Аз шавқу рағбат то эътирофи ҷумҳуриявӣ

Достони Моҳҷабин, ихтироъкори ҷавони тоҷик.

ЮНИСЕФ

Моҳҷабин Давлатқадамова аз синфи сеюм дар дарсҳои Озмоишгоҳи инноватсионӣ иштирок мекунад. Ин озмоишгоҳро ЮНИСЕФ дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хорӯғ, дар ҷанубу-шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст. Дар ин ҷо шавқу ҳаваси Маҳҷабин ба илму технология ривоҷ ёфт ва ӯ дар озмунҳои ноҳиявии олимони ҷавон иштирок намуда, доимо руҳияи ихтироъкорӣ ва маҳорати ҳалли мушкилотро намоиш додааст. 

Ғояҳои навоваронаи ӯ дар сохтани асбобҳо барои сарфаи энергия, аз ҷумла ҷароғҳои флуорессентӣ ва мошини гудозиш ва кафшергарии фулузоти ба гармӣ тобовар ӯро дар кишвар саршинос кардаанд. Дар замони таҳсил дар ҷамоати деҳоти Поршневи Ноҳияи Шуғнон, ӯ аллакай дар синни ҳабдаҳсолагӣ узви Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Қиссаи навоварӣ ва дастовардҳои ӯ дар хурдсолӣ оғоз ёфта, бо шавқу рағбати амиқ нисбати илму технология ва дастгирии бепоёни падараш рушд кард.

“Вақте, ки ман ба бист соли ҳаётам назар меафканам, ман роҳи пур аз дастовардҳоро мебинам, ки ин ҳама аз саъю кӯшиши доимии ман баҳри дониш ва навоварӣ гувоҳӣ медиҳад. Аз шавқу рағбат нисбати илм дар овони хурдсолӣ, то ихтироъкори дар сатҳи ҷумҳурӣ эътирофшуда  – саргузаштамро шавқу ҳавас ва хоҳиши фоида овардан ташаккул додааст,”- бо ифтихор мегӯяд Моҳҷабин.

a girl standing against the banner

UNICEF/Tajikistan/2020

Young people standing at the expo booth

Mohjabin Davlatqadamova

Шавқу ҳаваси Моҳҷабин ба илм аз овони хурдсолӣ оғоз ёфт. Тавассути телевизор тамошо кардани барномаҳои консертии аз кишвар берун ё ин ки тарзи интиқоли маълумот аз як телефон ба телефони дигар ӯро дар ҳайрат мегузошт.

Ин саволҳо хоҳиши фаҳмидани принсипҳои бунёдии фаъолияти технологияро дар ӯ бедор карданд. Падари Моҳҷабин дар рушди ин кунҷковӣ нақши муҳим бозидааст. Ӯ китобҳои муносибро пайдо мекард, мафҳумҳои илмиро шарҳ дода, асоси татбиқи амалии ашёҳои ҳаррӯзаро нишод медод.

 Ба қавли Моҳҷабин бидуни дастгирии хонавода ӯ ба орзуҳояш расида наметавонист.

“Дар синфи чаҳорум ман курсҳои “Муҳандиси радио ва электроника”, “Риёзидони ҷавон” ва “Дизайни муд”-ро дар Маркази таҳсилоти иловагӣ барои ҷавонон дар ВМКБ хатм карда, якчанд сертификат ба даст овардам. Аз асарҳои олимони бузург илҳом гирифта, орзуи ихтироъҳои худро доштан дар дилам пайдо шуд. 

Таваллуди як ихтироъкор

Санаи 26 апрели соли 2013 пас аз шунидани паёми солонаи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар, ӯ ба озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорони ҷавон” номнавис шуд. Моҳҷабин “Системаи беноқили ҳушдор аз офатҳои табии”-ро дар ин озмун намоиш дода сазовори ҷойи якум гардид.

Баъдан Моҳҷабин дар озмуни телевизионии “Бозёфт” дар солҳои 2015-16 иштирок кард, ки дар он низ ғолиб омад. Дар соли 2016 ӯ дар озмуни “Ҷавонон - ояндаи миллат” дар Маркази миллии патенту иттилоот иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардид. Дар соли 2017 ӯ Маркази миллии патенту иттилоотро дар Форуми байналмилалии “Соҳибкорони ҷавон” намояндагӣ кард ва ба унвони ихтироъкори ҷавонтарини Тоҷикистон мушарраф гардид. 

a person speaking at the table
Mohjabin Davlatqadamova

“Ҳар як дастовард маро барои омӯзиш ва навоварӣ бештар ҳавасманд мекард. Дар соли 2019 ман узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидам. Як сол баъд ман сардори гуруҳи ҳамсинфонам барои иштирок дар барномаи “Пешсаф” шудам. Ин барнома аз ҷониби ЮНИСЕФ дар шаҳри Хорӯғ ташкил гардид (маркази маъмурии ВМКБ). Лоиҳаи мо беҳтарин дониста шуд ва мо барои татбиқи он мураббигӣ ва маблағ дарёфт кардем.”

Дар давоми омӯзишҳои “Пешсаф” ва анҷом додани тадқиқот дар бораи мушкилоти иҷтимоии марбут ба маҳалли худ, Моҳҷабин ва гуруҳи ӯ барои сохтани дастгоҳ баҳри ҳифзи сокинони деҳот аз офатҳои табиӣ илҳом пайдо карданд. Бо мутолиаи китоби “Пешгӯии Тесла” ғояи сохтани дастгоҳи беноқил пайдо шуд. Дастгоҳи беноқил сокинонро аз омадани офатҳои табиӣ ҳушдор медиҳад. Ин дастгоҳ дар бораи тарма, сел ва обхезӣ фавран ба маҳалҳои наздик ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар мерасонад.

Бо аз худ кардани малакаҳои асри 21 дар Озмоишгоҳи инноватсионӣ, Моҳҷабин бо камоли илҳом ва тавонмандӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Техникони ҷавон” ширкат варзида, бо дастгоҳи “Системаи беноқили ҳушдор аз офатҳои табиӣ” сазовори ҷойи якум гардид.

Моҳҷабин дар соли 2021 ҳамчун донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” сазовори ҷоӣи сеюм гардида, соҳиби дипломи Президентӣ шуд. Аз соли 2022 инҷониб ӯ дар озмоишгоҳҳои гунонуни донишгоҳ малакаҳои дуредгарӣ, кафшергарии камони барқӣ дар фулузот ва барномаҳои графикаи 3D барои сохтан ва истеҳсоли қисмҳои роботҳоро сайқал медиҳад. Инчунин, ӯ ба ҳамсабақон мураббигӣ карда, онҳоро барои ба даст овардани ҷоизаҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳнамоӣ кардааст. 

Фаъолияти касбӣ ва орзуҳои оянда

Дар соли 2023 Моҳчабин дар Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолияти касбиро оғоз намуд. Аз соли 2024 инҷониб ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Маркази дарёфти лоиҳа ва грантҳои байналмилалӣ ба ҳайси мутахассис фаъолият менамояд. Айни замон ӯ донишҷӯӣ соли сеюми Факултети сохтмон ва меъморӣ буда, ихтисоси ӯ сохтмон ва истифодабарии иншооти гидротехникӣ аст.

“Ин танҳо оғози корномаи ман аст. Ихтироъи навбатии ман “Системаи пӯшидаи коллекторҳои офтобӣ барои санҷиши нерӯи барқ бо истифода аз об, оби геотермалӣ ё моддаи кимиёвии хлороформ” ном дорад ва ман айни ҳол бо он ҷиҳати иштирок дар озмуни навбатӣ тайёрӣ мебинам,” – илова кард Моҳҷабин

Ҳар қадами саргузашти Моҳҷабин пур аз хоҳиши омӯзиш, навоварӣ кардан ва ба бор овардани дигаргуниҳоро мебошад. Бо дастгирии хонаводааш ва имкониятҳои платформаҳои гуногуни таълимӣ ва касбӣ, Моҳҷабин барои идомаи касб содиқ аст ва мехоҳад ба пешрафти технология саҳм гузошта, ба насли ояндаи духтарони ихтироъкор дар Тоҷикистон илҳом бахшад.

“ЮНИСЕФ барои ташаккули ҷанбаҳое, ки аз рӯи онҳо ман айни замон муваффақам, кӯмак расонидааст. Ин аз аҳамияти кӯмаки ЮНИСЕФ ба ҷавонони мисли ман дар роҳи пайдо кардани малакаҳо ва рушди онҳо гувоҳӣ медиҳад.” – илова кард Моҳҷабин.