Дар нахустин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Душанбе барои дастгирии кӯдакони дорои хусусиятҳои рушд беш аз 3,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардид
Душанбе, 13 июни соли 2026 — Дар ҷараёни нахустин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ки 12 июни соли 2026 дар меҳмонхонаи “Crowne Plaza by IHG” баргузор гардид, барои рушди хизматрасониҳои дахолати барвақтӣ ба кӯдакони дорои хусусиятҳои рушд ё хавфи таъхир дар рушд 3 600 981 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд.
Ин маблағ аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо, дастгирии сарпарастон, музоядаи хайриявӣ, инчунин уҳдадориҳои мустақими иштирокчиён оид ба маблағгузории марказҳои нави дахолати барвақтӣ (ECI) ва саҳмгузориҳое, ки баъд аз эълони маблағи аввалия аз ҷониби меҳмонони бетараф набуда идома ёфтанд, ҷамъоварӣ гардид. Маблағҳои ҷамъоваришуда барои таъсиси 26 маркази нави дахолати барвақтӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар кофӣ мебошанд.
«Фаҳмидани як нукта муҳим аст: дахолати барвақтӣ мӯъҷиза нест. Аммо он ба кӯдак кӯмак мекунад, ки бо дарназардошти вазъияти худ мустақилтар гардад. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо бахшҳои дахолати барвақтӣ мо борҳо дидаем, ки кормандони махсус омӯзонидашудаи ин бахшҳо, ки онҳоро якҷоя бо Вазорати тандурустӣ таъсис дода будем, ҳамагӣ дар чанд моҳ ба пешрафтҳои назаррас ноил мешаванд», — гуфт роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен дар суханронии ифтитоҳии худ.
Яке аз ҷолибтарин лотҳои музоядаи хайриявӣ экскурсияи хусусии истисноӣ ба Осорхонаи “Louis Vuitton” дар Париж ҳамроҳии хайрхоҳи маъруфи ҷаҳон ва Сафири иродаи неки Созмони Милали Муттаҳид Наталия Водянова буд. Ин лот аз ҷониби Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд.
Дар байни дигар лотҳои музояда дастпонаи қадимаи тиллоии устоҳои бухороӣ аз Кохи ҷавоҳироти «Ақиқа», футболкаи имзошудаи бозингарони клуби “Paris Saint-Germain” ва вимпели клуби футболи “Arsenal”, постери имзошудаи филми “Властелин колец” бо имзои сэр Иэн Маккеллен, расм ва вақти муштараки рассоми маъруфи тоҷик Фаррух Негматзаде, инчунин дигар асарҳои санъат ва ашёи варзишии дорои имзо пешниҳод гардиданд.
Як қатор ташкилотҳо инчунин уҳдадориҳои мустақимро барои маблағгузории марказҳои нави дахолати барвақтӣ ба зимма гирифтанд. Аз ҷумла, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TİKA) омодагии худро барои маблағгузории таъсиси панҷ маркази нав дар Тоҷикистон эълон намуд.
ЮНИСЕФ ба ҳамаи шарикон ва иштирокчиёне, ки дар муваффақияти ин ташаббус саҳм гузоштанд, изҳори сипоси самимӣ менамояд.
Шарикони Шоми хайриявии ЮНИСЕФ ширкатҳои “TGEM”, “Dushanbe City”, “Пайкар”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ (ICB), инчунин меҳмонхонаи “Crowne Plaza by IHG” буданд. Дар баргузории чорабинӣ инчунин бисёр ширкатҳо ва ташкилотҳои дигар саҳми назаррас гузоштанд.
Ҳамаи лотҳои дар музоядаи хайриявӣ пешниҳодшуда аз ҷониби соҳибонашон ба таври ройгон барои дастгирии кӯдакони дорои хусусиятҳои махсус дар Тоҷикистон тақдим гардида буданд. Донорони лотҳо Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кохи ҷавоҳироти «Ақиқа», хонаи муди «ZARDOZI», Нафиса Имронова ва бренди муди «ZHIVJ», “55 Group”, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Клуби футболи «Истиқлол», рассомон Фаррух Негматзаде, Далер Меҳтоҷев ва Эраҷ Олимов буданд.
Фазои хоси шомро ҳунармандон ва чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ эҷод намуданд, ки вақт ва истеъдоди худро барои ин ҳадафи наҷиб ройгон тақдим карданд. Дар байни онҳо Шабнам Сурайё, Парвиз Назаров, Маргарита Позоян, Фаррух Ҳасанов, Шоҳрух Юнусов ва Сафармуҳаммад Рустам буданд.
Нахустин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди фарҳанги хайриявӣ ва масъулияти иҷтимоӣ дар кишвар гардид. Он намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи дипломатӣ, фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандиро атрофи як ҳадафи умумӣ муттаҳид намуд — фароҳам овардани имконият барои ҳар як кӯдак ҷиҳати амалӣ намудани иқтидори пурраи худ.
«Як ҷанбаи муҳими дигар ин аст ки бо иштироки худ шумо ба ҷомеа паёми пурқувват мефиристед: ҳаёти ҳар як кӯдак аҳамият дорад», — илова намуд ҷаноби ван Дизен.
Барои маълумоти иловагӣ ба почтаи электронии хонум Рухшона Нажмидинова-роҳбари Шуъбаи иртиботи ЮНИСЕФ муроҷиат кунед
Барои маълумоти иловагӣ ба почтаи электронии хонум Рухшона Нажмидинова-роҳбари Шуъбаи иртиботи ЮНИСЕФ муроҷиат кунед: [email protected]
Тамос барои васоити ахбори омма
About UNICEF
UNICEF promotes the rights and wellbeing of every child, in everything we do. Together with our partners, we work in 190 countries and territories to translate that commitment into practical action, focusing special effort on reaching the most vulnerable and excluded children, to the benefit of all children, everywhere. UNICEF operates in Tajikistan since 1993.
To receive more information about UNICEF and our work in Tajikistan, please visit https://www.unicef.org/tajikistan/
Follow UNICEF on Facebook, Instagram and Twitter