Тоҷикистон 67-умин кишвари ҷаҳон шуд, ки ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ кардааст
Изҳороти Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30 августи соли 2024 - ЮНИСЕФ ба имзо расидани як қонуни муҳим дар Тоҷикистонро, ки 4 миллион кӯдаки ин кишварро аз ҳама гуна тарбия тавассути зуроварӣ хоҳ дар хона ва хоҳ дар мактаб ҳифз мекунад, истиқбол мегирад. Ба шарофати ин қонун Тоҷикистон 67-умин кишвари ҷаҳон шуд, ки ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ кардааст, ки ин хабар дар оғози ҳафтаи ҷорӣ расонаӣ шуд.
Илова бар манъи ҷазои ҷисмонӣ дар ҳама ҳолатҳо, қонуни мазкур, ки моҳи июни соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор гирифт, чаҳорчӯберо муқаррар кардааст, ки ба кӯдакон новобаста аз синну сол имконияти аз зӯроварӣ ҳимоя пайдо карданро медиҳад.
«Ин тағйироти тозатарин дар қонунгузорӣ инъикосгари пешрафтҳои назаррас дар масъалаи ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон буда, аз уҳдадории қавии Ҳукумат нисбати эҳтироми шаъну шараф ва дахлнопазирии ҷисмонии кӯдакон гувоҳӣ медиҳанд. Тағйирот дар қонунгузорӣ як қадами бузурге ба пеш аст, аммо барои он, ки ин тадбирҳо боиси дигаргуниҳои мусбат дар ҳаёти ҳар як кӯдак гарданд, ҳанӯз корҳои зиёде бояд анҷом дода шавад», - тазаккур дод Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст ва тақрибан 330 миллион кӯдак мавриди ҷазои ҷисмонӣ қарор мегирад. Он ба саломатӣ, рушду инкишоф ва некӯаҳволии кӯдакон зарари ҷиддӣ мерасонад. Инчунин, зӯроварӣ метавонад инкишофи мағзи сар ва системаи асабро халалдор созад ва заминаро барои мушкилоти дарозмуддат дар рафтор, танзими эҳсосот ва соломатии равонӣ фароҳам намояд.
Дар дурнамои дарозмуддат зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо як қатор пайомадҳои вазнин ва тӯлонӣ, аз ҷумла афзоиши хатари мушкилоти саломатии равонӣ, мушкилоти музмини саломатии ҷисмонӣ, сустшавии инкишофи зеҳнӣ ва эмотсионалӣ ва паст шудани нишондиҳандаҳои таълимӣ робита дорад. Зарари зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ба иқтисоди ҷаҳонӣ дар як сол ба 7 триллион доллар мерасад, ки ин тақрибан ба 8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷаҳонӣ баробар аст.[1]
Қонун дар танҳоӣ кӯдаконро муҳофизат карда наметавонад. Аммо, барои хотима бахшидан ба ҷазои ҷисмонӣ манъи он дар сатҳи қонунгузорӣ як қадами муҳими аввалин мебошад. Қонунҳо дар бораи таъсири манфии ҷазои ҷисмонӣ аҳолиро огоҳ сохта, паём медиҳанд, ки ба кӯдакон зарар расонидани ҳеҷ гоҳ қобили қабул нест. Дар дигар кишварҳое, ки ҷазои ҷисмониро мамнӯъ кардаанд, аз қабили Руминия, Кения, Ҷопон ва Олмон ҳолатҳои ҷазои ҷисмонӣ пас аз эълони мамнӯъиятҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ба беҳтар кардани вазъи кӯдакон дар кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар нахустин Конференсияи ҷоҳонии вазирони кишварҳо бахшида ба хотимаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ки 7-9 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боготаи Колумбия ба нақша гирифта шудааст, боз ҳам аз уҳдадориҳои Тоҷикистон нисбат ба талошҳои ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи кӯдакон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамаи кишварҳое, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва Ҳадафҳои рушди устувор (SDG)-ро ба имзо расонидаанд, ки Тоҷикистон яке аз онҳо мебошад, уҳдадории худро барои хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон эълон кардаанд. Ҳадафҳои рушди устувор даъват мекунанд, ки то соли 2030 ба хушунат, истисмор ва ҳама шаклҳои зӯроварӣ ва шиканҷа нисбат ба кӯдакон хотима бахшида шавад.
Дастгирии волидон барои беҳтар кардани нигоҳубини кӯдак, коҳиш додани зӯроварӣ дар оила ва таҳкими саломатии равонии кӯдакон ва волидон муҳим мебошад, то ин ки кӯдакон дар муҳити бехатар ба воя бирасанд. Ин барномаҳо аз омӯзиши равишҳои мусбат, эҷоди муносибатҳои мустаҳкам байни волидон ва кӯдакон, инчунин бозиҳои кӯмакрасон, интизоми бидуни зӯроварӣ ва муошират иборат мебошанд.
ЮНИСЕФ барои идомаи ҳамкориҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи шарикон ҷиҳати таъмини риояи қонунҳо ва ҳифзи кӯдакон содиқ мебошад.
[1] Хароҷот ва оқибатҳои иқтисодии зӯроварӣ нисбати кӯдакон. Паола Переснието, Андрес Монтес, Лара Лангстон ва Солвейг Рутие. https://media.odi.org/documents/9178.pdf
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар минтақаҳои душвортарин барои кӯмак ба кӯдакони аз ҳама бештар осебпазири ҷаҳон фаъолият мекунад. Дар зиёда аз 190 кишвар ва минтақаҳо мо дар ҳама ҷо барои ҳар як кӯдак кор мекунем, то ин ки барои ҳамагон ҷаҳони беҳтареро эҷод намоем.
Маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти он: www.unicef.org