ЮНИСЕФ Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдаконро дар мактаби № 5 шаҳри Ҳисор таҷлил намуд
Ҳисор, 6 декабр соли 2025. ЮНИСЕФ Тоҷикистон ҳамроҳ бо хонандагон, омӯзгорон ва ҷомеаи мактабии мактаби № 5-и шаҳри Ҳисор Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдаконро бо як чорабинии пуршуру шавқ, бахшида ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, некӯаҳволӣ ва фурсатҳои ояндаи онҳо, таҷлил кард.
Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон, ки ҳамасола 20 ноябр ҷашн гирифта мешавад, ба қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак бахшида шудааст ва аҳамияти таъмини ҳуқуқҳои ҳар як кӯдак, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, амният, тандурустӣ ва имкониятҳои баробарро таъкид мекунад.
Дар доираи чорабинӣ аъзои Гурӯҳи машваратии ҷавонони UNICEF (YPAG) барои хонандагон як сессияи пурмазмун ва ҷолиб оид ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (КҲК) баргузор карданд. Тавассути машғулиятҳои интерактивӣ, муҳокимаҳо ва шарҳҳои содда, кӯдакон дар бораи ҳуқуқҳои худ ва аҳамияти риояи онҳо дар зиндагии ҳаррӯза маълумоти бештар гирифтанд.
Чорабинӣ ҳамчунин мусиқӣ, бозиҳо, рақсҳо ва фаъолиятҳои эҷодиро дар бар гирифт, ки ба дӯстӣ, ҳамгироӣ ва худиқтиромӣ мусоидат намуданд. Хонандагон андешаҳои худро роҷеъ ба ояндаи дилхоҳашон баён карда, таъкид карданд, ки ҳар як кӯдак бояд дар муҳити амн, бо дастгирӣ ва имконияти баён шудан ба воя расад.
Паёми асосии чорабинӣ даъвати UNICEF буд, ки калонсолон бояд ба кӯдакон гӯш диҳанд ва назари онҳоро ҳангоми қабули қарорҳое, ки ба ҳаёт ва ояндаи онҳо таъсир мерасонанд, ба назар гиранд, ин андеша меҳвари Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон буда, ҷомеаҳоро дар саросари ҷаҳон барои сохтани муҳити адолатманд, амн ва муносиб ба ҳар як кӯдак муттаҳид месозад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.