӯ ба рӯ мешаванд, он аксаран дар бозии онҳо зоҳир мешавад. Барои кӯдакон фароҳам овардани фазои бозӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аз уҳдаи эҳсосот, аз қабили дард, тарс ё талафот бароянд ва ҳамзамон мисли кӯдакон рафтор кунанд. Бозӣ ба онҳо имкон медиҳад, то он чизеро баён кунанд, ки бо он мубориза мебаранд, дар ҳоле ки онҳо ҳанӯз калимаҳои кофиро барои шарҳи пурраи он намедонанд. Бо роҳи такроран бозсозии ҳодисаҳои пурдард тавассути бозии тасаввурӣ, кӯдакон кӯшиш мекунанд, ки таъсири ҳодисаи рӯйдодаро фаҳманд. Масалан, агар кӯдаки шумо шоҳиди занозании ду калонсол шуда бошад, ӯ метавонад ин низоъро бо лӯхтакҳои худ барқарор кунад.

Бозӣ барои рушди худбоварӣ мусоидат мекунад

Ҳалли мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли эҷодӣ ҳангоми бозӣ ё кор аз болои муаммо ба кӯдакон ҳисси муваффақият ва салоҳиятнокӣ медиҳад. Вақте ки шумо барои бозӣ бо кӯдакатон вақт ҷудо мекунед, хурдсоли шумо дарк мекунад, ки ӯро қадр мекунанд ва бо ӯ будан шавқовар аст. 

Муҳим аст, ки ҳангоми бозӣ шумо тамоми диққати худро равона кунед ва ба бозие, ки шумо якҷоя бозӣ мекунед, сармоягузорӣ намоед. Таҷрибаи муштарак ба кӯдакатон мефаҳмонад, ки ӯро дӯст медоранд ва ӯ муҳим аст – аз ин рӯ табассум кунед, иштирок кунед ва аз ҳар лаҳза лаззат баред!