Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро оид ба дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон баргузор намуд
Душанбе, 20 ноябри соли 2024 – Ба муносибати Рӯзи Умумиҷаҳонии Кӯдакон, ЮНИСЕФ, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Агентии рушди Швейтсария ва Бонки Ҷаҳонӣ дуюмин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар чорабинӣ сиёсатмадорон, коршиносон ва шарикон ҷамъ омаданд, то ин ки дастовардҳоро таъкид намуда, уҳдадориҳоро нисбат ба тақвият бахшидан ба низоми ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон таҷдид намоянд.
Барои Тоҷикистон форуми имсола марҳалаи муҳим дар ҷодаи таъмини ҳуқуқи кӯдакон мебошад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон 67-умин кишвари ҷаҳон гардид, ки ҷазои ҷисмониро манъ кардааст. Ин як руйдоди муҳиме аст, ки талоши Тоҷикистонро барои ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ ва эҷоди ҷомеае, ки дар он ҳар як кӯдак метавонад амн ва бо шаъну шараф умр ба сар барад, инъикос медиҳад.
“Яке аз дастоварди арзишманд ин аз 1-уми марти соли 2024 ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад. Мувофиқи ин тағйирот таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври ҳатмӣ муқаррар гардид, ки қадами бузург дар роҳи рушди донишу малакаи кўдак ва ояндаи неки он мебошад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи муносиб пазируфта ва амалӣ мешаванд. Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири оянда» ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилиҳои ҷаҳонро дошта, ояндаи неки кўдакони сайёраро таъмин менамояд.” Дилрабо Мансурӣ, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форум барои муҳокимаи таҳияи Барномаи миллии ислоҳоти низоми ҳифзи кӯдакон, ки равиши ҳамаҷониба ва устувори пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, беэътиноӣ ва истисмори кӯдакон пешбинӣ менамояд, платформа пешниҳод намуд. Ин ибтикор ба ҳадафҳои васеътари Тоҷикистон дар самти тақвияти хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани тобоварии кӯдакон ва оилаҳо мувофиқат мекунад.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин кишваре гардид, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдаконро манъ кардааст. Ин дастоварди назаррас дар самти ҳифзи кӯдакон аз тамоми шаклҳои зӯроварӣ мебошад ва дар ҳоле, ки мо имрӯз Рӯзи ҷаҳонии кӯдаконро таҷлил мекунем, ман Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин як дастоварди муҳим табрик мегӯям", - тазаккур дод Артур ван Дизен, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Дар рафти форум Комиссияи миллиӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак натиҷаҳои арзёбии фаъолияти комиссияҳои алоҳидаи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакро рӯнамоӣ намуд. Ин арзёбиҳо нақши муҳими комиссияҳои маҳаллии оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар ҳалли мушкилоти ҳифзи кӯдакон дар маҳал таъкид намуда, самтҳоеро муайян мекунад, ки беҳбудии онҳо метавонад самаранокии комиссияҳоро баланд бардорад.
“Ҳукумати Швейтсария ва ЮНИСЕФ барои роҳандозӣ намудани механизми ҳушдор аз зӯроварӣ ҳамкории зичро бо мактабҳо ба роҳ мондаанд. Ин ба уҳдадории байналмилалӣ нисбат ба манъ кардани ҷазои ҷисмонӣ мувофиқ мебошад. Мо фикр мекунем, ки барои кӯдакон огоҳ будан аз ҳуқуқ ва бехатарии худ хело муҳим аст. Инчунин, огоҳ будани онҳо аз амалҳои номатлуби мисли “моббинг” ва “буллинг” ва чӣ тавр онҳоро метавон хотима бахшид, муҳим аст. Мо бояд якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем, ки кӯдакон дар муҳити амн ба воя расида, ба иқтидори пурраи худ расида тавонанд.” Директори Агентии Рушди Швейтсария дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб.
Инчунин, дар форум роҳи тағйирёбандаи низоми ҳифзи кӯдакон дар ҳалли масъалаҳои асосӣ муҳокима гардид. Дар рафти муҳокима дар гуруҳҳо ду масъалаи муҳим баррасӣ шуд: хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар мактаб ва нақши кормандони иҷтимоӣ дар кор бо оилаҳо барои пешгирӣ ва гирифтани садди роҳи зӯроварӣ ва беэътиноӣ нисбат ба кӯдакон.
Дар анҷоми форум натиҷаҳои ин муҳокимаҳо рӯнамоӣ шуданд, ки аз тавсияҳои амалӣ барои муайян кардани талошҳои баъдӣ дар ин самтҳои муҳим иборат буданд.
Иштирокдорон ба оянда нигариста, дар доираи уҳдадориҳои Тоҷикистон нисбат ба хотима бахшида ба ҷазои ҷисмонӣ ва ҳифзи кӯдакон аз зарар қадамҳои зеринро муайян намуданд:
- Таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ барои таъмини мутобиқ будан ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак.
- Тавсеаи ба омӯзиш фаро гирифтани аъзои комиссияҳои маҳаллии оид ба ҳуқуқи кӯдак ва хизматрасонҳо барои идораи парвандаҳо ва рӯйкардҳои дӯстона ба кӯдакон.
- Пешбурди маъракаи огоҳии ҷомеа аз тарбияи мусбат ва ҳифзи кӯдакон
- Таҳкими ҳамоҳангӣ байни сатҳҳои байналмилаллӣ ва миллӣ барои пешкаш намудани хизматрасониҳои маҷмӯӣ ба кӯдакони осебпазир
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дастовардҳои худро таҷлил мегирад, ин форум хотиррасон аз он аст, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ин кори доимӣ буда, уҳдадориҳо, навоварӣ ва ҳамкориро тақозо мекунад.
ЮНИСЕФ барои саҳми бебаҳои шарикони худ, аз ҷумла Агентии Рушди Швейтсария, Иттиҳоди Аврупо, ва Бонки Ҷаҳониро дар пешбурди барномаи ҳифзи кӯдакон миннатдорӣ баён мекунад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.