Тарзи ташаккули одатҳои мусбии истеъмоли ғизо дар байни кӯдакон

6 роҳҳои ҳидояти фарзанд ҷиҳати ташаккули одатҳои мусбии бардавом.

ЮНИСЕФ
a baby boy eating an apple
UNICEF/Tajikistan/2021/D.Sadulloev
16 Март 2022

Ғизои cолим асоси саломатии кӯдакон буда, манфиатҳои дар тӯли ҳаёт давомдорро фароҳам меоварад. Аз овони хурдсолӣ ба ғизои солим омӯхта кардани кӯдак метавонад ҷиҳати дар давоми ҳаёти минбаъда бо хурок муносибати мусбиро нигоҳ доштан ба онҳо ӯ кӯмак расонад. Бовар доред ё не, ташаккули чунин одатҳо метавонад на танҳо барои фарзанди шумо, балки барои тамоми оила низ шавқовар ва фоидаовар бошад! Шаш роҳҳои оғоз намудани амал зерин мебошанд:

1. Одатҳои мусбиро тарғибу ташвиқ намоед

Фарзандони шумо тамоми амалҳои шуморо мушоҳида менамоянд, аз ҷумла истеъмоли ғизоро. Дар сурати интихоби маҳсулот, нӯшокиҳо ва газакҳои солим ва машғул шудан бо машқҳои фаъоли ҷисмонӣ шумо метавонед намунаи ибрати хуб шавед. Интихоби маҳсулоти солим ва холис дар дастархон намунаи олӣ барои фарзанди шумо мебошад.

Барои ҷалби фарзандони худ ба харидорӣ ва омода намудани ғизо кӯшиш ба харҷ диҳед. Онҳо аз иштирок дар пухтупази ғизои болаззат ва солим барои тамоми оила ҳаловат хоҳанд бурд.

Аз вақти истеъмоли хӯрок ҳамчун имконият барои омӯзиш истифода намоед. Якҷоя гуруҳҳои гуногуни маҳсулотро омӯхта, зарурати навъҳои маҳсулоти ғизоиро барои ҷисми худ беҳтар дарк намоед.

2. Муносибати солимро бо ғизо нигоҳ доред

Муносибати солим бо ғизо кафили саломатии бардавом ва эмин будан аз бемориҳои қалб, саратон ва диабети қанд мебошад. Шумо метавонед бо роҳҳои зерин фарзанди худро роҳнамоӣ намоед:

  • Барои фаҳмидани гуруснагии ҷисмонӣ ба онҳо кӯмак расонадан. Бо ин восита онҳо эҳтиёҷоти ҷисмонии худро беҳтар дарк хоҳанд кард.
  • Истифода набурдани хӯрок ҳамчун мукофот ё ҷазо. Ин тарзи истифодабарии ғизо метавонад сабаби ташаккули одатҳои носолими хӯрокхурӣ дар байни кӯдакон гардад.
  • Манъ накардани баъзе маҳсулотҳо. Манъ кардани маҳсулоти муайян, масалан шириниҳо метавонанд хоҳиши бештари истеъмолро дар байни кӯдакон ба вуҷуд оварад.

Ба ҷои «не» гуфтан ба маҳсулот ва нӯшокиҳои носолим, андозаи ҳиссаҳоро кам намуда оид ба истеъмоли намунтазами онҳо (яъне, на ҳар рӯз) интизориро ташаккул диҳед. Дар бораи бартарии баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ бо фарзандони худ суҳбат намоед. Масалан, агар фарзанди шумо хоҳиши истеъмоли шириниро дошта бошад, ба ӯ фаҳмонед чаро маҳсулоти холиси дорои ширинии табии, масалан пораи мева, назар ба маҳсулоти коркардшуда, масалан ғалладонаи (хлопя) бо иловаи шакар, интихоби беҳтар мебошад. Кӯшиш намоед, ки барои рафтори намунавӣ аз ҳавасмандии ғайриғизоӣ истифода намоед, аз қабили чорабиниҳои оилавӣ.

Оё медонед, ҳар қадар ғизои фарзандони шумо гуногун бошад, ҳамон қадар эҳтимоли идомаи истеъмоли маҳсулоти гуногуни аз байни панҷ гуруҳи масҳсулоти хӯрокворӣ бештар мешавад?

3. Аз шарти “то охири табақ бихур” даст кашед.

Шояд шумо фикр мекунед, ки ин шарт барои гирифтани маводҳои ғизоии лозима ба фарзанди шумо кӯмак мерасонад, аммо чунин рафтор метавонад сабаби бадбинии хӯрок ва пайдо шудани робитаи манфӣ бо истеъмоли хӯрок гардад. Агар шумо натавонед фарзанди худро ба истеъмоли сабзавот водор созед, кӯшиш намоед, ки ӯ истеъмол ва ҳаловат бурдани шуморо бубинад. Фарзанди шумо интихоби ғизоро аз шумо меомӯзад, аз ин рӯ кӯшиш намоед, ки ҳарчи бештар ӯро ҳавасманд намоед.

Инчунин, дар якҷоягӣ бо дигар маҳсулоти солиме, ки ӯ дӯст медорад шумо метавонед ба ӯ миқдори ками мева ё сабзавотро пешниҳод намоед. Ё ин ки аз ӯ хоҳиш намоед, ки барои якҷоя бо шумо чашидан маҳсулоти навро интихоб намояд. Инчунин, шумо метавонед тавассути ба тартиб даровардани меваю сабзавот дар шаклҳои шавқовар ва рангоранг онҳоро дар табақ ҷолиб ҷойгир намоед. Дар хотир нигоҳ доштан зарур аст, ки кӯдакон метавонанд танҳо баъд аз якчанд маротиба маҳсулоти навро бичашанд ва аз онҳо ҳаловат баранд – аз ин рӯ руҳафтода нашавед!  

4. Ба назорати ҳиссаҳо афзалият диҳед

Ҳиссаҳои аз ҳад калон метавонанд сабаби фарбеҳӣ шаванд, аз ин рӯ омӯхтани миқдори зарурии ғизо дар табақҳо муҳим аст. Роҳи осони ба фарзандони худ омӯхтани ҳиссаҳои кӯдакона - аёнӣ нишон додан мебошад: масалан, барои ҳиссаи макаронҳо, биринҷ ё ғалладонагӣ ба андозаи мушти пӯшида тавсия дода мешавад. Ҳиссаи гӯшт бояд тақрибан ба андозаи кафи даст баробар бошад. Миқдори равғанҳои аз қабили равғани маска, набояд аз андозаи ангушти калон зиёдтар бошад.

Оё медонед, ки барои қонеъ намудани талаботи худ, кӯдакон қобилияти модарзодии танзими истеъмоли ғизоро доранд?

 5. Рӯзи худро бо наҳории солим оғоз намоед

Барои аксарияти оилаҳо субҳ метавонад вақти пур аз саросемагӣ бошад, аммо ҷиҳати гирифтани маводҳои ғизоии муҳим, аз қабили калсий ва ғоз (клетчатка), ки баҳри инкишоф ва афзоиши кӯдак муҳим мебошанд, оғоз намудани рӯз бо ғизои мутавозин манфиатнок мебошад. Кӯшиш намоед, ки бо истифода аз маҳсулоти ғанӣ аз маводҳои ғизоӣ, аз қабили йогурти муқаррарӣ ва меваҳои тару тоза, ба ҷои ғалладонагиҳои шириншуда ё маҳсулоти хамирӣ, ки одатан калорияҳои зиёд ва маводҳои ғизоии кам доранд, наҳорӣ омода намоед. Инчунин, шумо дар оянда мебинед, ки фарзанди шумо муддати дарозтар сер хоҳад буд.

6. Машғулиятҳоро шавқовар намоед

Ҳар рӯз кӯдакон ҳадди аққал ба 60 дақиқа фаъолияти ҷисмонӣ ниёз доранд. Биёед ба хушҳолӣ ҳамроҳ шавед! Кӯшиш намоед, ки барои оила чорабиниҳоеро ба нақша гиред, ки ба ҳаракат водор месозанд, масалан сайругашт баъд аз хӯроки шом ё шиноварӣ. Ва ҳангоме, ки имконият пайдо шавад, тадриҷӣ шуда таҳти мусиқии писандида бирақсед. Инчунин, ҳавасмандии кӯдак барои маҳдуд намудани нишаст дар назди экран (ТУТ барои кӯдакони аз 2-4 сола на бештар аз як соат дар як рӯз тавсия медиҳад) ва таваҷҷуҳ ба бозиҳои фаъоле, ки ҳаракатро металабанд, муҳим мебошад. 

Ба ҳаёти ҳаррӯза шомил намудани ғизои солим ва машғулиятҳои шавқовар ба рушди фарзанди шумо кӯмак мерасонад, саломатии ӯро такмил медиҳад ва ӯро барои интихоби мусбӣ ва солим дар тӯли ҳаёт омода месозад.