Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия бо нишасти матбуотӣ оғоз гардид

20 Апрел 2026
Press conference
Ministry of Health and Social Protection of Population

Душанбе, 16 апрели соли 2026 – Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бахшида ба 20-умин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, ки аз 20 то 25 апрели соли 2026 дар кишварҳои минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Ваксинаҳо ҳамаи наслҳоро муҳофизат мекунанд» баргузор мегардад, нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикони рушд, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, инчунин роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ ҷаноби Амирзода таъкид намуд, ки аз солҳои аввали истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. 

«Ҳамчун узви фаъоли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ, ГАВИ, Алянси Ваксина, Иттиҳоди Аврупо  ва дигарон татбиқи тадбирҳои пайгиронаро барои таҳким ва густариши низоми миллии иммунизатсия идома медиҳад», — зикр намуд ӯ.

Иштирокчиён қайд карданд, ки иммунизатсия яке аз самараноктарин тадбирҳои таъмини баробарҳуқуқӣ дар  соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад.

Ваксинаҳо ба коҳиши шиддати бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда мусоидат намуда, оқибатҳои вазнин ва маргро пешгирӣ мекунанд ва ба таҳкими амнияти тандурустии кишвар саҳм мегузоранд.

Тоҷикистон дар ҳифзи аҳолӣ тавассути иммунизатсия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сатҳи фарогирӣ бо ваксинаҳои асосӣ, аз ҷумла бар зидди фалаҷи атфол, дифтерия, кузоз, сулфаи кабуд, сурхак, сурхча, паротит, Гемофилияи навъи Б, сироятҳои пневмококкӣ ва ротавирусӣ дар саросари кишвар зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин дастовард барои нигоҳ доштани мақоми ҷумҳурӣ ҳамчун минтақаи озод аз фалаҷи атфол ва пешбурди барҳамдиҳии як қатор бемориҳои пешгиришаванда аҳамияти калон дорад.

Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои охир ҷорӣ намудани ваксина бар зидди вируси папилломаи инсон (HPV) мебошад. Аз моҳи октябри соли 2025 ин ваксина ба тақвими миллии иммунизатсия ворид гардида, асосан барои духтарони 10-сола татбиқ мешавад.  Новобаста аз ин  маъракаи фарогири иммунизатсия барои духтарони 11–14 сола низ бо муваффақият анҷом дода шуд. Ин иқдом қадами муҳим дар ҳифзи саломатии духтарон ва пешгирии саратони гарданаки бачадон мебошад.

Дар рафти нишасти матбуотӣ шарикони рушд ҳамучунин аҳамияти сармоягузории доимиро ба иммунизатсия таъкид намуда, ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар пешбурди натиҷаҳо дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.

ЮНИСЕФ бори дигар ӯҳдадории худро барои ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва шарикон ҷиҳати таъмини он ки ҳар як кӯдак, дар ҳар куҷое, ки бошад, бо ваксинаҳои наҷотбахш ҳифз гардад, тасдиқ менамояд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.