Бозтасаввурсозии ояндаи муд барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ

Дар Тоҷикистон духтарони соҳибкори иҷтимоӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ ва тамғаи муди Chloé маҷмӯи муди устуворро эҷод менамоянд

-
Умеда Фазылова
07 Ноябр 2022
girl working on a PC
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

ДУШАНБЕ, ТОҶИКИСТОН. Дар ҳуҷраи пур аз планшетҳои махсус духтарони ҷавон, ки соҳибкорони иҷтимоӣ мебошанд, тасвир ва ангораҳои рақамиро эҷод менамоянд. Дигарон бошанд ба гуруҳҳо тақсим шуда «лавҳаҳои табъро» омода менамоянд, то ин ки барои таҳия намудани тарҳи либос илҳом пайдо намоянд. Духтарони боқимонда буридан, дӯхтан ва пайвастани қисмҳои либосҳоро оғоз намудаанд, ки онҳо дар рӯзҳои наздик ба маҷмӯи воқеии муд табдил меёбанд.

Ин як лоиҳаи махсуси муди устувори экологии ЮНИСЕФ мебошад, ки дар доираи ташаббуси Skills4Girls-и тамғаи машҳури ҷаҳонии CHLOE дастгирии шудааст.

Ҳадафи лоиҳаи Skills4Girls ба духтарони муқими деҳот омӯзонидани малакаҳои ибтидоии кор бо компютер мебошад. Ташаббуси мазкур дар чорчӯбаи барномаҳои ҷаҳонии ЮНИСЕФ таҳти унвони Generation Unlimited ва тавассути Лабораторияҳои инноватсионии наврасон татбиқ мегардад. Ин лабораторияҳо платформа барои рушди малакаҳо буда, дар марказҳои давлатии таҳсилоти иловагӣ (Вазорати маориф ва илм), Марказҳои ҷавонон (Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш) ва донишгоҳҳои давлатӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ созмон дода шудаанд.

Бо истифода аз малакаҳои асри 21 эҷод намудани роҳҳои ҳали табдилдиҳандаи иҷтимоӣ  

Лоиҳаи махсуси муди экологӣ ҳамчун як ғоя ҷиҳати такмили малакаҳои духтарон ва муттаҳид намудани ҳаваси онҳо ба муд бо роҳҳои ҳали устувор барои ҷомеаҳои онҳо пайдо шудааст.

Таҳти роҳбарии тарроҳи маъруф ва барандаи ҷоизаи «Oriental Fashion» Нафиса Имранова ва молики бренди ҷавоҳирот хонум Кристина Иляс 15 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасттарини Тоҷикистон дар давоми ҳамагӣ чор рӯз малакаҳои худро дар самти истифодаи абзорҳо ва платформаҳои рақамӣ баҳри эҷоди маҷмӯи либос ва лавозимоти экологӣ такмил доданд.

«Дар давоми чаҳор рӯз мо кӯшиш намудем, ки духтаронро бо мафҳуми муди устувор шинос намоем ва дар самти роҳҳои ҳали рақамӣ дар муд ба онҳо малакаҳои амалиро омӯзонем. Аз дидани ҳавас дар чашмони духтарон ва шавқу рағбати онҳо хело хушҳол шудем.»  

Духтарони иштироккунандагони лоиҳа аз ҷумлаи соҳибкорони иҷтимоӣ, ки дар барномаҳои рушди малакаҳои Generation Unlimited ва UPSHIFT ширкат варзида буданд, интихоб шуданд. Барномаҳои мазкур бо дастгирии ЮНИСЕФ роҳандозӣ шудаанд. Баъзе духтарон лоиҳаҳои худро дар самти духтани борхалтаҳо аз маводи коркардшуда, татбиқ менамояд. Шумораи дигари духтарон аз муҳра, истифодаи дубораи шишаҳои пластикӣ, гӯшмонакҳои корношоям, халтаҳои чармини куҳна ва дигар боқимондаҳои маводҳои коркардшуда ҷавоҳирот мебофанд.

Ояндаи муд барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ

Рухсора Негматоваи 17 сола аз шаҳри Конибодом буда, дар синфи 11 таҳсил мекунад. Дар гузашта ӯ дар яке аз барномаҳои бахшида ба омӯзиши малакаҳои инноватсионӣ иштирок намудааст, ки он бо дастгирии Chloé дар яке аз лабораторияҳои инноватсионии барои наврасон доир гардидида буд. Вақте, ки Рухсора аз эълони иштирок дар озмуни махсуси ЮНИСЕФ бахшида ба муди экологӣ огоҳ шуд, ӯ бидуни дудилагӣ барои иштирок намудан дархост фиристод. Зеро, ки то оғози лоиҳа аллакай дар тағйири тарҳи либосҳои худ ва аъзоёни хонаводааш собиқа дошт

Партофтани ашё чӣ лозим, вақте метавон ба он умри дубора бахшид? Ман боварӣ дорам, ки агар мо каме бештар эҷодкор бошем ва роҳҳои гуногуни коркарди либосро ҷустуҷӯ намоем, мо метавонем тарҳҳои навро эҷод намоем. Танҳо эҷод, ихтироъ намудан ва илҳом бахшидан лозим аст!

Рухсора Негматоваи 17 сола аз шаҳри Конибодом
Rukshora
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev
Farzona Khamidova
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Фарзона Ҳамидоваи 23 сола сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ ҳамеша орзӯи омӯхтани тарҳрезии графикиро дошт. Дар чорчӯбаи барномаи инноватсионии бахшида ба рушди малакаҳо, ки аз ҷониби Chloé дастгирӣ шуд, ӯ малакаҳои соҳибкории иҷтимоиро омӯхта, лоиҳаи экологии худро роҳандозӣ намуд. Фарзона барои боз намудани саҳифа дар Instagram тарҳрезии графикиро пеша намуд.

Дар давоми лоиҳаи махсуси бахшида ба эҷоди муди экологӣ ӯ истифодаи барномаи Adobe Photoshop ва эҷоди тасвирҳои шакли поп-артро аз худ намуд. Илова бар ин, оид ба маркетинги тамғаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ аз Нафиса Имранова дастурҳо низ гирифт. 

Тавонмандсозии имрӯзаи духтарон баҳри ояндаи муваффақ   

Дар Тоҷикистон духтарон 89% аҳолии аз 15 то 24 солаи аз таҳсил, шуғл ва касбомӯзӣ (NEET) фориғро ташкил медиҳанд. Дар чорчӯбаи ташаббуси Tech4Girls, ки аз ҷониби Chloé дастгирӣ мешавад, ЮНИСЕФ барои фарогирии васеъ ва мустақили духтарон талош меварзад, то ин ки ба онҳо малакаҳои умумӣ (soft skills) ва гузаранда омӯзонида шаванд ва онҳо аз рӯи барномаҳи Skills4Girls таълим гиранд. Дар ин ҷодда таваҷҷуҳи махсус ба нафарони мансуб ба NEET ва онҳое, ки дар деҳот умр ба сар мебаранд зоҳир карда мешавад.

Тавассути барномаҳои таълимии тамаркуз ба малакаҳои рақамӣ, технологияҳо ва соҳибкории иҷтимоӣ, ба ҷавондухтарон ва духтарон омӯзонидани ҳам малакаҳои асосии умумӣ/гузаранда, ва ҳам малакаҳои рақамӣ барои таҳсил ва ҳаёти минбаъда ҳадафи асосӣ мебошад.

Аз тарҳ то роҳрави муд

Дар давоми ду ҳафта духтарони иштироккунандагони таҳияи муди экологӣ тарҳҳои худро такмил дода, бо иштироки инфлюенсерон ва шахсиятҳои машҳури сершумори маҳаллӣ маҷмӯеро барои намоиш дар Форуми миллии "UPSHIFT/Tech4Development" омода намуданд. Форуми мазкур бахшида ба 10 солагии Рӯзи байналмилалии духтарон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Форуми миллии «UPSHIFT/Tech4Development» чорабинии солонаи ЮНИСЕФ буда, ба таҷлил ва намоиши ғояҳои инноватсионии дорои аҳамияти иҷтимоӣ, инчунин стартапҳои таҳти роҳбарии ҷавонон бахшида мешавад.

Чароғҳо хира мешаванд ва моделҳо дар роҳраве, ки махсус оро дода шудааст, роҳпаймоиро оғоз менамоянд. Тамошобинон ҳар як либосро бо завқ ва кафкӯбӣ истиқбол мегиранд. Дар чашмони духтарони муаллифи ин либосҳо ашки шодӣ пайдо мешавад.

«Ташаккури зиёд ба ЮНИСЕФ ва CHLOE барои фароҳам овардани имконияти боз намудани зарфияти мо дар самти тадбирҳои экологӣ. Инчунин, мо аз тарзи истифодаи абзорҳои рақамӣ дар соҳаҳои эҷодии мисли муд огоҳӣ пайдо намудем.» - гуфт Фарзона Ҳамидова ҳангоме, ки ӯро дар маросими анҷоми намоиш ба саҳна даъват намуданд.    

model 1
UNICEF/Tajikistan/2022/R. Yakshibaev
catwalk
UNICEF/Tajikistan/2022/R. Yakshibaev

Тавонмандсозии духтарон барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ   

Мавзуна Нурханова мутахассиси ADAP (Рушд ва иштироки наврасон) дар ЮНИСЕФ Тоҷикистон қайд намуданд, ки тавсеаи иштироки ЮНИСЕФ, инчунин пешкаш намудани барномаҳои дастгирии равонӣ барои духтарон қадамҳои минбаъда хоҳанд буд. Ҳадафи мо идомаи боз намудани зарфияти онҳо дар фазои рақамӣ тавассути платформаи санҷидашуда ва боэътимоди рушди малакаҳои рақамӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

«Яке аз ҳадафҳои ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ин ба духтарон омӯзонидани малакаҳои лозима барои дарёфти шуғл мебошад, то ин ки фосилаи рақамии гендерӣ коҳиш дода шавад. Ҳадафи дигар ин барои онҳо фароҳам овардани имкониятҳои инноватсионӣ барои иштироки пурмазмун дар ҳаёти ҷомеаҳои худ мебошад. Мо аз Chloé барои кӯмак ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин талошҳо сипосгузор ҳастем.» - гуфт Мавзуна.