Тоҷикистон хизматрасониҳои дахолати барвақтиро

Барои кӯдакони дорои мушкилоти рушд тақвият мебахшад

Шукрона Мирзоева
ECI
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva
14 Май 2026

Марказҳои дахолати барвақтӣ дар Тоҷикистон пешниҳоди хизматрасониҳои муҳимро барои кӯдакони дорои мушкилоти рушд ва маъюбият идома медиҳанд, то барои рушд ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо дастгирии саривақтӣ таъмин гардад.

Айни замон дар саросари кишвар дар доираи ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва ташкилотҳоии ҷамъиятӣ 13 маркази дахолати барвақтӣ фаъолият мекунанд. Ин марказҳо ҳамарӯза хизматрасониҳои тавонбахшӣ ва рушди кӯдаконро пешниҳод намуда, мутахассисони гуногунсоҳа, аз ҷумла физиотерапевтҳо, эрготерапевтҳо, логопедҳо, равоншиносон, омӯзгорон ва кормандони иҷтимоиро ҷалб менамоянд. Волидайн низ дар раванди тавонбахшӣ фаъолона иштирок намуда, барои идома додани машғулиятҳо дар хона омӯзонида мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти чунин марказҳо муассир ва зарурӣ буда, аз як тараф ба кӯдакон ва оилаҳо хизматрасониҳои муҳими рушдиро фароҳам меорад ва аз ҷониби дигар ба коҳиш ёфтани сатҳи маъюбият ва беҳтар шудани вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Яке аз чунин намунаҳо — Ҳадича Шарифоваи дусола аз шаҳри Хуҷанд мебошад, ки синдроми Даун дорад. Ӯ моҳи апрели соли 2025 ба маркази дахолати барвақтӣ шомил гардид ва аз ҳамон вақт то имрӯз ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст. Дар оғоз Ҳадича наметавонист нишинад, ашёро нигоҳ дорад ё мустақилона ҳаракат кунад. Аммо дар давоми як сол ӯ гавак рафтан, роҳ гаштан, сухан гуфтан ва муошират карданро оғоз намуд.  Муваффақиятҳои ӯ ҳам тавассути машғулиятҳои касбӣ ва ҳам дастгирии пайваста дар хона таъмин гардид. Дар пешрафти Хадича дахолати барвақтӣ нақши муҳим бозид, зеро волидонаш саривақт барои дастгирӣ муроҷиат намуда, фаъолона дар рушди фарзандашон иштирок карданд.

Модари ӯ, Нилуфар аҳамияти дастгирии барвақтӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолиро чунин таъкид мекунад:

«Волидайн набояд ташхиси фарзанди худро пинҳон кунанд ё аз он шарм доранд. Имрӯз мутахассисон ва имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Агар сари вақт муроҷиат кунем, кӯдакони дорои мушкилоти рушд метавонанд дар баробари дигар кӯдакон рушд кунанд.»

Бо вуҷуди чунин натиҷаҳои мусбат, дастрасӣ ба хизматрасониҳо ҳанӯз маҳдуд боқӣ мемонад. Яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт шумораи нокифояи марказҳои дахолати барвақтӣ ва камбуди мутахассисони омӯзонидашуда мебошад. ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани ин мушкилот фаъолият мебарад, ки дар доираи ин кӯшишҳо, моҳи июни соли 2026 баргузории Шоми хайриявии ЮНИСЕФ таҳти унвони «Silk Promise: The Journey Begins» ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадафи он ҷалби дастгирӣ барои кӯдакони дорои мушкилоти рушд мебошад. Ин чорабинӣ намояндагони Ҳукумат, бахши хусусӣ ва шариконро муттаҳид намуда, барои тавсеаи хизматрасониҳои дахолати барвақтӣ маблағ ҷамъоварӣ хоҳад кард.

Маблағҳои ҷамъоваришуда барои таъсиси 10 маркази нави дахолати барвақтӣ равона мешаванд, ки ба зиёда аз 1000 кӯдак имконияти дастрасӣ ба дахолати барвақтӣ, машғулиятҳои тавонбахшӣ ва хизматрасониҳои дастгирии оилавиро фароҳам меоранд. Ҳамчунин, ин ташаббус имкон медиҳад, ки марказҳо бо таҷҳизот ва маводҳои махсус таъмин гардида, иқтидори мутахассисон баланд бардошта шавад.

Баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои дахолати барвақтӣ барои он муҳим аст, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз ҳолаташ имконияти пурра кашф намудани қобилиятҳои худро дошта бошад. Идомаи сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ барои густариши ин хизматрасониҳо ва бунёди низоми фарогир ва дастгиркунанда барои некӯаҳволии кӯдакон ва оилаҳои Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.