Ҷашнвораи ғизои солим ба наврасон ва оилаҳо дар интихоби ғизои солимтар дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дусти, Тоҷикистон, 18 ноябри соли 2026 – Наврасон, оилаҳо, омӯзгорон, деҳқонони маҳаллӣ ва намояндагони ҷомеа дар Фестивали ғизои солим таҳти унвони «Ғизои солим – ояндаи дурахшон!» ҷамъ омаданд. Ин чорабинии интерактивӣ ба тарғиби одатҳои солими ғизохӯрӣ ва ҳавасманд намудани наврасон ва оилаҳо барои интихоби ғизои солим ва серғизо равона гардид.
Фестивал дар доираи Фонди муштараки Ҳадафҳои Рушди Устувор (Joint SDG Fund) баргузор гардида, омӯзиш, эҷодкорӣ ва иштироки ҷомеаро ба ҳам овард, то ғизои солимро ба як мавзӯи амалӣ, ҷолиб ва муҳим барои ҳаёти ҳаррӯзаи наврасон табдил диҳад.
Давраи наврасӣ марҳилаи муҳими рушди ҷисмонӣ ва зеҳнӣ мебошад, ки дар он ғизои кофӣ, гуногун ва серғизо ба саломатӣ, омӯзиш ва некӯаҳволии умумӣ мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, интихоби ғизо на танҳо аз сатҳи дониш, балки аз одатҳои оилавӣ, дастрасӣ ва арзиши маҳсулот, таъсири ҳамсолон ва муҳити умумии ғизоӣ вобаста аст.
Бо истифода аз равишҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафторӣ, фестивал наврасон ва оилаҳоро ташвиқ намуд, ки роҳҳои амалии интихоби ғизои солимтар ва ташаккули одатҳои мусбати ғизохӯриро омӯзанд. Дар ҷараёни фестивал иштирокчиён дар озмунҳои омода намудани ғизои солим, викторинаҳои ғизоӣ, бозиҳои интерактивӣ, намоишҳои театрӣ ва барномаҳои мусиқӣ иштирок карданд. Дар ярмаркаи маҳсулоти маҳаллӣ меваю сабзавоти мавсимӣ ва дигар маҳсулоти серғизо муаррифӣ гардида, деҳқонони маҳаллӣ дар бораи маҳсулоти дар маҳал парваришшаванда ва роҳҳои истифодаи онҳо дар ғизои ҳаррӯза маълумот пешниҳод намуданд.
Наврасон дар маркази фестивал қарор доштанд ва на танҳо ҳамчун иштирокчӣ, балки ҳамчун пешсафон, ҳунармандон ва тарғибгарони тағйироти мусбат фаъолона саҳм гузоштанд. Тавассути намоишҳои театрӣ ва фаъолиятҳои эҷодӣ онҳо омӯхтанд, ки чӣ гуна таъсири ҳамсолон, реклама, одатҳои оилавӣ ва дастрасии маҳсулоти ғизоӣ метавонанд ба интихоби ҳаррӯзаи онҳо таъсир расонанд.
Оилаҳо низ ташвиқ карда шуданд, ки дар хона уҳдадориҳои одӣ ва воқеиро қабул намоянд, аз ҷумла бештар истеъмол кардани меваю сабзавоти мавсимӣ, бештар нӯшидани об ва якҷоя омода намудани ғизои серғизо.
Бо муттаҳид намудани наврасон, оилаҳо, мактабҳо, деҳқонон, мутахассисони соҳаи ғизо ва намояндагони ҷомеа, фестивал таъкид намуд, ки ташаккули одатҳои солими ғизохӯрӣ масъулияти муштарак мебошад.
Тавассути ин ташаббус ЮНИСЕФ ва шарикон дар доираи Фонди муштараки Ҳадафҳои Рушди Устувор ташаккули одатҳои мусбати ғизохӯрӣ ва фароҳам овардани ояндаи солимтарро барои кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.