Барномаи рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба даст овардани натиҷаи калидиро дар доираи Ҷаласаи солонаи сеюми кумитаи роҳбарикунанда ҷашн мегирад
ДУШАНБЕ, 19 ноябр 2024 - Намояндагони воломақоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва ҳарикони татбиқкунандаи Барномаи рушди тандурустӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ташкилоти GIZ, ва ЮНИСЕФ дастовардҳои назарраси Барномаи рушди тандурустиро (2021 – 2025) ҳангоми ба соли охирини амалсозӣ ворид шудани он, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттиҳоди Аврупо (ИА) Барномаи рушди тандурустиро бо мақсади таъмини дастгирии заминавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмилу таҳкими солимӣ ва беҳбудии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба ҳамаи шаҳрвандони он маблғгузорӣ менамояд. Ҳадафи асосии Барнома дар давраи татбиқ,он, ки аз соли 2021 то соли 2025-ро фаро мегирад, берун намондани ягон нафар аз доираи дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва ба ҳукумат дар пешрафт ба самти таъмини Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ (ФУХТ) кӯмак расонидан мебошад. ФУХТ афзалияти калидии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар он тавсифи ҳадафҳои кишвар дар давраи то соли 2030 оварда шудааст. Ташаббуси мазкур ба кафолати дастрасии хизматрасониҳои заминавии тандурустӣ барои тамоми аҳолии Тоҷикистон бидуни дучор шудан ба мушкилотҳои молиявӣ равон карда шудааст. Барномаи мазкур дар натиҷаи ҳамкорӣ байни се шарики калидӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Ташкилоти “Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit GmbH” (GIZ), ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ шуда, шарикон кори дастаҷамонаро барои тақвияти низоми миллии тандурустӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ҳам иқтисодӣ дастрастар, ва бехатартар кардани он иҷро карда истоданд.
"ЮНИСЕФ тавонмандии 42 муассисаи миёна ва 1500 муассисаи тиббии ибтидоиро дар 37 ноҳия ва шаҳри Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо тақвият медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин минтақаи муҳим мо на танҳо аз паҳншавии бемориҳо пешгирӣ мекунем, балки беморони осебпазир, аз ҷумла занони ҳомила, навзодон ва кӯдакони хурдсолро низ ҳифз мекунем”, - Артур ван Дизен, Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон..
Кумитаи роҳбарикунанда дастовардҳои назаррасро, ки аз ҷониби се шарики татбиқ пешниҳод карда шуданд, бо камоли мамнуният истиқбол менамояд.
Хонум Изабел Уриз Ҳернандез, Роҳбар оид ба ҳамкории Ҳайати ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Вазорати молияи ҶТ, СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ- барои ҳамкориҳои мунтазам дар татбиқи барнома исзҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.
“Барномаи рушди тандурустӣ аломати омодагии доимии ИА-ро дар самти дастгирии хизматрасониҳои тандурустии босифта ва дастрас барои ҳамагон ва ҳамчунин саҳми ИА ба дар амал дастрас шудани Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон аст”. – Изабел Уриз Ҳернандез.
Дастовардҳои калидӣ дар самти такмили солимӣ ва беҳбудӣ дар Тоҷикистон
ЮНИСЕФ дар бораи бознигарии Фармоиши №1119 хабар дод, ки дастурамали миллии нави пешгирӣ ва назорати сироятҳоро, ки бо далелҳои навин ва амалияҳои пешрафтаи глобалӣ мувофиқа шудааст, ҷорӣ менамояд. Бознигарӣ ҳамчунин беҳтар кардани инфрасохтори обтаъминкунӣ, санитарӣ ва беҳдоштро бо мақсади ҳалли масъалаи сироятҳои дохилибеморхонагӣ дар ҳама сатҳҳои низоми тандурустӣ дар бар мегирад.
СУТ пешрафти Тоҷикистонро дар самти татбиқи ислоҳотҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ, ки ба ташаккули низоми тандурустии устувор ва баробарҳуқуқ равон шудаанд, қайд менамояд. Натиҷаи калидии ин чорабиниҳо – ин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи механизмҳои нави маблағгузории тандурустӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ ва санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Вилояти Суғд” аст. Қарори мазкур роҳи ҷорӣ намудани тағйироти муҳим дар самти тарзи маблағгузории хизматрасониҳои тандурустиро дар Вилояти Суғд ҳамвор менамояд. Ҳамчунин, СУТ натиҷаҳои тадқиқотҳои сершумори таъсиррасонро, ки дар давоми соли сеюми татбиқи барнома амалӣ шудаанд пешниҳод намуд. Натиҷаҳои тадқиқотҳо маълумоти калидиро барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарзҳои таҳкиму такмили нерӯи кадрии соҳаи тандурустӣ, такмили тарзи маблағгузории низоми тандурустӣ ва ноилшавӣ ба ФУХТ, пешниҳод менамоянд.
GIZ қадамҳои асосиро дар табаддулоти низоми Кӯмаки аввалияи тиббӣ ва санитарӣ (КАТС) дар Тоҷикистон бо тамаркуз ба тибби оилавӣ намоиш дод. Дастовардҳои калидӣ, аз он ҷумла ҳамгироии хизматрасониҳои ВНМО ва сил бо низоми КАТС, мусоидат ба дастрасии осонтар ба доруворӣ ва муолиҷаро дар бар мегиранд. Бар илова, GIZ курсҳои таълимиро барои як қатор духтурону ҳамшираҳои тиб дар соҳаи тибби оилавӣ гузаронида, онҳоро бо бастҳои баландсифати тиббӣ таъмин кард. Барномаи ягонаи имтиҳонот барои курсҳои такмили ихтисоси шашмоҳаи тибби оилавӣ ҳоло дар 16 марказҳои таълимӣ барои стандартикунонии маориф татбиқ карда мешаванд. Ҳамчунин, биноҳои шаш Марказҳои саломатии деҳот таъмир карда шуда, онҳо пурра бо таҷҳизот барои хизматрсонии беҳтари ҷомеаҳои маҳаллӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, GIZ ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар самти такмили ҳамкорӣ ва ҷалби чомеаҳо бо мақсади таблиғоти тарзи ҳаёти солим дастгирӣ расонидааст.
Соли ҷамъбастии татбиқи барнома
Чорабиниҳои калидии минбаъда, ки дар соли ҷамъбастии татбиқи барнома ба нақша гирифта шудаанд:
- Дастгирӣ дар татбиқи лоиҳи таҷрибавӣ дар вилояти Суғд бо мақсди баланд бардоштани самаранокии низоми тандурустӣ ва коҳиш додани хароҷотҳои киссагии беморон.
- Дастгирии таҳияи басти бознигаришудаи кафолатҳои давлатӣ бо мақсади васеъ кардани дастрасии хизматрасониҳои заминавии тандурустӣ.
- Гузаронидани курсҳои таълимӣ барои кормандони тандурустӣ бо мақсади таъмини устуворнокии бардавом.
- Гузаронидани маъракаҳои ҷалби ҷомеаба баланд бардоштани маърифтанокӣ оиди масъалаҳои калидии тандурустӣ ва солимӣ.
- Гузаронидани тадқиқоти микронутриентҳо барои арзёбии талаботи ғизо.
- Такмили пешгирӣ ва назорати сироятҳо тавассути назорати дастгиранда ва мониторинг.
- Таъмиру таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла ҳамлу нақли воситаҳои санитарӣ ва панелҳои офтобӣ.
Тавассути сармоягузории бештар аз 60 миллион Евро дар давоми даҳсолаи сипаришуда, ИА тасмими худро барои дастрас шудани Фарогирии умумии хизмтрасониҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон нигоҳ медорад. Бо ба соли ниҳоӣ ворид шудани Барномаи рушди тандурустӣ, ИА ва шарикони татбиқкунанда ба таъмини такмили устувори солимии ҳамагон тамаркуз доранд.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.