A group of children studying in a classroom
UNICEF/Tajikistan/2023/ M. Ruziev

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад ...

ЮНИСЕФ ба ҷавонони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо мақомоти маҳаллӣ робитаи мусбӣ дошта, неруи худро барои ҳалли масъалаҳое, ки ба онҳо таъсир мерасонанд, истифода баранд.

-
Зоир Сайфуров
10 Август 2023

Фараҳноз Тоҳироваи 18-сола дар ноҳияи Ашти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Фараҳноз ҳамеша ба касби омӯзгорӣ дилбастагӣ дошт, чунки ки модараш дар мактаби маҳаллӣ ба ҳайси муаллим фаъолият дорад ва меҳри ин касбро дар дили ӯ ҷо додааст.

Дар соли 2021, маҳз лоиҳаи «Наврасон – шарикони рушди устувор», ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дастгирӣ мешавад, дар мактаби ӯ мавриди таваҷҷӯҳи ӯ қарор гирифт. Лоиҳа ба ҷавонон имкон медиҳад, ки на танҳо лоиҳаҳои шахсии худро таҳия кунанд, ки масъалаҳои муайяни ҷамъиятҳои худро ҳал кунанд, балки онҳоро якҷоя бо мақомоти маҳаллӣ амалӣ намоянд. Фарахноз барои иштирок кардан майли зиёд дошт.

Мушкилоте, ки Фараҳноз муайян кард ва мехост онро ҳал кунад, нарасидани омӯзгорони забон, бахусус омӯзгорони забони англисӣ буд. Фараҳноз бо як гурӯҳи ҳамсолонаш ба шӯъбаи маорифи маҳаллӣ муроҷиат кард, то ки муаллимони кордону ботаҷриба онҳоро дастгирӣ кунанд ва Фараҳнозу дастаи ӯро усулҳои асосии таълимро омӯзонанд. Ҳадафи Фараҳноз ин буд, ки малакаҳои ибтидоии омӯзгориро аз худ кунад ва сипас ба таълими кӯдакони 10-13-сола бо забони англисӣ шурӯъ кунад.

Шӯъбаи маорифи маҳаллӣ Фараҳнозро дар ин иқдом ёрӣ намуда, омӯзгорони касбии забони англисиро таъин намуд, то Фараҳноз ва ҳамсолони ӯро дастгирӣ намоянд. Дар давоми тренинг ҷавонон бо малакаҳои асосии таълими забони англисӣ ва таҷрибаи муосири омӯзгорӣ ошно гардиданд.

Аз ҳама қисмати ҷолиби ин лоиҳа дар он буд, ки насли калонтар моро дастгирӣ намуданд, ба мо бовар карданд, моро гӯш карданд ва дар ҳар қадам роҳнамоӣ карданд.

Фараҳноз Тоҳироваи 18-сола аз ноҳияи Ашт.
A girl holding a book and smiling
UNICEF/Tajikistan/2023/ M. Ruziev

Лоиҳаи ӯ муваффақияти зиёдро ба даст овард ва дар тӯли чанд моҳ гурӯҳи онҳо ба қариб 100 нафар талабагони синнашон аз 10 то 13 сола забони англисиро омӯзониданд. Таҷрибаи кор бо кӯдакони хурдсол Фараҳнозро водор кардааст, ки ҳаваси аслии худро дар зиндагӣ дарк кунад, ки ин ҳам омӯзгорӣ аст. Ӯ дар оянда мехоҳад омӯзгори касбӣ бошад ва ба кӯдакон дар амалӣ кардани ҳаваси аслии худ ва расидан ба орзуҳояшон кӯмак кунад.

A girl writing on a blackboard
UNICEF/Tajikistan/2023/ M. Ruziev

“Ман ҳамеша забонҳои хориҷиро дӯст медоштам, аммо ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки тавассути ин ҳавас ба ҷомеа кӯмак карда метавонам. Аммо вақте ки ман бо кӯдакон кор карданро сар кардам, ман фаҳмидам, ки ман ҳамин корро кардан мехоҳам. Ҳоло ман касби ояндаи худро интихоб кардам ва он муаллими забони англисӣ аст», — мегӯяд Фараҳноз.