Аз як оила то иқдоми миллӣ

Чӣ гуна интихоби солим ояндаи Тоҷикистонро шакл медиҳад

Фируза Алиева (СУТ) ва Далер Додоҷонов (ЮНИСЕФ)
Healthy Lifestyle
Dilafruze Hudoikulova/UNICEF/Tajikistan
18 Феврал 2026

Шаш сол пеш Дилафрӯзе Ҳудойқулова барои рафъи дарди доимии меъда, ки аз захми музмин ба вуҷуд омада буд, ҳар рӯз дору истеъмол мекард. Имрӯз ӯ хеле кам ба дорухона муроҷиат мекунад.

«Ман истеъмоли доруро якбора қатъ накардам, — мегӯяд ӯ, — Аз тағйироти хурд оғоз кардам: чӣ гуна ғизо мехӯрам, чӣ гуна ҳаракат мекунам ва чӣ гуна ба саломатиям муносибат дорам».

Дилафрӯзе дар Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар доираи кори худ ӯ дар бораи ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дониши бештар ба даст овард. Донишҳои касбӣ тадриҷан ба тағйироти шахсӣ табдил ёфтанд.

Бо риояи тавсияҳои оддӣ ва асоснокшуда,  кам кардани истеъмоли намак ва шакар, зиёд намудани меваю сабзавот ва нигоҳ доштани фаъолияти ҷисмонӣ Дилафрӯзе саломатии худро ба таври назаррас беҳтар кард. Ин тағйирот танҳо бо ӯ маҳдуд нашуд.

Модараш, ки солҳои зиёд парҳезҳои носолимро риоя мекард, ба фишорбаландӣ ва камҳаракатӣ гирифтор шуд. «Дар аввал барои ӯ осон набуд, — ба ёд меорад Дилафрӯзе, -  Аммо қадам ба қадам тавсияҳои табибонро иҷро кард». Имрӯз модараш фаъолтар аст, фишори хунаш беҳтар назорат мешавад ва ӯ ҳар рӯз сайругашт мекунад.

Ҳамчун модари ду фарзанд Дилафрӯзе ба он чӣ барои оилааш омода мекунад, диққати ҷиддӣ медиҳад. Ӯ истеъмоли намакро дар як рӯз то камтар аз панҷ грамм маҳдуд намуда, ҳангоми харид тамғаҳои маҳсулотро бодиққат мехонад. Нӯшокиҳои ширин ва ғизоҳои коркардшуда тадриҷан бо мева ва интихоби солим иваз мешаванд.

Бо вуҷуди ин, Дилафрӯзе медонад, ки танҳо талоши шахсӣ кофӣ нест. Кӯдакон пайваста ба таблиғи ғизоҳои носолим, махсусан тавассути телевизион ва мағозаҳои назди мактабҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Аз ҳамин сабаб, ӯ ифтихор дорад, ки узви Барномаи муштараки «Табдили низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо» мебошад. Барнома аз ҷониби Хазинаи муштараки СММ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор маблағгузорӣ шуда, дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO),  Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF),  Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) ва  Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ҳамчун узви гурӯҳи таҳқиқотӣ оид ба баррасии таблиғи маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳо дар шабакаҳои миллии телевизионӣ Дилафрӯзе муҳтавои барои кӯдакон равонашударо таҳлил кард.

«Ман ҳайрон шудам, - мегӯяд ӯ, - Дар шабакаҳои кӯдакона таблиғи нӯшокиҳои ширин, попкорни ширин ва майонез пай дар пай намоиш дода мешуд».

«Ҳар сол бемориҳои ғайрисироятӣ ба оилаҳо ва низоми тандурустии Тоҷикистон зарари афзоянда меоранд», — мегӯяд  Виктор Олсавсзкий , Намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон. «Далелҳо нишон медиҳанд, ки чораҳои камхарҷ ва самаранок аз қабили кам кардани истеъмоли намак, барҳам додани равғанҳои транссаноатӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таблиғи ғизоҳои носолим метавонанд ҳазорҳо инсонро наҷот диҳанд. Ин барномаи муштараки СММ далелҳоро ба амал табдил медиҳад ва кумак мекунад, то ҳикояҳое чун саргузашти Дилафрӯзе натанҳо истисно, балки ба як меъёр табдил ёбанд».

Дар доираи ин талоши муштараки СММ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ пешбурди татбиқи чораҳои исботшудаи «Best Buys»-ро барои коҳиши хатари бемориҳои ғайрисироятӣ дастгирӣ менамояд. Ба онҳо кам кардани намак, барҳам додани равғанҳои транссаноатӣ, андозбандии нӯшокиҳои ширин ва маҳдуд кардани таблиғи ғизоҳои носолим барои кӯдакон дохил мешаванд. Хазинаи кӯдакони СММ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ далелҳоро дар сатҳи мактаб ва ҷомеа ҷамъоварӣ мекунад, то барои таҳияи Стратегияи миллии тағйири иҷтимоӣ ва рафторӣ ҷиҳати пешбурди ғизои солим миёни кӯдакон ва оилаҳо замина фароҳам оварад. Созмони умумиҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ табдили низоми озуқавориро барои беҳтар намудани дастрасӣ ба ғизои серғизо ва дастрас дастгирӣ мекунад, дар ҳоле ки Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаворӣ  дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон харитаи роҳро барои ворид намудани таълими ғизо ба барномаи миллии таълимии мактабҳо таҳия намудааст.

«Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) равишҳои тағйири иҷтимоӣ ва рафториро барои пешбурди ғизои солим истифода мебарад ва кӯдакон, наврасон, оилаҳо ва ҷомеаҳоро ҳамчун пешбарандагони тағйирот дар пешгирии ҳамаи шаклҳои камғизоӣ тавонманд месозад. Тавассути ҷалби фаъоли омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани дониши ғизоӣ миёни кӯдакон, наврасон ва волидон, инчунин иштироки фаъолонаи ҷомеа, ЮНИСЕФ ба афзоиши истеъмоли ғизои серғизо, гуногун ва истеҳсоли маҳаллӣ мусоидат мекунад», — мегӯяд  Артур ван Дизен, Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Барои Дилафрӯза ин таҷрибаи шахсӣ аст.

«Ман ҳама кори аз дастам меомадаро мекунам, то фарзандонам ояндаи солим дошта бошанд, - мегӯяд ӯ, - Ин барнома ба модароне мисли ман кумак мекунад, ки на танҳо оилаҳои худро, балки тамоми низомро тағйир диҳем».

Healthy Lifestyle
Dilafruze Hudoikulova/UNICEF/Tajikistan

«Духтарам ҳар дафъаи аз назди мағоза гузаштан ғизои носолим мепурсид, — мегӯяд ӯ бо табассум,-  Ҳоло бошад, рост ба қисмати меваҳо меравад».