Гузориши нав нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ҳар 3 кӯдак 1 нафар дар ҳолати камбизоатии шадиди ғизоӣ қарор дорад

Эҳтимоли ба камғизоии ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор омадани кӯдаконе, ки ба камбизоатии шадиди ғизоӣ гирифторанд, 50 фоиз бештар аст

06 Июн 2024
a little boy is looking at bananas in a local market
UNICEF/Tajikistan/2023

ДУШАНБЕ, 6 июни соли 2024 – Гузориши нави имрӯзаи ЮНИСЕФ ошкор месозад, ки зиёда аз 431,000 кӯдакони синни то панҷсола дар Тоҷикистон ба камбизоатии шадиди ғизоии кӯдак гирифторанд, ки ин боиси то 50 фоиз афзоиш ёфтани эҳтимолияти гирифтории онҳо ба лоғарӣ мегардад, ки як шакли ба ҳаёт таҳдидкунандаи камғизоӣ мебошад.


Камбизоатии ғизоии кӯдак: Маҳрумият аз ғизо дар давраи аввали кӯдакӣ таъсирот ва сабабҳои маҳрумияти ғизоӣ байни кӯдакони ҷаҳонро тақрибан дар 100 кишвар ва дар гурӯҳҳои даромад таҳлил мекунад.

Тибқи гузориш дар Тоҷикистон 1 нафар аз ҳар 3 кӯдаки синни то панҷсола ба камбизоатии шадиди ғизоӣ гирифтор аст, яъне наметавонад хӯроки серғизо ва гуногунро дастрас намояд ва истеъмол кунад, то дар солҳои аввали кӯдакӣ ва минбаъд афзоиш ва рушди муносиби ӯ таъмин гардад. Ин аз нишондиҳандаи ҷаҳонии 1 нафар аз ҳар 4 кӯдак баландтар аст.

Кӯдаконе, ки ҳадди аксар дуто аз ҳашт гурӯҳи ғизоҳои муайяншударо истеъмол мекунанд, гирифтори камбизоатии шадиди ғизоӣ ба шумор мераванд.

“Ягон кӯдак набояд аз ҳуқуқ ба озуқавоорӣ ва ғизо маҳрум карда шавад. Аммо, нобаробариҳои афзоянда, низоъҳо, буҳронҳои иқлимӣ ва баландравии нархи озуқаворӣ – якҷоя бо паҳншавии аз ҳад зиёди ғизои носолим, стратегияҳои маркетинги ғизои зиёновар ва амалияҳои нодурусти ғизодиҳии кӯдак – наздик ба ним миллион кӯдакони Тоҷикистонро ба камбизоатии шадидии ғизоии кӯдакон рӯбарӯ сохта, эҳтимоли гирифтор шудани онҳо ба шаклҳои ба ҳаёт таҳдидкунандаи камғизоиро (камвазниро) афзоиш медиҳад ва ба афзоиш ва ташаккули мағзи кӯдакон таҳдид мекунад”, гуфт муовини Сардори намояндагии  ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Эри Двидеди. “ЮНИСЕФ ба тадбирҳои фаврӣ оид ба таҳаввули низомҳои озуқаворӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ даъват менамояд, то барои кӯдакон имкони дастрас кардани хӯроки гуногун ва серғизо фароҳам ояд ва онҳо тавонанд бо иқтидори пурра афзоиш кунанд, рушд ёбанд ва омӯзанд”.


Гузориш огоҳ мекунад, ки бо вуҷуди дар раванди барқароршавӣ аз таъсироти иҷтимоиву иқтисодии пандемияи COVID-19 қарор доштани кишварҳо, оқибатҳои нобаробариҳои афзоянда, низоъҳо ва буҳрони иқлимӣ боиси баланд рафтани нархи маводи озуқаворӣ ва арзиши зиндагӣ то сатҳи рекордӣ гаштаанд. 

Якчанд омилҳо ба авҷ гирифтани буҳрони камбизоатии ғизоӣ дар ҷаҳон сабаб шудаанд: аз ҷумла низомҳои озуқаворие, ки барои кӯдакон имконоти хӯроки серғизо, бехатар ва  дастрасро фароҳам намекунанд, қодир набудани оилаҳо ба харидории хӯроки серғизо ва қодир набудани волидайн ба қабул ва риояи амалияҳои мусбати ғизодиҳии кӯдакон.

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон озуқавории арзон, камғизо ва носолими аз ҳад зиёд коркардшуда ва нӯшокиҳои бо қанд шириншуда шадидан байни падару модарон ва оилаҳо таблиғ карда мешаванд. Ин хӯрокҳо ва нӯшокиҳои носолимро ҳиссаи ташвишовари кӯдакони хурдсол истеъмол мекунанд, ки ба камбизоатии ғизоӣ гирифторанд ва дар ратсиони онҳо ҷои хӯроки серғизотар ва солимтарро мегиранд.

Барои хотима додан ба камбизоатии ғизоии кӯдакон ЮНИСЕФ аз давлатҳо, ташкилотҳои рушд ва башардӯстона, донорҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ ва нӯшокӣ даъват ба амал меорад, ки фавран:

  • Низомҳои озуқавориро дигаргун созанд, то хӯрокҳои серғизо, гуногун ва солим имкони беш аз ҳама дастрас, арзон ва матлуб барои ғизо додани кӯдакони хурдсол аз ҷониби парасторон бошанд.
  • Низомҳои тандурустиро барои пешниҳоди хизматрасониҳои асосии ғизоӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани камғизоӣ дар солҳои аввали кӯдакӣ, аз ҷумла барои дастгирии кормандони тандурустӣ ва озуқавории сатҳи ҷомеа бо мақсади машварат додан ба волидайн ва оилаҳо оиди амалияҳои ғизодиҳӣ ва нигоҳубини кӯдак, истифода баранд.
  • Барои бартараф сохтани камбизоатии даромад тавассути интиқолҳои иҷтимоӣ (пули нақд, озуқаворӣ ва ваучерҳо), бо тарзҳое, ки ба ниёзҳои хӯрокӣ ва ғизоии кӯдакони осебпазир ва оилаҳои онҳо ҷавобгӯ ҳастанд, низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ намоянд.


Бо мақсади суръат бахшидан ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва муолиҷаи камбизоатии ғизоӣ ва камғизоии шадиди кӯдакон, соли гузашта бо дастгирии Дафтари корҳои хориҷии иттиҳод ва рушди Шоҳигарии Муттаҳида (FCDO), Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс ва Хазинаи сармоягузорӣ ба манфиати кӯдакон (CIFF) аз ҷониби ЮНИСЕФ Хазинаи ғизои кӯдакон (CNF) ба фаъолият оғоз кард. 

CNF механизми маблағгузорӣ бо иштироки шарикони сершумор таҳти роҳнамоии ЮНИСЕФ мебошад, ки сармоягузории дохилӣ барои хотима додан ба камғизоиро таҳрик медиҳад. ЮНИСЕФ аз давлатҳо, донорҳо ва шарикони молиявӣ даъват ба амал меорад, ки ба CNF дастгирӣ зоҳир намоянд ва ҷиҳати аз байн бурдани камбизоатии ғизоӣ ва камғизоии шадиди кӯдакон ба сиёсатҳо ва амалияҳои устувор афзалият диҳанд. 
 

####

Эзоҳҳо барои муҳаррирон: 
Боргирии суратҳо ва b-roll.

Боргирии матн пурраи гузориш. 

Категорияҳои камбизоатии ғизоӣ 
Агар кӯдакон чунин ғизо гиранд:
0–2 гурӯҳҳои хӯрок/рӯз, онҳо дар шароити камбизоатии шадиди ғизоӣ зиндагӣ мекунанд,

3–4 гурӯҳҳои хӯрок/рӯз, онҳо дар шароити камбизоатии муътадили ғизоӣ зиндагӣ мекунанд,

5 ё зиёда гурӯҳҳои хӯрок/рӯз, онҳо дар шароити камбизоатии шадиди ғизоӣ зиндагӣ намекунанд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.