Роҳи Тоҷикистон ба Конференсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29): дурнамои ҷавонон
Душанбе, Тоҷикистон – Дар Конференсияи пешакии ҷонибҳои СММ оид ба тағйирёбии иқлим (Pre-COP29), ки дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) баргузор гардид, зиёда аз 40 нафар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон иштирок намуданд. Мусоидат намудан ба муҳокимаи осебпазириҳои беназири кӯдакон ба иқлим, ва иштироки ҷавонон дар муҳокимаҳои осебпазириҳои онҳо ба иқлим ва тарғибу ташвиқи стратегияҳои тобоварии мақсаднок аз ҳадафҳои конференсия буд.
Ин конфронс, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ ташкил шудааст, ба ҷавонон имкон дод, ки Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба об ва иқлим ва Нақшаи чорабиниҳои онро, ки дар ҷараёни Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба об ва иқлим дар авоили соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон тасдиқ шуда буд, муаррифӣ намоянд. Чорабинии мазкур инчунин ба ЮНИСЕФ имкон дод, ки маълумоти мушаххаси тадқиқоти охирин оид ба таъсири тағирёбии иқлим ба кӯдакони Тоҷикистонро пешниҳод намояд.
ЮНИСЕФ ва шарикони он таъкид карданд, ки бӯҳрони иқлим бӯҳрони ҳуқуқи кӯдакон аст ва аз кишварҳо даъват карданд, ки дар Саҳмҳои Миллии Муайяншуда (NDC) эҳтиёҷоти махсуси кӯдаконро ба назар гиранд.
“Фарзандони мо посдорони пурарзиши ояндаи сайёраи мо мебошанд. Имрӯз, ки мо дучори мушкилоти мубрами тағйирёбии иқлим ҳастем ва барои беҳтар шудани муҳити атроф мубориза мебарем, муҳим аст, ки дар ин талошҳо ба некӯаҳволии ҷавонони мо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Имрӯз, Конференсияи пешакии ҷонибҳои СММ оид ба тағйирёбии иқлим (Pre-COP29) намунаи садоқати мо барои эҷоди Тоҷикистони устувор мебошад. Тавассути тавонмандсозии ҷавононамон ва ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мо қадамҳои назаррасро ба самти ҳифзи табиат ва таъмини ҷаҳони боз ҳам сабз барои наслҳои оянда мегузорем,” – гуфт хонум Гулрухсор Тиллои, Сардори маркази иттилооти экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конференсия пешакии ҷонибҳои СММ оид ба тағйирёбии иқлим (Pre-COP29) дар шаҳри Душанбе як қадами муҳим ба самти рӯйкарди муштарак ва фарогири тадбирҳои марбут ба иқлим буда, кафолат медиҳад, ки ақидаҳо ва эҳтиёҷоти аҳолии аз ҳама осебпазир, махсусан кӯдакон дар маркази муҳокимаҳои ҷаҳонии марбут ба иқлим қарор гиранд.
“Mо ҷавонон бояд дар баланд бардоштани сатҳи дарку дониши худ дар самти иқлимӣ дар шароити Тоҷикистон кушиш карда аввалан иқтидори худро дар сатҳӣ миллӣ нишон диҳем.” – гуфт Нозанин Исматшо, узви Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба об ва иқлим.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.