Аз ҳар 5 марги навзод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 1 ҳолати он марбут ба ифлосии ҳаво мебошад - ЮНИСЕФ
Дар ёддошти таҳлилии нави ЮНИСЕФ баҳри беҳтар кардани сифати ҳаво, пешгирии фавти кӯдакон ва зарари ифлосшавии ҳаво ба саломатии онҳо додаҳо ва пешниҳодҳои тозатарини марбут ба сиёсат оварда шудааст.
ЖЕНЕВА, 6 сентябри соли 2024 –Тибқи ёддошти таҳлилии нави ЮНИСЕФ дар соли 2021 зиёда аз 5480 навзод дар 23 кишвар ва қаламрави саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз сабабҳои марбут ба ифлосии ҳаво фавтиданд. Дар саросари минтақа 20 дарсади фавти кӯдакони то як сола ба ифлосшавии ҳаво робита дорад.
Дар гузориши “Оғози бе нафас: сиёсатҳо барои ҳифзи кӯдакон аз ифлосии ҳаво дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” оварда шудааст, ки дар шаҳрҳои бузурги Аврупо ва Осиёи Марказӣ ифлосшавии ҳаво мунтазам аз сатҳи бехатари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) зиёд мешавад ва дар саросари минтақа ин хатари асосии экологӣ барои саломатии кӯдакон мебошад.
“Беморӣ ва фавтҳо аз ифлосшавии ҳаво пешгиришаванда мебошанд. Аммо, ҳамасола кӯдакон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар натиҷаи нафас кашидани ҳавои ифлос мефавтанд ё аз зарари дарозмуддати он ба саломатӣ азият мекашанд.” – гуфт Мария Осбек, мушовири минтақавии масъалаҳои устуворӣ ва иқлим дар дафтари минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.
“Тасмимҳои сиёсӣ, аз ҷумла онҳое ки дар ҷойҳои истиқомат, бозӣ ва таҳсили кӯдакон ифлосшавии ҳаворо коҳиш дода, сифати онро беҳтар мекунанд, ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳанд ва дар робита ба вазъи бади саломатӣ аз хурдсолӣ то камолот хароҷоти барзиёди хадамоти иҷтимоиро пешгирӣ менамояд.”
“Дар ёддошти таҳлилӣ оварда шудааст, ки тифлон ва кӯдакони хурдсол аз ҳама бештар таҳти хатари фавт ё беморӣ қарор доранд. Таъсири барвақт ва мунтазами ҳавои ифлос, аз ҷумла ҳангоми дар батни модар будан, боиси коҳиши ҳаҷм ва тағйири сохтори шушҳои онҳо мегардад. Ҳамин тариқ хатари илтиҳоби шуш, сирояти роҳҳои болоии нафас, сироятҳои гӯш, нафастангӣ, аллергия ва экзема зиёд мегардад. Нафас кашидани ҳавои ифлос метавонад боиси илтиҳоби мағзи сар гардида, инкишофи онро халалдор намояд ва ба рушди зеҳнӣ таъсир расонад.”
Сабаби ифлосшавии ҳаво (PM2.5 ва PM10) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ асосан истифодаи маводҳои истихроҷшаванда, аз қабили ангишт дар ҳаёти ҳаррӯза, тиҷорат ва фаъолияти муассисаҳо мебошанд, ки барои саломатии кӯдакон зараровар мебошад.
ЮНИСЕФ Ҳукуматҳо ва муассисаҳои кишварҳои минтақаро даъват мекунад, ки барои пешгирӣ аз бадтар шудани ифлосии ҳаво, дастгирии самаранокии энергия, дастрасӣ ба энергияи тоза, дастгирии такмили сифати ҳаво ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири ҳавои ифлос диққат ва захираҳои бештарро равона намоянд.
Ба ин тавсияҳо дохил мешаванд: ба инобат гирифтани масъалаи ифлосии ҳаво ва таъсирҳои он ба саломатии кӯдакон дар Саҳмҳои муайяншудаи миллӣ(NDC), Нақшаҳои мутобиқшавии миллӣ NAPs), нақшаҳои миллӣ ва маҳаллии марбут ба сифати ҳаво ва нақшаҳои миллии тандурустӣ; таъсис додани минтақаҳои озод аз ифлосӣ дар назди мактабҳо, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои тиббӣ; ташкил кардан ва нигоҳ доштани системаи ҳушдор аз сифати ҳаво дар назди маҳаллаҳои истиқоматӣ, майдончаҳои бозӣ, муассисаҳои тиббӣ, кӯдакистонҳо ва мактабҳо ва гузориш додан дар бораи сифати ҳаво ба омма.
#####
Барои таҳриргарон
Тахминҳои минтақавии фавтҳо аз таҳлили додаҳои “Сарбории глобалии бемориҳо 2021” асос ёфтааст, ки додаҳои тозатарини дастрас аз Институти ченакҳо ва арзёбии тандурустӣ (Institute of Health Metrics and Evaluation) мебошад. Тахминҳои таъсир ба саломатӣ на барои пешгӯии бемориҳои шахсон, балки ҳамчун арзёбии беғарази таъсир ба саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.
Зарраҳои овезон (хок) (PM) ба истиснои газ тамоми моддаҳои дар ҳаво бударо дар бар мегирад ва барои чен кардани ифлосии ҳаво истифода мешавад:
- Зарраҳои овезон (хок) 10 микрон (PM10) тақрибан ба аз ҳафт як ҳиссаи диаметри мӯи инсон баробар аст. Он аз сулфат, нитратҳо, аммиак, хлориди натрий ва карбони сиёҳ иборат аст. Он инчунин метавонад ҷамъи ғубор аз шамоли табииро дар бар гирад. РM10 ба саломати зараровар аст, зеро он метавонад боиси илтиҳоб ва банд шудани бинӣ ва бронхҳо гардида, сабабгори бемориҳои гуногуни марговари роҳҳои нафас шавад. PM10 яке аз компонентҳои асосии ифлосии ҳаво дар дохили биноҳо ва сӯхтори ҷангалҳо мебошад.
- Зарраҳои овезон (хок) 2.5 микрон (PM2.5) аз сабаби ҳаҷми бениҳоят хурд доштан одатан бештар хатарнок ба ҳисоб меравад. PM2.5 натанҳо метавонад ба умқи шуш ворид шавад, балки инчунин метавонад ба ҷараёни хун ворид гардида, сабабгори як қатор мушкилоти саломатӣ гардад, аз қабили бемории дил ва дигар оризаҳои дилу рагҳо. PM2.5 одатан натиҷаи сӯхтани сӯзишвории истихроҷшуда аз партовҳои мошинҳо, истеҳсолоти саноатӣ ва нерӯгоҳҳои барқӣ, инчунин аз манбаъҳои таббии аз қабили вулқонҳо ва ғубори шамол ба миён меоянд. PM2.5 махсусан хавфи баланд дорад, зеро он метавонад ба ҷараёни хун осонтар ворид шавад ва аз бадан ба мағзи сар расида, боиси илтиҳоби мағзи сар гардад. Дар натиҷа монеаи байни хун ва мағзи сар хароб мешавад, ки он пардаи борик ва нозук буда, мағзи сарро аз моддаҳои заҳролӯд эмин нигоҳ медорад.
Барои тафсилоти бештар, лутфан тамос гиред:
Ҷорҷина Диалло, Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, тел: +41 76 320 68 14, [email protected]
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар минтақаҳои душвортарин барои кӯмак ба кӯдакони аз ҳама бештар осебпазири ҷаҳон фаъолият мекунад. Дар зиёда аз 190 кишвар ва минтақаҳо мо дар ҳама ҷо барои ҳар як кӯдак кор мекунем, то ин ки барои ҳамагон ҷаҳони беҳтареро эҷод намоем.
Маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти он: www.unicef.org