Мавҷи гармо ба навзодон, кӯдакони хурдсол ва модарони ҳомила таъсири манфӣ мерасонад, - ҳушдор медиҳад ЮНИСЕФ

Тағйирёбии иқлим боиси сар задани гармои бештар дар Тоҷикистон шуда, саломатии кӯдаконро зери хатар мегузорад.

26 Июл 2023
children smiling
UNICEF/Tajikistan/2006/G.Pirozzi

ДУШАНБЕ, 27 июли соли 2023 - Тибқи баррасии таҳлилӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ нашршуда, ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ба мушкилоти ҳавои гарми басомади баланд дучор мешаванд.

Ҳатто мувофиқи сенарияи болоравии камтарини ҳарорат, яъне 1,7 дараҷаи Селсий, интизор меравад, ки то соли 2050 мавҷи баланди гармӣ ба тамоми кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир расонад.

Дар ҳоле, ки ҳарорати ҳаво дар саросари кишвар аз 40 дараҷа боло меравад, ЮНИСЕФ аз таъсири мавҷи гармо ба саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон ҳушдор медиҳад.

Аз гармӣ махсусан кӯдакон ва навзодон осебпазиранд, зеро ҳарорати аслии онҳо нисбат ба калонсолон ба таври назаррас баландтар шуда, онҳоро зери хатари зарбаи гармӣ ва дигар бемориҳо мегузорад.

"Саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар саросари кишвар аз таъсири ҳарорати баланд осеб мебинанд. Таъсири мавҷҳои гармо бояд як сабаби зиёд кардани сармоягузорӣ барои чораҳои пешгирикунанда ва мутобиқшавӣ барои ҳифзи кӯдакон бошад.", - гуфт Эри Двиведӣ, муовини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Зарбаи гармие, ки аз сабаби ҳавои гарм ба вуҷуд омадааст, метавонад ба мушкилоти саломатӣ, аз қабили дегидрататсия (беобшавӣ) ва баланд шудани ҳарорати бадан оварда расонад. Кӯдакони навзод ва хурдсол дар танзими ҳарорати худ мушкили зиёдтар мекашанд, ки онҳоро ба хатари афзояндаи зарбаи гармӣ дучор мекунанд.

Калонсолон гармиро нисбат ба кӯдакон гуногун эҳсос мекунанд, ки дарк кардани бемориҳои вобаста ба гармиро дар кӯдакон душвортар мекунад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониши волидайн ва парасторон дар моҳҳои гарми тобистон муҳим аст.

Дегидрататсия (беобшавӣ) бо эҳтимоли зиёд дар давраҳои хеле гарм рух медиҳад ва метавонад боиси мушкилотҳо ва оризаҳо дар давраи ҳомиладорӣ, аз ҷумла истеҳсоли ками шири сина ва нуқсонҳои таваллуд гардад. Дар занони ҳомила дигар оризаҳои хатарнок ҳамчун таваллуди бармаҳал ё рагкашӣ метавонад руй диҳад.

Парасторон ва модарони ҳомила ба шарте метавонанд навзодон ва кӯдакони худро аз зарбаи гармӣ муҳофизат кунанд, агар аз мушкилот огоҳ бошанд ва чӣ гуна рафтор карданро донанд.

Барои пешгирӣ аз фишори гармӣ ЮНИСЕФ ба волидон тавсия медиҳад, ки:

  • Дар вақту соати гармтарини рӯз аз берун баромадан худдорӣ намоед ва нагузоред, ки кӯдаконатон вақти зиёд дар моҳҳои гармтарини тобистон (июн то август) дар берун бозӣ кунанд.
  • Кӯдаконро дар вақти бозӣ ва навзодонро назорат кунед, онҳоро дар ҳар 30 дақиқа ҳангоми машқ ё бозӣ дар берун истироҳат диҳед. Машқ кардан ё бозӣ кардан дар ҳарорати баланд метавонад ба зудӣ ба дегидрататсия (беобшавӣ) ва оқибатҳои вазнин барои кӯдакони хурдсол оварда расонад.
  • Назорат кунед, то ки ҳамаи кӯдакони синнашон аз 6 моҳа ва калонтар дар давоми рӯз мунтазам об менӯшанд. Онҳо метавонанд ба бадани худ аҳамият надиҳанд, аз ин рӯ калонсолон бояд ба онҳо дар нигоҳ доштани оби бадан кӯмак кунанд.
  • Навзодон ва кӯдаконатон бояд либосҳои аз матоъҳои сабук, озод ва нафасгиранда омодашуда пӯшанд ва аз нурҳои офтоб худро муҳофизат кунанд. Барои муҳофизат аз офтоб вақти берун баромадан аз чатр ё кулоҳҳо истифода баред.
  • Дар гармтарин қисматҳои рӯз пардаҳоро пӯшед, тирезаҳоро фақат замоне кушоед, ки дохили хона аз берун гармтар бошад ва ба қадри имкон аз шамолдиҳакҳо (вентиляторҳо) ва дигар воситаҳои хунуккунӣ истифода баред.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки навзодон ва кӯдакони шумо дар ҷойҳои салқин, ба мисоли ошёнаҳои поёнии хона ё бино, хоб мераванд. Барои рахти хоб матои пахтагинро истифода баред.

Барои модарони ҳомила ё ширдеҳ ЮНИСЕФ тавсия медиҳад:

  • Кӯдакони то 6-моҳаро танҳо сина диҳед. Модарони ширдеҳ бояд миқдори зиёди об нӯшанд, зеро дегитрататсия (беобшавӣ) метавонад ба истеҳсоли шири сина таъсир расонад.
  • Занони ҳомиладор бояд ҳангоми гарм будани ҳаво (болотар аз 40°C/104°F) аз берун баромадан худдорӣ кунанд. Занони ҳомиладор метавонанд бо шиддати паст ё мӯътадил машқ кунанд, то он даме, ки худро бароҳат ҳис кунанд, ба миқдори зарурӣ об нӯшанд ва истироҳат кунанд.
  • Занони ҳомиладор бояд то ҳадди имкон истироҳат кунанд ва то қадри имкон корҳои хонаро бо дигарон тақсим кунанд.

***

Эзоҳ барои рӯзноманигорон:

Барои маълумот ё шарҳҳои иловагии мутахассисони соҳаи тандурустии ЮНИСЕФ, лутфан бо Умеда Фазилова, мутахассиси робитаҳо тамос гиред [email protected]

 

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ  ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро дар ҳама коре, ки мо анҷом медиҳем, дастгирӣ мекунад. Якҷоя бо шарикон мо дар 190 кишвар ва қаламрав кор мекунем, то уҳдадории мазкурро дар амал татбиқ намоем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба кӯдакони аз ҳама осебпазир ва аз ҷомеа дурмонда ва ба кӯдакони тамоми ҷаҳон кӯмак кунем. ЮНИСЕФ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият мебарад.  

Барои гирифтани маълумоти бештар ба саҳифаҳои FacebookInstagram ва Twitter гузаред.