Идома додани синамаконӣ пас аз баромадан ба кор
Вақте ки корфармоён ба модарони ширмакон ва коргар дастгирии дуруст пешниҳод мекунанд, онҳо ба оғози беҳтарини ҳаёти кӯдакони хурдсол мусоидат мекунанд.
Синамаконӣ туҳфаи модар ба фарзандаш аст. Дар давоми шаш моҳи аввали ҳаёти кӯдак, шири модар кӯдакро бо тамоми ғизоҳои зарурӣ ба миқдори зарурӣ ва дар ҳарорати мувофиқ таъмин мекунад. Танҳо макидани сина барои кӯдакон аз лаҳзаи таваллуд то шаш моҳ кафолат медиҳад, ки онҳо беҳтарин манбаи ғизо доранд, ки ба ниёзҳои онҳо комилан мувофиқат мекунанд, ки новобаста аз ҷои зисти онҳо бехатар, тоза, солим ва дастрас мебошанд.
Синамаконӣ, инчунин, барои ба роҳ мондани робитаи байни модар ва кӯдак мусоидат мекунад, некӯаҳволии руҳӣ, эмотсионалӣ ва ҷисмонии кӯдакро дастгирӣ мекунад ва барқароршавии модарро пас аз таваллуд метезонад.
Дар забони тоҷикӣ синамакониро "ғизодиҳии табиӣ" низ меноманд. Аммо чӣ қадаре ки синамаконӣ табиӣ бошад ҳам, ин дар амал кори осон нест. Дар асл, ин аксар вақт бениҳоят душвор аст.
Монеаҳо барои идома додани синамаконӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон танҳо 36 фоизи модарон дар шаш моҳи аввал фарзандони худро танҳо шир медиҳанд. Барои бисёрии модарон синамаконӣ муборизаи ҳаррӯза аст. Ин метавонад модаре бошад, ки бори аввал кӯдак таваллуд кардааст, ки бинобар набудани дастгирии низоми тандурустӣ натавонист сари вақт синамакониро ба роҳ монад. Ин метавонад модари ҷавоне бошад, ки таблиғи васвосии саноати омехтаи шири хушк барои кӯдакон ба он бовар кунонидааст, ки шири синааш барои кӯдакаш ба қадри кофӣ хуб нест. Ё ин метавонад модаре бошад, ки танҳо барои таъмини рӯзғор илоҷи дигаре надошт, ба ҷуз баргаштан ба кор фавран пас аз таваллуд, ки дар он ҷо ба ӯ танаффусҳои пардохтшаванда барои синамаконӣ дода нашудааст.
Дар рафти машварати онлайн, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ бо шумораи муайяни интихобшудаи модарон гузаронида шуд, занон гузориш доданд, ки монеаи асосӣ барои идомаи синамаконӣ пас аз баромадан ба кор набудани кори реҷааш тағйирпазир ё фосилавӣ мебошад. Бисёре аз модарон гузориш доданд, ки маҷбур буданд синамакониро қатъ кунанд, то ҳарчи зудтар ба кор баргарданд - аксар вақт бо сабабҳои иқтисодӣ ва зарурати таъмини эҳтиёҷоти оила.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, модар ба 140 рӯз (тақрибан чор моҳ) рухсатии пардохтшавандаи ҳомиладорӣ ва таваллуд (70 рӯз пеш аз таваллуд ва 70 рӯз пас аз таваллуд) ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқи вай аст ва корфармоён бояд аз ин имтиёзҳо тибқи қонун огоҳ бошанд.
Гарчанде ки мо дар бораи монеаҳо ва душвориҳое, ки модарон ҳангоми идома додани синамаконӣ дар ҷои кор дучор меоянд, медонем, баъзе ҳикояҳои хубе ҳастанд, ки нақл кардан мумкин аст!
Дарҳол баромадан ба кор пас аз таваллуд кардан
Бону Бобоева модари ҷавони 24-сола аз шаҳри Душанбе мебошад. Вай таҳлилгари маълумот мебошад ва аз хона ба таври фосилавӣ кор мекунад ва писари чормоҳааш Аминро низ нигоҳубин мекунад. Вақти кории ӯ ҳангоми хоб будани писарчааш оғоз меёбад - дар давоми рӯз писарчааш се маротиба 1-2 соат хоб мекунад - ва то он вақт Бону бо ӯ бозӣ мекунад, ба сайругашт меравад ва бо корҳои хона машғул мешавад. Ин варианти кори фосилавӣ аз ҷониби корфармо ба Бону пешниҳод карда шуд, то ба ӯ дар нигоҳубини кӯдак ва идомаи синамаконӣ кӯмак кунад.
Моҳи феврали соли 2023, Каринаи Карим, рекрутери ширкате, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба Бону занг зада пурсид, ки оё ӯ имконияти кор карданро дорад. Бону ҳайрон шуд, вақте Карина ӯро ба санҷиши хаттӣ даъват кард, зеро медонист, ки Бону пас аз чанд ҳафта бояд таваллуд мекард.
Ман ҳама вақт медонистам, ки модар будан ба ман барои идома додани кор монеа нахоҳад шуд. Ман ҳангоми ҳомиладорӣ барои кор ариза кардам. Дар чанд маврид, ман тавонистам пешниҳоди кор гирам, аммо вақте ки корфармои эҳтимолӣ мефаҳмид, ки ман ҳомиладорам ва ба ман шароити иловагӣ лозим аст, ин пешниҳодҳо рад карда мешуданд. Пас, вақте ки Карина ба ман имконият дод, ки ба таври фосилавӣ кор кунам, ман розӣ шудам ва хело хурсанд шудам.

Кори ӯ дар як ҳафта то 10 соатро ташкил медиҳад ва вақти Бону бештар бо синамаконӣ ва нигоҳубини писараш мегузарад. Аз сабаби гарм будани ҳаво Бону писарашро бештар шир медиҳад.
"Ман аз ҳар лаҳзаи муошират бо писарам лаззат мебарам. Ин пайванд аз синамаконӣ сарчашма мегирад ва ман инро хеле дӯст медорам."
Вақтҳое мешаванд, ки аз Бону хоҳиш карда мешавад, ки ба идораи корфармояш барои вохӯриҳои муҳим биёяд ва дар он вақт модараш ба ӯ кӯмак мекунад. Дар хона Бонуро шавҳараш ва оилаи шавҳараш дастгирӣ мекунанд. Дастгирии модари коргар ва ширдеҳ, масъулияти тамоми оила аст.
Ширкатҳои тоҷик барои дастгирии кормандони ширмакон боз ҳастанд, онҳо танҳо бояд донанд, ки чӣ тавр инро бояд анҷом дод.
Каринаи Карим мутахассиси кадрҳо ва рекрутер дар ширкати воқеъ дар шаҳри Душанбе мебошад, мутахассиси таҳияи маҳсулот ва хизматҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Чанд моҳ пеш, бори аввал дар кори худ, вай модари ҷавони ширдеҳро ба кор қабул кард.
Боре директори ширкати мо профили таҳлилгари ҷавонро дар LINKEDIN мубодила кард. Байни бисёре аз номзадҳо, вай барои ман фарқ мекард. Вай ҷавон ва хеле ботаҷриба буд, бинобар ин, ман фавран бо ӯ тамос гирифтам", - Карина ба ёд меорад, ки ҷавобе, ки аз ин номзад гирифтааст, хеле ҳайратовар буд: "Ман пас аз чанд ҳафта таваллуд хоҳам кард, аммо ҳа, ман барои қабули пешниҳоди кор розӣ ҳастам..."
Карина мефаҳмонад, ки бозори меҳнат дар Тоҷикистон хеле маҳдуд аст ва пайдо кардани баъзе мутахассисон, бахусус дар соҳаи зеҳни сунъӣ, душвор аст. Аз ин рӯ, вақте ки ӯ бо Бону Бобоева, таҳлилгари ҷавон ва ботаҷриба вохӯрд, вай бе дудилагӣ ба ӯ муроҷиат кард ва ӯро ба санҷиши хаттӣ даъват кард. Бону аз санҷиш гузашт ва вақте аз ӯ дар бораи санаи эҳтимолии шурӯъ намудан ба кор пурсон шуданд, Бону гуфт, ки мехоҳад ҳарчи зудтар шурӯъ кунад, аммо ба дастгирии иловагӣ ниёз дорад.
"Мо омода будем, ки Бонуро чӣ қадаре, ки лозим ояд, интизор шавем. Ман нақша тартиб додам, ки чӣ гуна Бонуро ба реҷаи кории мо ҳамвор ва оҳиста ворид кунам, - Карина ба ёд меорад.
Дар айни замон, ба гуфтаи Карина, ширкати ӯ сиёсати мушаххаси дохилӣ оид ба дастгирии занони ширмакони коргар надорад; онҳо тибқи кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аммо воқеаи Бону Каринаро водор намуд, ки як қатор имконоти кории тағйирпазирро на танҳо барои модарон, балки барои ҳамаи кормандон баррасӣ кунад.
Дар Тоҷикистон, ки модарони коргар ва ширдеҳ ҳанӯз ба таври васеъ қабул нашудаанд, бисёр корфармоён намедонанд, ки чӣ гуна модарони коргар ва ширдеҳ дастгирӣ карда шаванд ва чӣ гуна дастгирӣ пешниҳод кунанд. Бо вуҷуди ин, ман боварӣ дорам, ки ширкатҳои тоҷик кӯшиш мекунанд, ки кормандони худро дастгирӣ кунанд, зеро ин занон пеш аз ҳама мутахассисанд.
Синамаконӣ дар Тоҷикистон бо кодекси меҳнат кафолат дода мешавад. Аммо чӣ барои беҳтар кардани таҷрибаи синамаконӣ дар ҷои кор кӯмак мекунад?
Барои баланд бардоштани паҳншавии синамаконӣ дар Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва ТУТ (Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ) бо Ҳуқумати кишвар дар навсозии стратегияҳои дахлдори миллӣ, ки ба дастгирӣ ва пешбурди танҳо синнамакконӣ дар давоми шаш моҳи ҳаёти кӯдак ва идома додани синамаконӣ то ду солагӣ ва аз он боло - давраи инкишофи критикӣ, равона карда шудаанд, зич ҳамкорӣ мекунанд, ки ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ таъсири назаррас мерасонад.
Илова бар ин, кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи модаронро барои дастгирии дуруст ҳангоми ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак кафолат медиҳад. Модарон дар Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:
- Рухсатии пардохтшавандаи ҳомиладорӣ ва таваллуд бо давомнокии 140 рӯз (70 рӯз - тақрибан 2,5 моҳ пеш аз таваллуд ва 70 рӯз пас аз таваллуд) бо пардохти кӯмакпулӣ аз Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолати таваллуди вазнин;
- Имтиёзҳои суғуртаи иҷтимоӣ то як солаю шаш моҳагии кӯдак, агар зан рухсатии нигоҳубини кӯдакро интихоб кунад;
- Рухсатии бемузд барои нигоҳубини кӯдак то се солагии кӯдак бо кафолати шуғл аз ҷониби корфармо;
- Кори нопурра ҳангоми рухсатии нигоҳубини кӯдак бо ёрии моддӣ аз Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ.
Пандемияи КОВИД - 19 раванди рақамисозиро дар бахши хусусии Тоҷикистон вусъат бахшид ва бисёре аз ширкатҳоро маҷбур кард, ки технологияҳо ва имкониятҳои нави пешниҳодшударо зуд мутобиқ ва ҷорӣ кунанд. Воситаҳо ба монанди Google Meet ва ZOOM ба бисёре аз модарони коргар ва ширмакон дар Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки оиди имконоти кор бо реҷаи тағйирпазир бо мақсади таъмини синамаконии доимӣ гапзанон кунанд.
Модарон дар Тоҷикистон мехоҳанд шароити кории бештар тағйирпазир дошта бошанд, то синамакониро идома диҳанд

Ҳангоми машварати онлайн бо модарон, ЮНИСЕФ аз онҳо пурсон шуд, ки онҳо аз корфармоён чӣ гуна дастгирӣ мехоҳанд, то ба онҳо дар идома додани синамаконӣ кӯмак расонанд: 43% мехоҳанд, ки ба таври фосилавӣ кор кунанд; 13% мехоҳанд, ки дар ҷои кор шир диҳанд, агар ҳуҷраи "модар ва кӯдак" мавҷуд бошад; 9% мехоҳанд ҷадвали кории тағйирпазир дошта бошанд ва 3% модарон мехоҳанд, ки корфармои онҳо барои ба хона баргаштан барои синамаконӣ таксии пардохтшаванда пешниҳод кунад.
"Агар шумо хоҳед, ки пас аз таваллуд ба кор бароед, аз муроҷиат намудан ба корфармо ва дархост намудани чораҳои муайян натарсед. Агар шумо мутахассиси дорои малака ва дониши дуруст бошед, корфармоён барои нигоҳ доштани Шумо манфиатдор хоҳанд буд", - мегӯяд Карина. Ва Бону розӣ мешавад, ки "Агар шумо мақсад дошта бошед, ки ба кор баргардед ва синамаконӣ ва нигоҳубини кӯдаки худро идома диҳед, дар назди худ ҳадаф гузоред ва бо қадамҳои хурд ба он ноил шавед. Кор ва реҷаи худро ба таври мувофиқ ба роҳ монед ва ҳеҷ гоҳ аз пурсидани кӯмак аз аъзоёни оилаатон шарм надоред."
Карина, инчунин, таъкид мекунад, ки барои модарони коргар дар соҳаи касбии худ бохабар будан хеле муҳим аст. Кори тағйирпазир ва фосилавӣ ба модарон ба "дарёфти вақт" ва ба оғози беҳтарини ҳаёти фарзандони худ бидуни зарар ба худи онҳо кӯмак мекунад.
Барои корфармоён Карина ва Бону низ паёми ниҳоӣ доранд:
"Вақте ки мо ба модар барои идома додани синамаконӣ ва нигоҳубини кӯдаки ӯ кӯмак мерасонем, мо ба шукуфоии кӯдак, ба шукуфоии оила ва ба шукуфоии тамоми ҷомеа кӯмак мерасонем. Дастгирии модарон масъулияти иҷтимоии корпоративии ҳар як ширкат мебошад. Инчунин, тасаввур кунед, ки чӣ гуна дарки бренди шумо ва садоқати кормандон афзоиш хоҳад ёфт!”
ЮНИСЕФ метавонад ба ширкатҳое, ки мехоҳанд ҷойҳои кории худро барои синамаконӣ мусоид гардонанд ва чӣ гуна дастгирӣ намудани модарони коргари ширдеҳро фаҳманд, машварат ва тавсияҳо диҳад.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи сиёсати ба оила нигаронидашуда ва тавсияҳо оид ба дастгирии модарони коргар ва ширдеҳ нигаред ба сомонаи ҷаҳонии ЮНИСЕФ.