Таҳдиди сегонаи буҳронҳои марбут ба об ҳаёти 190 миллион кӯдакро зери хатар мегузорад – ЮНИСЕФ

Дар замоне, ки сиёсатмадорони ҷаҳонӣ барои иштирок дар Конференсияи таърихии СММ бахшида ба об омодагӣ мебинанд, ЮНИСЕФ даъват менамояд, ки ба иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошти ба тағйирёбии иқлим тобовар сармоягузории оҷил карда шавад.

17 Март 2023
a child filling up his bucket with water
UNICEF/Tajikistan/2006/G.Pirozzi

НЮ-ЙОРК, 20 марти соли 2023 – Мувофиқи таҳлили тозаи ЮНИСЕФ дар 10 кишвари африқоӣ дар натиҷаи омезиши се таҳдиди марбут ба об 190 миллион кӯдак таҳти хатари бузургтарин қарор гирифтаанд. Хатарҳои мазкур норасоии об, санитария ва беҳдошт (WASH), инчунин бемориҳои алоқаманд ба онҳо ва таҳдидҳои иқлим мебошанд.

Тибқи таҳлили зикршуда, таҳдиди сегона аз ҳама бештар дар Бенин, Буркина-Фасо, Камерун, Чад, Кот-д'Ивуар, Гвинея, Малӣ, Нигер, Нигерия ва Сомалӣ эҳсос мешавад. Дар натиҷаи ин Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ба яке аз минтақаҳои ҷаҳон, ки аз таъсирҳои иқлим бештар аз ҳама бо норасои об дучор гардидаанд, табдил ёфтааст. Илова бар ин, аксари кишварҳои аз ҳама бештар зарардида, махсусан дар минтақаи «Соҳили» Африқо дучори ноамнӣ ва низоъҳои мусаллаҳона гардидаанд, ки ин ҳолат дастрасии кӯдаконро ба оби тоза ва санитария боз ҳам бадтар менамояд.

«Ба Африқо буҳрони об таҳдид мекунад. Дар ҳоле, ки дар саросари ҷаҳон зарбаҳои марбут ҳам ба иқлим ва ҳам ба об шиддат мегиранд, дар ҳеҷ минтақаи дигари ҷаҳон хатарҳо то ин дараҷа барои кӯдакон зиёд нашудаанд», - гуфт директори барномаҳои ЮНИСЕФ Санҷай Виҷесекера. «Тӯфонҳои харобиовар, обхезиҳо ва хушксолиҳои бесобиқа аллакай биноҳо ва манзилҳоро хароб, манбаъҳои обро ифлос, буҳронҳои гурусанигиро эҷод ва бемориҳоро паҳн мекунанд. Аммо, новобаста аз душвор будани шароити кунунӣ, бидуни андешидани чораҳои фаврӣ ояндаи аз ин ҳам тиратар метавонад моро интизор бошад.»

Дар ҳуҷҷати таҳлили глобалии дастрасии хонаводаҳо ба иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт (WASH), фавтҳои марбут ба WASH дар байни кӯдакони то панҷ сола, инчунин осебпазирӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ ва экологӣ, минтақаҳое номбар шудаанд, ки дар онҳо кӯдакон бо хатари аз ҳама бештар дучор мешаванд. Инчунин, дар таҳлили мазкур минтақаҳое оварда шудаанд, ки барои пешгирии фавтҳо аз ҳама бештар ба сармоягузориҳо ниёз доранд.

Дар 10 «минтақаҳои доғ» қариб аз се як ҳиссаи кӯдакон дар хонаашон ҳадди ақал ба об дастрасӣ надошта, аз се ду ҳиссаи дигар иншооти оддии санитарӣ надоранд. Инчунин, аз чор як ҳиссаи кӯдакон ба ҷуз аз қазои ҳоҷат дар берун дигар илоҷе надоранд. Беҳдошти дастон низ маҳдуд аст: аз сабаби дар хона набудани об ва собун аз чор се ҳиссаи кӯдакон наметавонанд дастони худро шуянд.

Ҳамин тариқ, аз сабаби сифати номуносиби иншооти WASH дар кишварҳои мазкур бемориҳои шадиди мислӣ дарунравӣ боиси фавти зиёди кӯдакон мешаванд. Масалан, дар давоми соли гузашта аз 10 кишвар дар 6-тоаш бемории вабо хуруҷ намудааст. Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1000 кӯдаки то панҷ сола ҳамарӯза аз бемориҳои марбут ба WASH аз олам чашм мепӯшад, ки аз 5 ҳолат тақрибан 2-тоаш танҳо дар 10 кишвари зикршуда рух медиҳад.

Инчунин, ин «минтақаҳои доғ» ба шумори 25 дарсади 163 кишварҳои ҷаҳон, ки аз ҳама бештар таҳти хатари осебпазирӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ ва экологӣ қарор доранд, шомил мебошанд. Дар баъзе минтақаҳои Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ҳарорати хело баланди ҳаво суръати паҳншавии патогенҳоро зиёд мекунад. Аз ин сабаб, дар муқоиса бо нишондиҳандаи миёна дар саросари ҷаҳон, дар ин ҷо патогенҳо то 1,5 маротиба зудтар афзоиш меёбанд. Сатҳи обҳои зеризаминӣ низ коҳиш ёфта, баъзеи ҷомеаҳоро маҷбур месозад, ки дар муқоиса бо ҳамагӣ даҳ сол қабл ду маротиба чуқуртар чоҳ кобанд. Ҳамзамон боронгариҳо низ дер-дер ва камшиддат шудаанд, ки ин омил боиси обхезиҳо ва ифлосшавии захираҳои аллакай ками об шудааст.

Ҳамзамон, тамоми 10 кишвари «минтақаи доғ» аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҳамчун номуътадил ё хело номуътадил тасниф шудаанд. Илова бар ин шиддати муноқишаҳои мусаллаҳона дар баъзе мамлакатҳо боиси коста шудани пешрафт дар самти таъмини оби тоза ва санитария гардидааст. Масалан, ҳамчун як тактикаи кӯчонидани аҳолӣ дар Буркина-Фасо ҳолатҳои ҳамла ба иншооти обтаъминкунӣ афзоиш ёфтааст. Соли 2022 58 иншооти обтаъминкунӣ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар муқоиса бо соли 2021 ин теъдод ба 21 ва соли 2020 ба 3 ҳолат баробар буд. Ҳамин тариқ, дар давоми соли гузашта зиёда аз 830,000 нафар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳрум шуданд, ки зиёда аз нисфи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Таҳлили нав дар арафаи Конференсияи СММ оид ба об 2023 нашр мешавад. Конференсияи мазкур рӯзҳои 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад ва дар 46 соли охир бори аввал аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, созмонҳои дахлдор ва дигар ширкаткунандагон барои таҳлили пешрафт дар самти таъмини дастрасӣ ба об ва санитария барои ҳамагон, ба ҳам меоянд. Дар ин Конференсия даъватҳои ЮНИСЕФ зерин хоҳанд буд:

  • Афзоиши босуръати ҳаҷми сармоягузорӣ дар бахш, аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузории глобалии дар соҳаи иқлим.
  • Таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахши обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт ва дар ҷомеаҳо.
  • Баланд бардоштани самаранокӣ ва масъулиятшиносии низомҳо, таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва зарфият барои таъмини об ва санитария
  • Татбиқи Чорчӯбаи глобалӣ бахшида ба суръатбахшии расидан ба ҲРУ-6 тавассути шабакаи «СММ – захираҳои об» ва сармоягузорӣ ба омилҳои суръатбахши асосӣ.

«Барои оилаҳо фавти кӯдак як зарбаи вазнин мебошад. Аммо, ин зарба боз ҳам шиддатноктар мешавад вақте, ки он пешгиришаванда буд ва дар натиҷаи надоштани ашёҳои ниёзи аввалия, ба монанди оби бехатари ошомиданӣ, ҳоҷатхонаҳо ва собун ба вуқӯъ пайваста аст», - қайд намуд Виҷесекера.

"Сармоягузорӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошти ба тағйирёбии иқлим тобовар на танҳо масъалаи ҳифзи саломатии кӯдакони имрӯз, балки таъмини ояндаи устувор барои наслҳои минбаъда низ мебошад."

###

Қайдҳо барои таҳриргарон

Дар баёнияи мазкур мафҳумҳои «Таҳдиди сегона» ё «сарбории сегона» (“triple threat” or “triple burden”) маънои зеринро дорад: сатҳи дастрасии камтар аз 50 дарсад ба иншооти асосии обтаъминкунӣ ва санитария; шомил будан ба қатори 20 кишваре, ки аз ҳама бештар фавти кӯдакони то 5 соларо марбут ба обтаъминкунии хатарнок ба қайд мегиранд; ва ба қатори 25 дарсади кишварҳои таҳти хатари бештари таҳдидҳои иқлимӣ ва экологӣ қарордошта.

Ин таҳлил дар асоси омезиши додаҳо, ки аз се манбаъҳои зерин гирифта шудаанд, таҳия шудааст:

Маълумоти мухтасарро инҷо хонед

Зеркашӣ намудани маводҳои мултимедиа аз инҷо

 

Тафлисоти бештар:

Сара Алхаттаб, ЮНИСЕФ дар Ню-Йорк, тел: +1 917 957 6536, salhattab@unicef.org.

Тесс Ингрэм, ЮНИСЕФ дар Ню-Йорк, тел: +1 934 867 7869, tingram@unicef.org

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ барои кӯмак ба кӯдакони аз ҳама бештар дарканормонда дар душвортарин минтақаҳои ҷаҳон фаъолият менамояд. Дар зиёда аз 190 мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мо барои ҳар як кӯдак ва дар ҳама ҷо фаъолият менамоем, то ин ки ҷаҳони беҳтареро барои ҳамагон бунёд созем.  

Маълумоти бештарро дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолиятҳои он метавонед дар сомонаи интернетии зерин пайдо намоед: https://www.unicef.org/tajikistan/

ЮНИСЕФ-ро дар шабакаҳои зерин пайгирӣ намоед FacebookInstagram and Twitter