Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ имконияти ҷавонони Тоҷикистонро дар самти малакаҳои "сабз" ва ҷойҳои корӣ вусъат мебахшад

13 Май 2024
people sitting chatting
UNICEF/Tajikistan/2024/ D.Dodojonov

Душанбе, Тоҷикистон, 13 майи соли 2024 - Чорабинии иловагии ҷавонон бо номи "Сармоягузорӣ ба оянда: Пешбурди малакаҳои "сабз" ва ҷойҳои кории "сабз"", ки ба Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ рост омадааст, имрӯз дар шаҳри Душанбе даъват карда шуд, то ки зарурати омода намудани ҷавонони Тоҷикистон ба мушкилот ва имкониятҳои иқтисодиёти "сабз" баррасӣ карда шавад. Чорабинӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Чорабинии иловагии ҷавонон ба ошкор кардани ниёзҳо, амалҳо ва камбудиҳои асосӣ дар мусоидат намудан ба дастрасии ҷавонони Тоҷикистон ба малакаҳои "сабз" ва ҷойҳои корӣ равона карда шуда буд. Тоҷикистон, ки беш аз 70%-и аҳолии он ҷавонони то 30-сола мебошанд, нақши калидии ҷавононро дар таъмини рушди устувор ва бунёди иқтисоди "сабз" эътироф менамояд.

Дар баробари омӯхтан аз ҷавонон ва ҳамзамон бо воситаҳо таъмин намудани онҳо баҳри ҷорӣ намудани навовариҳо дар чунин самтҳо, ба монанди: энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, мо на танҳо ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда таъмин мекунем, балки ҷаҳонеро ба вуҷуд меорем, ки дар он шукуфоӣ ва нигоҳубини муҳити зист бо ҳам мепайванданд", - гуфт Озан Севимлӣ, менеҷери кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Чорабинӣ барои 30 иштирокчии ҷавони аз 15 то 24-сола аз Тоҷикистон барои муошират намудан бо коршиносон ва навоварон дар ҷаласаҳое, ки ба ояндаи устувор, иқтисодиёти сабз ва рушди малакаҳои асри 21 бо таваҷҷӯҳ ба соҳибкорӣ ва ҷойҳои кории "сабз" бахшида шудаанд, имконият фароҳам овард. Иштирокчиён ки байни онҳо навоварон, соҳибкорон ва эко-фаъолони тоҷик буданд, имкониятҳои ҷорӣ намудани тағйиротро дар ҷомеаҳои худ бо ёрии ташаббусҳои "сабз" омӯхтанд.

"Ҳар боре, ки ман бо ҷавонони тоҷик ҳамсӯҳбат мешавам, ман нигаронии амиқи онҳоро дар робита ба он, ки бо иқлим ва муҳити зист чӣ рӯй дода истодааст, эҳсос менамоям. Аммо, ҳамзамон ман сайю кӯшиши фаъоли онҳоро барои амал кардан ва хоҳиши иштироки онҳоро дар пайдо намудани роҳи ҳал, эҳсос менамоям. Муҳим он аст, ки кӯдакон ва ҷавонон дар маркази фаъолият оид ба мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим бошанд. Мо бояд ба ниёзҳо ва нигарониҳои онҳо гӯш бидиҳем ва аз ғояҳо ва нерӯи онҳо илҳом гирем." Артур ван Дизен, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Натиҷаҳои асосии чорабинии иловагии ҷавонон муайян намудани соҳаҳое буд, ки сармоягузориҳои минбаъдаро ба технологияҳои "сабз" ва рушди малакаҳо дар Тоҷикистон талаб менамуд. Илова бар ин, иштирокчиён дар бораи имкониятҳои таъсиси ҷойҳои кории "сабз", бо назардошти шароити маҳаллӣ маълумоти арзишманд гирифтанд, ки ба рушди ҳамкорӣ байни навоварони маҳаллӣ ва коршиносони ҷаҳонӣ мусоидат намуданд.

Чорабинии иловагии ҷавонон пайравии Тоҷикистонро ба истифодаи суди саҳмияҳои демографӣ тавассути сармоягузорӣ ба иқтидори ҷавонон барои рушди навоварӣ ва рушди устувор таъкид кард. Дар баробари мусоидат намудан ба муколама ва ҳамкорӣ, чорабинии мазкур ҷавонони тоҷикро водор сохт, ки нақши худро ҳамчун намояндагони навоварӣ дар пешбурди рӯзномаи "сабз" қабул кунанд.

Дар бораи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ:

Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ манбаи муҳими кӯмаки молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода дар саросари ҷаҳон мебошад. Вазифаи он барҳам додани камбизоатӣ ва мусоидат намудан ба шукуфоии ҳамагон аст.  Ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ 27 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,67 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад. Аз соли 1996 Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 2,94 миллиард доллар грантҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA), қарзҳо бо шартҳои хеле имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок пешниҳод намудааст.

Маълумот барои тамос:

Далер Додоҷонов, корманд оид ба робита бо ҷомеа, ddodojonov@unicef.org

Дилафруз Зоирова, корман оид ба робитаҳои берунӣ, dzoirova@worldbankgroup.org 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: ddodojonov@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро дар ҳамаи корҳое, ки мо мекунем, ҳимоя мекунад. Дар якҷоягӣ бо шарикони худ, мо дар 190 кишвар ва қаламрав кор мекунем, то ки уҳдадориҳои мазкурро ба амалҳои таҷрибавӣ табдил диҳем ва ба кор бо кӯдакони осебпазир ва дарканормонда, ба манфиати ҳамаи кӯдакони ҷаҳон диққати махсус медиҳем. ЮНИСЕФ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Мо дар саҳифаҳои иҷтимои: FacebookInstagram ва Twitter