Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ муассисаҳои таъмиршудаи тиббиро дар ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ намуданд

14 Ноябр 2025
Handover
Manucher Ruziev/UNICEF/Tajikistan

Ноҳияи Айнӣ, 12 ноябри соли 2025. Ду муассисаи муҳими тандурустӣ дар ноҳияи Айнӣ - Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия (CDH) ва Беморхонаи шаҳрии Зарафшон - пас аз таъмири пурра расман ба истифода дода шуданд. Ин корҳо бо мақсади тақвият бахшидан ба пешгирӣ ва назорати сироятҳо (IPC), беҳтар намудани меъёрҳои гигиена ва таъмини хизматрасониҳои бехатари тиббӣ барои ҳама анҷом дода шуданд.

Дар маросими муштараки ифтитоҳ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ, инчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, кормандони соҳаи тандурустӣ ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд.

Таъмир дар доираи компоненти «Пешгирӣ ва назорати сироятҳо»-и Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (HDP) анҷом дода шуд. Ин барнома аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тавассути ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад.

То таъмир, ҳарду беморхона дар таъмини шароити муносиби обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена (WASH) ва идоракунии партовҳои тиббӣ бо мушкилот рӯбарӯ буданд. Ҳоло ин муассисаҳо ба беморхонаҳои бехатартар, тозатар ва беҳтар муҷаҳҳазшуда табдил ёфтаанд, ки метавонанд ба беморон ёрии босифат расонанд.

«Уҳдадории Иттиҳоди Аврупо аз он иборат аст, ки ҳеҷ кас дар канор намонад ва иншооте, ки мо пешниҳод кардем, барои наслҳои оянда низ хидмат кунанд. ИА дар ҳамкорӣ бо шарики худ ЮНИСЕФ, ба Ҳукумати Тоҷикистон дар пешбурди хизматрасониҳои устувор ва самараноки обтаъминкунӣ ва санитария кӯмак мерасонад. Мо хушҳолем, ки акнун эҳтиёҷмандон, ки ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ва Беморхонаи Зарафшон муроҷиат мекунанд, дар муҳити боз ҳам бехатар ва муносиб аз ёрии тиббӣ баҳра хоҳанд бурд,» — Денис Молика, роҳбари барномаи бахши тандурустии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Корҳои анҷомшуда таъмири утоқҳои табобатӣ, утоқҳои ёрирасон, беҳтар намудани низомҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷрибаҳои бехатари идоракунии партовҳои тиббиро дар бар гирифтанд. Ҳарду беморхона бо таҷҳизоти муҳими тиббӣ ва мебел барои тақвият бахшидан ба нигоҳубини модарону навзодон ва ёрии таъҷилӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Илова ба навсозии инфрасохтор, кормандони тиббӣ аз омӯзишҳои амалӣ дар бораи пешгирӣ ва назорати сироятҳо, аз ҷумла гигиенаи дастон, идоракунии партовҳо ва тозагии муҳит гузаштанд. Инчунин, барои риояи таҷрибаҳои ягона ва бехатари клиникӣ, дастурамалҳои навшудаи миллӣ дар бораи пешгирӣ ва назорати сироятҳо тақсим карда шуданд.

«Ин корҳои барқарорсозӣ дар ду иншооти муҳим - Шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ва Беморхонаи шаҳрии Зарафшон - ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Иттиҳоди Аврупо анҷом дода шуданд, як дастоварди назаррас дар талошҳои муштараки мо барои таҳкими низоми тандурустӣ, беҳтар намудани пешгирии сироятҳо ва таъмини нигоҳубини босифат барои ҳамаи беморон, бахусус занон, кӯдакон ва гуруҳҳои осебпазир, мебошад,» — гуфт Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Муассисаҳои навтаъмиршуда дар баланд бардоштани устувории низоми тандурустии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, кафолат медиҳанд, ки аҳолии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ аз хизматрасониҳои тиббии бехатар, боэътимод ва босифат баҳраманд гарданд.

Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ»

«Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ» (HDP) аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Тавассути компоненти «Пешгирӣ ва назорати сироятҳо» IPC, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ амалӣ мешавад, барнома ба таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, беҳтар намудани низомҳои гигиенӣ ва идоракунии партовҳо, инчунин такмили ихтисоси кормандони тиббӣ барои пешгирӣ ва назорати самараноки сироятҳо нигаронида шудааст.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.

Дар бораи Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо як иттиҳоди беназири иқтисодӣ ва сиёсӣ байни 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки дар якҷоягӣ қисми зиёди қитъаро фаро мегиранд. Ҳадафҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат ба сулҳ, арзишҳои он ва некӯаҳволии шаҳрвандони он, инчунин пешниҳоди озодӣ, амният ва адолат бидуни марзҳои дохилӣ мебошанд. Рушди устувор дар асоси рушди мутавозини иқтисодӣ ва устувории нархҳо, иқтисоди бозорӣ рақобатпазир бо шуғли пурра ва пешрафти иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист.