ЮНИСЕФ ва Меҳмонхонаи “Crowne Plaza by IHG” аввалин Шоми хайриявӣ бо музоядаро дар Душанбе барои ҷамъоварии маблағ ба манфиати Марказҳои дахолати барвақтӣ муаррифӣ намудан
Душанбе, 17 апрели соли 2026 – ЮНИСЕФ Тоҷикистон ва меҳмонхонаи “Crowne Plaza by IHG” муаррифии аввалин Шоми хайриявӣ бо музояда, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, бо иштироки рӯзноманигорон, намояндагони ВАО ва блогерон баргузор намуданд.
Шоми хайриявӣ қисми анъанаи ҷаҳонии ЮНИСЕФ мебошад, ки соҳибкорон, намояндагони доираҳои дипломатӣ, шахсиятҳои маъруф ва ҳунармандонро барои баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби маблағ ба манфиати эҷоди ояндаи беҳтар барои кӯдакон муттаҳид месозад.
Аввалин Шоми хайриявӣ дар Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки хизматрасониҳои дахолати барвақтиро барои ҳадди ақал 1000 кӯдак дастгирӣ намуда, ҳамкориҳои минбаъдаро барои густариши марказҳои дахолати барвақтӣ дар саросари кишвар тақвият бахшад.
Дар ҷараёни чорабинӣ Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен таъкид намуд: «Ҳар як кӯдак арзишманд, зебо ва нозук аст, мисли абрешиме, ки дар ин сарзаминҳои бостонӣ истеҳсол ва интиқол дода мешуд. Онҳо сазовори онанд, ки мо ваъда диҳем, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ҳар яке аз онҳо имкони рушд ва пурра амалӣ намудани қобилиятҳои худро дошта бошад.»
Намояндагони ВАО ва инфлюенсерон имконият пайдо карданд, ки дар бораи дидгоҳ, барнома ва таъсири интизории ҷамъоварии маблағ дар самти ташкили марказҳои дастгирии кӯдакон, бахусус кӯдакони осебпазир, маълумоти бештар гиранд.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.