Аввалин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Душанбе

Silk Promise - The Journey Begins

ЮНИСЕФ
Gala
UNICEF/Tajikistan/Kamilla Yodgorova
18 Май 2026

Дар саросари Тоҷикистон 1.8 миллион кӯдаки хурдсол ҳаёти худро бо ҳамон нозукӣ ва қувваи монанд ба абрешим оғоз мекунанд. Онҳо бебаҳо, пур аз умед, вале ҳамзамон осебпазиранд. Тибқи омори ҷаҳонӣ тақрибан 10% кӯдакони то 6-сола бо мушкилот ё хавфҳои рушд рӯ ба рӯ мешаванд.

ЮНИСЕФ барои саривақт муайян кардани ин мушкилотҳо тавассути арзёбии рушди ҳар як кӯдак кор мебарад ва дар ҳолати ошкор шудани хавфҳо дастрасӣ ба хизматрасонии дахолати барвақтиро таъмин мекунад.

Имсол мо роҳи пурҳадафро барои таъсиси 10 маркази нави дахолати барвақтӣ оғоз менамоем, ки барои ҳадди ақал 1000 кӯдаки дигар имконияти рушд фароҳам меорад. Ҳамаи маблағи дар доираи Шоми хайриявӣ ҷамъоваришуда ба кушодани чунин марказҳо равона карда мешавад.

Ба аввалин Шоми хайриявии истисноии мо ҳамроҳ шавед. Якҷоя мо метавноем ояндаро тағйир диҳем ва ба кӯдакон имконияти зиндагии беҳтар бахшем. 

Сана - 12 июни 2026, 18:30-23:00

Макони чорабинӣ- Меҳмонхонаи “Crowne Plaza by IHG”, Низомии Ганҷавӣ

Либоси тавсияшаванда: Расмӣ (Black tie)

Барномаи Шоми хайриявӣ:

Истиқболи меҳмонон Баромадҳои зинда ва Барномаи асосӣ - Шоми хайриявӣ бо баромадҳои ҷолиб ва хотирмони ҳунармандони маъруф ҳамроҳӣ карда мешавад.

Музоядаи хайриявӣ - Рӯйдоди асосии Шом музоядаи зиндаи хайриявӣ хоҳад буд, ки дар он аз ҷониби шарикон ва сарпарастон лотҳои арзишманд ва ноир пешниҳод мегарданд.

Менюи вижаи Шом - Меҳмонон аз менюи махсуси чандмарҳилавӣ баҳра мебаранд, ки онро сарошпази асосии меҳмонхона бо истифода аз маҳсулоти босифат ва маҳорати баланди ошпазӣ таҳия кардааст.

Ба Шоми хайриявӣ ва музоядаи “Silk Promise: The Journey Begins” ҳамроҳ шавед ва ба ҳар як кӯдак кӯмак кунед, то роҳи худро бо эътимод, нерӯ ва имкониятҳои бепоён оғоз кунад.

Шумо чӣ гуна кӯмак карда метавонед?: 

  • Харидории чиптаҳо ё мизи корпоративӣ
  • Сарпарасти Шоми хайриявӣ шудан
  • Пешниҳоди лотҳои беназир барои музоядаи хайриявӣ
  • Пешниҳоди саҳми инфиродӣ

Чиптаҳои инфиродӣ аллакай дастрас ҳастанд::

VIP- 6000 сомонӣ

Премиум-5000 сомонӣ

Стандарт-3000 сомонӣ

Барои иттилооти бештар ё харидории чипта/миз метавонед муроҷиат намоед:

Рухшона Нажмидинова: +992 93 3772786

Мейрамгул Алибекова: +992 990 050151