Малакаҳо барои амали иқлим

Имкониятҳои ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок ва таъсир расонидан ба қабули қарорҳои вобаста ба иқлим.

Фарангис Усмонова
a girl standing next to the flag
Shafoat Jafoeva's archive

Шафоат донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ буда, аз рӯи ихтисоси “Илмҳои замин ва муҳити зист” таҳсил мекунад. Дар донишгоҳ ӯ узви якчанд маҳфил аст, аз ҷумла “Ҷамъияти сабз”, ки дар он таваҷҷуҳи донишҷӯен ба устувории муҳити зист нигаронида шудааст. 

Соли гузашта ӯ дар Плафтформаи минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои коҳиши хатарҳо иштирок карда, ҳуҷҷати “Роҳ ба сӯи тобоварӣ барои кӯдакон ва ҷавонони Аврупо ва Осиёи Марказӣ: даъват ба амал” – ро ироа намуд.

Чӣ гуна шумо ба форум ва ЮНИСЕФ ҳамроҳ шудед?

Дар давоми таҷрибаомӯзии тобистонаам дар созмони “Оғо Хон оид ба муҳити зист” имкон доштам, ки бо шуъбаҳои гуногун ҳамкорӣ карда, шавқу рағбати худро нисбат ба масъалаҳои экологӣ ва ҷамъиятӣ нишон диҳам. Дар ин давом яке аз ҳамкоронам аз ин созмон ба ман имкони иштирок дар форумро пешниҳод намуд. Ҳамин тавр ман бо ЮНИСЕФ ҳамкор шудам.

Барои коҳиш додани таъсирҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон тасмимгирандагон якҷоя бо кӯдакон чӣ кор карда метавонанд?
  • Тасмимгирандагон ва ҷавонон метавонанд дар самтҳои зерин ҳамкорӣ намоянд:
  • Таъсис додани шуроҳои машваратии ҷавонон барои якҷоя таҳия кардани санадҳои ҳуқуқӣ;
  • Дохил кардани таълими экологӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ба барномаҳои мактабӣ;
  • Дастгирии маъракаҳои огоҳӣ аз тобоварӣ ба иқлим, ки аз ҷониби ҷавонон роҳандозӣ гардидаанд;
  • Таъмини маблағгузорӣ ва мураббигӣ барои соҳибкорони ҷавон баҳри навоварӣ дар технологияҳои сабз;
  • Таъмини ба инобат гирифтани эҳтиёҷот ва ғояҳои ҷавонон дар тадбирҳои маҳаллӣ.
Ба ҳамсолони худ чӣ маслиҳат медиҳед?

Ман ҳамсолонамро ташвиқ мекунам, ки одатҳои хуби экологӣ аз қабилӣ, коркади такрорӣ, кам кардани партовҳо ва шинонидани дарахтонро пешаи кори худ кунанд. Дар лоиҳаҳои маҳаллӣ саҳм гузошта таблиғгари дигаргуниҳо гарданд. Фаромӯш насозанд, ки қадамҳои хурд метавонанд таъсири азим дошта бошанд. Хусусан вақте, ки якҷоя амал мекунем.

Барои ояндаи наздик чӣ нақша доред?

Ман нақша дорам, ки таҳсилро идома диҳам ва фаҳмиши илми муҳити зист ва коҳиш додани хатари офатҳоро амиқтар намоям. Ман ҳадаф дорам, ки ташаббусҳои бештари ҷавононро дар Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, таваҷҷуҳро ба таълими масъалаҳои иқлим ва тобоварии ҷомеа нигаронам. Ҳадафи ман ироаи мавқеи ҷавонон аз платформаҳои байналмилалӣ ва саҳмгузорӣ дар эҷоди ояндаи усутовор мебошад.

Ба фикри Шумо форум ба тасмимгирандагон таъсир мерасонад? Агар ҳа, чӣ тавр?

Бале, форум бешубҳа ба тасмимгирандагон таъсир мерасонад. Тавассути таъмини платформа барои ҷавонон ва нафарони дарканормонда, дар форум аҳамияти қонунгузориҳои фарогир таъкид дода шуд. Уҳдадориҳои дар натиҷаи форум, аз қабили маблағгузории ташаббусҳои ҷавонон ва дохил кардани мавзӯи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ба барномаи таълимӣ нишон медиҳанд, ки тасмимгирандагон барои амалҳои воқеӣ илҳом пайдо кардаанд.
 

Форум як таҷрибаи чашмкушо буд, ки дар он нерӯи ҳамкории байни ҷавонон, ҳукумат ва созмонҳо намоиш дода шуд. Ироаи “Эъломияи ҷавонон” лаҳзаи пур аз ифтихор ва инъикосгарӣ таъсири садои ҷавонон дар қонунгузорӣ буд. Ғояҳои инноватсионӣ ва уҳдадориҳои иштирокдорон аз саросари Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ман илҳом бахшиданд.

Шафоат Ҷафоева
girls standing
Shafoat Jafoeva's archive