Дар Тоҷикистон «Хонаҳои кӯдакон» ба «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак» табдил дода мешаванд.

Ҷиҳати муҳофизати кӯдакон аз таъсири бади ҷойгиршавӣ дар муассисаҳои махсус, ЮНИСЕФ бо шарикон ҳамкорӣ менамояд.

Умеда Фозилова
Baby girl smiles looking straight to the camera
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev
23 Апрел 2022

ИСТАРАВШАН, Тоҷикистон - Субҳи барвақт модарон бо кӯдакон ба «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» барои кӯдакони хурдсоли аз оилаҳои осебпазир меоянд. Дар дохил онҳоро кормандони иҷтимоӣ интизор буда, барои қабули кӯдакон омода мешаванд. 

Дар муддати кутоҳ кӯдакон бо бозӣ, мутолиа ва машқҳои ҷисмонӣ машғул мешаванд.  Яке аз онҳо Дилнозаи 6 сола аст, ки дар давоми шаш моҳи охир ба марказ меояд. Дилноза баъд аз гирифтани ташхиси фалаҷи мағзи сар ба марказ қабул карда шуд. Мутахассисони марказ муайян намуданд, ки мушакҳои ӯ суст инкишоф ёфтаанд, ҳаракати даст ва поӣ чапи ӯ маҳдуд мебошанд ва инкишофи нутқи ӯ аз ҳамсолонаш ақиб мондааст.

baby girl climbs up the stairs with the help of a social worker
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Аммо, аллакай баъд аз якчанд моҳи тавонбахшӣ дар марказ нутқ ва ҳаракати мушакҳои ӯ такмил ёфтанд. Ин ҳама ба Дилноза имконият дод, ки қошуқро дорад, мустақилона хӯрок истеъмол намояд, либос пӯшад ва бо бозиҳои нав машғул шавад.

Baby girl is smiling
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Ин марказ дар Истаравшан яке аз чаҳор муассисаҳои будубоши доимии табдилдодашуда мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун «Хонаи кӯдакон» маъмул буданд. Бо дастгирии ЮНИСЕФ муассисаҳои мазкур ба «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак» табдил дода шуданд. Дар ин марказҳо кӯдакони осебпазир метавонанд дар сатҳи ҷомеа ва оила, бидуни ҷойгиршавӣ дар муассиаҳои махсус дастгирӣ пайдо намоянд. Хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки дар марказҳо расонида мешаванд, ҷиҳати муайян намудани оилаҳои осебпазир, таъхири инкишоф ва маъюибияти кӯдакони хурдсол кӯмак мерасонанд. Ин ҳама барои дахолати барвақтӣ имконият фароҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, марказҳо ба кӯдакони осебпазир муҳити оилавии бехатар ва эминро таъмин менамоянд.

Parents and children arrive to the centre
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Абдухолиқ 3 сола аст ва ӯ низ ба марказ меравад. Аз сабаби кор падари Абдухолиқ аксар вақт дар хона нест, аз ин рӯ ӯ дар як ҳуҷра бо модар ва якчанд аъзоёни оилаи калони худ зиндагӣ мекунад. Чунин вазъият барои Абдухолиқ душвор мебошад, зеро ки ӯ гирифтори таъхири инкишофи психовербалӣ аст. Ҳолати мазкур сабаби инкишофи сусти нутқи ӯ шуда, маънои онро дорад, ки барои Абдухолиқ таваҷҷуҳ намудан душвор аст.

Baby boy smiles holding a toy plane
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev Абдухолик улыбается, держа свой игрушечный самолётик в центре.

Баъд аз ташхис гузоштан, модари ӯ варақаи «Маркази дастгирии оила ва кӯдакро» дида, тасмим гирифт ки Абдухолиқро ба онҷо барад. Аллакай, баъд аз якчанд ҳафтаи табобати нутқ ва муошират, гуфтори Абдухолиқ беҳтар шуд. Инчунин, захираи луғавии ӯ ғанитар гардида, малакаи таваҷҷуҳи бештарро аз худ намуд. Илова ба ин, бо дигар кӯдакон муошират ва бозӣ кардани ӯ низ бештар шуд.

baby boy plays with a girl in the child center
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev
baby boy plays with a girl in the child center_2
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

«Барои инкишофи пурраи мувофиқи зарфият, дар баробари ҳавасмандии тавассути бозиҳо ва машғулиятҳо муносибати иҷтимоӣ низ муҳим мебошад» - мегӯяд Умеда Эргашева, директори ташкилоти «Ҳаёт дар оила», шарики ЮНИСЕФ.

Аз «Хонаҳои кӯдакон» ба «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак»

Кӯдаконе, ки дар муассисаҳо ҷойгир шудаанд, аксар вақт аз ҳавасмандии иҷтимоӣ, эмотсионалӣ ва зеҳнӣ маҳрум буда, махсусан ба зӯроварӣ, беэътиноӣ ва муносибати бераҳмона осебпазир мебошанд. Ҳар қадар кӯдак хурд бошад, ҳамон қадар ба руҳияи инкишофёбандаи ӯ зарари амиқтар мерасад.

«Ман эҳсос мекунам, ки чӣ тавр кӯдакон ба ман нигоҳ мекунанд ва ҳатто ҳангоми рафтани ман қадамҳоямро ҳисоб мекунанд» - Салоҳиддин Шамсиддинов, мутахассиси ЮНИСЕФ оид ба ҳифзи кӯдакон дар бораи боздиди худ аз хонаҳои кӯдакон гуфт. «Ҳар як кӯдак ба таваҷҷуҳ, муҳаббат, ғамхорӣ ва оила ниёз дорад.»

Дар самти пешбурди нигоҳубини кӯдакон дар хона, аз ҷумла кӯмак дар табдилдиҳии низоми муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон аз соли 2017 ин ҷониб ЮНИСЕФ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Масалан, соли 2018 фармони Ҳукумат, оид ба табдил додани чаҳор «Хонаҳои кӯдакон» дар Душанбе, Истаравшан ва Хуҷанд ба «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак» ба тасвиб расид. Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин марказро дар Истаравшан ифтитоҳ намуданд.

«Ман фирк мекунам, ки кӯдакон ба оғози хуби ҳаёт сазовор мебошанд ва низомҳои мо бояд ба эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ бошанд», - гуфт Азиза Рахматов, собиқ сардори шуъбаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдаки Вазорати тандурустӣ. Дар илова бар ташаббуси мазкур дар самти бунёди «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак», Ҳукумат як қатор хизматрасониҳои иҷтимоиро барои кӯдакони дорои маъюбият ва волидони онҳоро низ ҷорӣ намуд. Аз ҷумла, бо таваҷҷуҳ ба дахолат ва тавонбахшӣ, боғчаҳои кӯдаконаи рӯзона барои кӯдакони волидони коргар, ки ба парасторон дигар роҳи дастрасӣ надоранд, хизматрасониҳои «Ба модар имконияти истироҳат диҳед» барои волидони фарзандоне, ки ба нигоҳубини шабонарӯзӣ ниёз доранд, ва паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои модарони кӯдакони хурдсол, ки дар зиндагӣ дар ҳолатҳои буҳронӣ қарор доранд.

Муҳити муҳофизаткунандаи оилавӣ барои ҳар як кӯдак

Табдил додани «Хонаҳои кӯдакон» ба «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак» иқтидори такроршавӣ дар дигар навъҳои муассисаҳои кӯдаконаро дорад, аз қабили мактаб-интернатҳо. Дар илова ба идомаи кор бо Ҳукумат атрофи доираи васеи хизматрасониҳои дастгирӣ дар сатҳи ҷомеа ва оила, ҷиҳати пешгирии ҷойгиршавии кӯдакон дар муассисаҳои будубоши доимии кӯдакона, ЮНИСЕФ инчунин дар нақша дорад, ки бо муассисаҳои барои кӯдакони дорои маъюбият ҷиҳати дарёфти роҳҳои табдилдиҳии онҳо ба муҳити мусоид, бехатар ва ҷавобгӯ ба эҳтиёҷотҳои кӯдакон фаъолият намояд.

baby boy is getting dressed and ready to leave the centre
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Куйсиной Мақсудова, мутахассиси ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оид ба рушди барвақтии кӯдакон гузариш аз муассисаҳои будубоши доимиро истиқбол гирифта илова менамояд, ки «Хонаҳои кӯдакон» ба таври кофӣ ба эҳтиёҷоти инфиродии кӯдакон вокуниш нишон намедонад.

«Дар он ҷо тифлон нигоҳубини кофии ҳассосро намебинанд. Онҳоро ба таври кофӣ бо оғӯш намегиранд, бӯса намекунанд. Ба онҳо алла намехонанд.»

Ташаббуси «Марказҳои дастгирии оила ва кӯдак» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дастгирӣ шудааст, ки лоиҳаи «Дар навбати аввал – оилаҳо»-ро маблағгузорӣ намудааст.