Ҳолатҳои сурхча дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2025 коҳиш ёфт, аммо хатари хуруҷҳо боқӣ мемонад — ЮНИСЕФ ва СУТ
Тадбирҳои вокуниш ба хуруҷҳо аз ҷумла, маъракаҳои иммунизатсия ба коҳиши ҳолатҳои сурхча дар соли 2025 мусоидат намуданд, вале ЮНИСЕФ ва СУТ ҳушдор медиҳанд, ки ин пешрафт ҳассос аст, зеро паҳншавии вирус ҳамоно идома пайдо мекунад.
КОПЕНГАГЕН / ЖЕНЕВА, 11 феврали соли 2026. Тибқи маълумоти пешакие, ки аз ҷониби 53 кишвари Минтақаи аврупоии СУТ пешниҳод шудааст, шумораи ҳолатҳои сурхча дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, ЮНИСЕФ ва СУТ ҳушдор медиҳанд, ки хатари хуруҷҳо ҳанӯз боқӣ мемонад.
Кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ соли 2025 дар маҷмӯъ 33 998 ҳолати сурхчаро гузориш доданд, ки қариб 75 фоиз камтар нисбат ба 127 412 ҳолат дар соли 2024 мебошад. Тамоюли умумии коҳиш ёфтани ҳолатҳо ҳам натиҷаи тадбирҳои вокуниш ба хуруҷҳо ва ҳам коҳиш ёфтани шумораи шахсони осебпазир ба сирояти сурхча мебошад, зеро вирус дар ҷомеаҳои дорои сатҳи пасти иммунизатсия бештар паҳн мегардад. Бисёре аз ин ҳолатҳо метавонист бо фарогирии баландтари иммунизатсия ва вокуниши саривақтӣ ба хуруҷҳо мунтазам дар сатҳи ҷомеа пешгирӣ гардад.
«Ҳарчанд шумораи ҳолатҳо коҳиш ёфтааст, шароитҳое, ки дар солҳои охир ба бозгашти ин бемории марговар оварда мерасонанд, ҳамоно боқӣ мондаанд ва бояд бартараф карда шаванд. То замоне ки ҳамаи кӯдакон ба иммунизатсия фаро гирифта нашаванд ва дудилагие, ки аз паҳншавии иттилооти бардурӯғ сарчашма мегирад, бартараф нашавад, кӯдакон ҳамоно дар хатари фавт ё гирифторшавӣ ба бемории вазнини сурхча ва дигар бемориҳои пешгиришаванда бо ваксина қарор хоҳанд дошт», - қайд наумуд Директори минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Регина Де Доминичис.
Шумораи ҳолатҳои сурхча дар соли 2025 ҳамоно аз нишондиҳандаҳои аксари солҳо аз соли 2000 инҷониб бештар буд ва баъзе кишварҳо дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 ҳолатҳои бештарро гузориш доданд. Сурхча дар минтақа дар соли 2026 низ ба қайд гирифта мешавад.
«Соли гузашта ҳолатҳои сурхча қариб 75 фоиз коҳиш ёфтанд, аммо хатари хуруҷҳо боқӣ монданд. Дар се соли охир зиёда аз 200 000 нафар дар минтақаи мо ба сурхча гирифтор шуданд. Агар дар ҳар як ҷомеа сатҳи иммунизатсия ба 95 фоиз нарасад, масоили марбут ба масуният дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ бартараф карда нашаванд, назорати бемориҳо тақвият наёбад ва вокуниши саривақтӣ ба хуруҷҳо таъмин карда нашавад, ин вируси сирояткунанда паҳншавии худро идома хоҳад дод. Дар шароити паҳншавии васеи хабарҳои бардурӯғ бисёр муҳим аст, ки мардум ба иттилооти боэътимоди тиббӣ аз манбаъҳои санҷидашуда, аз қабили СУТ, ЮНИСЕФ ва мақомоти миллии тандурустӣ такя намоянд. Барҳам додани сурхча барои амнияти тандурустии миллӣ ва минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад», — гуфт Директори минтақавии СУТ барои Аврупо доктор Ҳанс Ҳенри П. Клуге.
Бар асоси маълумоти кишварҳо барои соли 2024, Комиссияи минтақавии аврупоии тасдиқи барҳам додани сурхча ва сурхбод (краснуха) дар ҷаласаи моҳи сентябри соли 2025 ба хулосае омад, ки шумораи кишварҳое, ки дар онҳо интиқоли эндемикии сурхча идома дорад ё аз нав пайдо шудааст, аз 12 то 19 зиёд гардидааст. Ин ҷиддитарин пасравӣ дар роҳи барҳам додани сурхча дар минтақа дар солҳои охир ба шумор меравад.
Омодагӣ ба хуруҷҳо, вокуниш ба онҳо ва расидан ба ҳадафи барҳам додани сурхча ҳамоно афзалияти соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. ЮНИСЕФ ва СУТ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва бо дастгирии шарикон, аз ҷумла Алянс бо ваксинаҳои Gavi ва Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ ва вокуниш ба хуруҷҳои сурхча тавассути кор бо ҷомеаҳо, омӯзиши кормандони соҳаи тиб, таҳкими барномаҳои иммунизатсия ва низомҳои назорати бемориҳо, инчунин роҳандозии маъракаҳои иловагии иммунизатсия бар зидди сурхча фаъолият мекунанд.
Сурхча яке аз вирусҳои сахттарини сирояткунанда мебошад. Аз як нафаре, ки ба сурхча гирифтор аст, то 18 нафар шахсони эмнашуда метавонанд сироят ёбанд. Ин маънои онро дорад, ки сурхча тақрибан 12 маротиба аз зуком сирояткунандатар аст. Илова бар бистарӣ шудан ва фавт, сурхча метавонад ба мушкилоти дарозмуддат ва вазнини саломатӣ оварда расонад, ба низоми масуният зарар расонад ва «хотираи» онро дар бораи мубориза бо сироятҳо барои моҳҳо ва ҳатто солҳо аз байн барад, ки дар натиҷа шахсони аз сурхча шифоёфта ба дигар бемориҳо осебпазир шуда, хатари фавт меафзояд.
Ду вояи ваксинаи дорои ҷузъи зидди сурхча то 97 фоиз ҳифзи якумрӣ аз бемории сурхчаро таъмин менамояд. Барои пешгирии хуруҷи сурхча ва ба даст овардани масунияти ҷамъиятӣ, лозим аст, ки ҳар сол сатҳи иммунизатсия бо ду вояи ваксинаи зидди сурхча дар ҳар як ҷомеа ба 95 фоиз расад. Масунияти ҷамъиятӣ ҳамчунин тифлони ҳанӯз барои иммунизатсия хеле хурд ва дигар шахсонеро, ки бинобар сабабҳои тиббӣ (масалан, шахсони дорои масунияти суст) иммунизатсия ба онҳо тавсия дода намешавад, ҳифз мекунад.
Эзоҳ барои муҳаррирон
Маълумот 53 давлати узви Минтақаи аврупоии СУТ-ро дар бар мегирад. Шумораи умумии ҳолатҳо дар соли 2025 метавонад бештар бошад, зеро маълумоти ниҳоии назорати эпидемиологӣ тавассути Низоми муштараки солонаи ҳисоботдиҳии СУТ/ЮНИСЕФ пешниҳод мегардад. Барои соли 2024 шумораи умумии ҳолатҳои сурхча, ки ҳар моҳ тавассути Низоми иттилоотии СУТ оид ба иммунизатсия гузориш дода шудаанд, 127 412-ро ташкил дод, дар ҳоле ки шумораи ниҳоӣ, ки тавассути Низоми муштараки солона пешниҳод гардид, 151 040 буд.
Маълумоти пешакии моҳона, ки тавассути Низоми иттилоотии СУТ оид ба иммунизатсия гузориш дода мешавад, дар панели «Measles/Rubella Dashboard (Microsoft Power BI)» дастрас аст. Маълумот барои давраи январ то декабри соли 2025 дар панел аз соати 09:00 (CET) 11 феврали соли 2026 гузошта мешавад.
Маълумоти солона оид ба ҳолатҳои беморӣ ва фарогирии иммунизатсия, ки тавассути Низоми муштараки ҳисоботдиҳии СУТ/ЮНИСЕФ пешниҳод мегардад, ҳамасола дар моҳи июл нав карда шуда, дар Портали глобалии маълумоти СУТ оид ба иммунизатсия нашр мешавад.
Барои маълумоти бештар лутфан бо ин шахсон дар тамос шавед:
Georgina Diallo | ЮНИСЕФ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ | +41 763206814 | [email protected]
Catharina Margaretha Reynen-De Kat | СУТ барои Аврупо | [email protected]
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.