Иммунизатсия: наҷотдиҳандаи ҳаёт

Чӣ гуна дар Тоҷикистон саломатии кӯдакон муҳофизат карда мешавад

Далер Додоҷонов
Vaccination
Kumushoy Murtazakulova/UNICEF/Tajikistan

Ҳар рӯз дар шӯъбаи таваллуди маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якхел оғоз меёбад – аз гиряи навзодон ва садои пурнавозиши Зайнаб Абдуллоева, ки онҳоро ором мекунад. Аллакай 7 сол мешавад, ки ӯ ба ҳайси иммунизатор фаъолият дошта, аввалин ва муҳимтарин  ваксинаҳоро дар ҳаёти кӯдакон мегузаронад

Дар дасти ӯ на танҳо як сӯзандору бо ваксина, балки солимии ояндаи ҳазорон кӯдаки тоҷик аст. Ҳамарӯза Зайнаб бо дастони ғамхори худ ба ҳар як кӯдаки навзод муҳофизат аз бемориҳои хатарнокро таъмин мекунад.

"Вақте, ки ман нав корро оғоз кардам, бисёре аз волидон аз иммунизатсия тарс доштанд ва аҳамияти онро намефаҳмиданд. Ҳоло вазъият тағйир ёфтааст – худи модарон дар бораи иммунизатсия мепурсанд ва мехоҳанд фарзандонашонро эмин нигоҳ доранд," – аз тағйири муносибат нисбат ба ваксина дар тӯли солҳои охир ёдовар шуд Зайнаб.

Ба шарофати ҳамкории қавӣ ва устувори миёни Тоҷикистон ва Ҷопон, бештар аз як миллион кӯдак дар саросари кишвар ба ваксинаҳои наҷотбахш дастрасӣ пайдо карданд. Ин ҳамкорӣ нақши муҳиме дар таъмини ҳифзи кӯдакон, новобаста аз ҷое, ки зиндагӣ мекунанд, аз бемориҳои пешгиришаванда, ки метавонанд ба саломатии онҳо ва ояндаи онҳо таъсир расонанд, бозид.

Preparation for vaccination
Kumushoy Murtazakulova/UNICEF/Tajikistan Zainab Abdulloeva is preparing for the vaccination of a child.

"Ҳоло мо ҳама чизи заруриро барои ҳифзи ҳар як кӯдак дорем, аз ҷумла таҷҳизоти муосири сармозадагӣ, ки ваксинаҳо дар он бо амон ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ нигоҳ дошта мешаванд."

Зайнаб Абдуллоева, иммунизатор дар Душанбе.

Технологияҳои муосир дар ҳифзи саломатӣ

Дар солҳои охир низоми иммунизатсия дар Тоҷикистон ба пешрафти назаррас ноил гардидааст. Бо шарофати лоиҳаи «Беҳтар намудани иммунизатсияи кӯдакони синни барвақтӣ», ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2022 324,000 вояи ваксинаи зидди сурхча, баногӯшаки эпидемикӣ ва гулафшон, инчунин 270,900 вояи ваксинаи зидди Гепатити Б ба кишвар дастрас карда шуд. Ин рақамҳо танҳо омор набуда, балки инъикосгари наҷоти ҳаёти кӯдакон мебошанд. 

Нушофарин, модари меҳрубон ва масъул барои ду кӯдак, бо ёдҳо ва эҳсосоти гуногун ёд мекунад, ки пеш аз ваксинаи аввалини фарзанди бузургаш ҳис кардааст. Ҳамчун аксари волидайн, ӯ саволҳо ва нигарониҳо дошт, ки оё ин интихоби дуруст барои саломатии фарзанди ӯ аст. Имрӯз, бо ин ҳолат, ӯ бо эҳсоси миннатдорӣ ва оромӣ ба он назар мекунад, ки ваксина на танҳо кӯдакони ӯро аз бемориҳои хатарнок барои ҳаёт муҳофизат кардааст, балки роҳи ояндаи солим ва равшанро низ боз кардааст.

"Ман хело хавотир будам, дар интернет маълумот меҷустам ва аз наздикон пурсон мешудам. Аммо баъд аз шиносоӣ бо апаи Зайнаб тамоми тарсу ҳаросам аз байн рафт. Ӯ аҳамияти ҳар як ваксинаро хеле муфассал шарҳ дод, ки дигар шубҳа намонд," - пас аз иммунизатсияи нақшавӣ фарзанди хурдии худро дар даст дошта гуфт Нушофарин.

Ҳамкории байналмилалӣ – наҷотдиҳандаи ҳаёт

Аз соли 2005 инҷониб Ҳукумати Ҷопон тавассути ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ба ваксинаҳои барвақти кӯдакон дар Тоҷикистон пайваста дастгирӣ мекунад. Бо шарофати дастгирии доимии ЮНИСЕФ лоиҳаи мазкур ба зиёда аз 1 миллион кӯдаки то 1-сола дар саросари Тоҷикистон имкон дод, ки ба ваксинаҳои зарурӣ дар муассисаҳои тиббии ибтидоӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Дар се соли охир ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика 1 миллиону 64 ҳазор воксинҳои зидди сурхча, гулӯ ва сурхча ва 600 ҳазору 900 воксинҳои зидди гепатити В (HepB) бо миқдори зарурии сӯзандоруҳо ва қуттиҳои муҳофизатӣ ворид карда шуданд. Хукумати Точикистон.

"Лоиҳаи мазкури бахшида ба иммунизатсияи кӯдакони синни барвақтӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари фавти кӯдакон ва муҳофизат аз бемориҳои пешгиришаванда барои зиёда аз миллион кӯдаки то 1 сола дар саросари Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад," – таъкид кард Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тошихиро Аикӣ.

«Ҳар боре, ки ман кӯдакони иммунизатсия кардаамро солиму бардам мебинам муҳим будани корамонро дарк мекунам,» – дар анҷоми рӯзи корӣ гуфт Зайнаб. Фардо бошад тифлон дигар, дигар волидони ғамхор ва пирӯзиҳои нави хурд бар бемориҳои хатарнок моро интизоранд.

Дар тӯли панҷ соли охир тақрибан 4.5 миллион кӯдак дар Тоҷикистон аз иммунизатсияҳои босифат баҳра бурдаанд. Ин на танҳо як омор, балки инъикосгари ҳазорон ҳаёти наҷотёфта, табассумҳои солим, инчунин волидони хотирҷамъ ва мутмаин аз ояндаи фарзандони худ мебошад. 

Vaccination
Kumushoy Murtazakulova/UNICEF/Tajikistan

"Мо бо табассум волидонро дар ин утоқ пешвоз мегирем. Зеро медонем, ки кори муҳимро анҷом медиҳем, яъне кӯдаконро муҳифизат мекунем. Вақте волидон фарзандони дуюм ё сеюми худро меоранд, ин лаҳзаи аз ҳама гуворотарин дар кори ман аст, зеро онҳо аллакай аз аҳамияти ҳар як ваксина огоҳ ҳастанд. Ин волидон натиҷаи иммунизатсияро дар фарзандони калонии худ дида, муҳим будани онро хуб мефаҳманд."

 

Дилбар Халимова, иммунизатор дар поликлиникаи кӯдакони №13 дар Душанбе.

Кӯдакони солим – волидони хушбахт

Ба тақвими рангоранги иммунизатсия дар утоқи худ ишора карда Дилбар гуфт - «Ҳар як иммунизатсия шабеҳи сипари ноаён аст, ки кӯдакро муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ волидоне, ки тақвими иммунизатсияро риоя мекунанд ба фарзандони худ саломатии мустаҳкам ҳадя менамоянд, ки аз ҳама пурарзиштарин аст»

Дар утоқи замонавии иммунизатсия тамоми лавозимоти барои иммунизатсияи бехатари кӯдакон заруриро пайдо кардан мумкин аст. Аз ҷумла якдонҳо барои нигоҳдории ваксинаҳо, сӯзандоруҳои якдафъаина ва маводҳои безараршуда. Чунин шароити замонавӣ барои иммунизатсияи кӯдакон бо шарофати ҳамкории фаъоли байналмилалӣ имконпазир гардидааст. 

Фарзона, модари ғамхор ва бодиққат барои ду писари фаъолаш, ки 5 ва 3 сол доранд, аз ҷумлаи бисёре аз волидайн дар Тоҷикистон мебошад, ки аҳамияти муҳимми ваксинацияи саривақтро фаҳмидаанд. Вай бо диққат ҷадвалҳои иммунизатcия ва ваксинаҳоро пайгирӣ мекунад, то таъмини муҳофизати фарзандонаш аз бемориҳои пешгиришаванда. Барои Фарзона, ҳар як ваксина як қадами муҳим ба сӯи ҳифзи ояндаи писаронаш аст, ки имкон медиҳад онҳо солим, фаъол ва омода барои кашф кардани ҷаҳон оҳиста-оҳиста ба воя расанд.

"Фарзандони ман сари вақт иммунизатсия шудаанд. Писари калонӣ аллакай ба кӯдакистон меравад ва писари хурдӣ низ ба наздикӣ хоҳад рафт. Ман аз солимии онҳо хавотир нестам, зеро медонам ки онҳо муҳофизат шудаанд," - ҳангоми иммунизатсияи нақшавии фарзанди хурдии худ гуфт Фарзона.

Ваксинаҳое, ки ҳаётро наҷот медиҳанд

"Вақте, ки модарон дар бораи ваксинаҳо аз ман пурсон мешаванд, ман ҳамеша мегӯям: тасаввур кунед, ки шумо муҳофизатро ба фарзанди худ меомӯзед. Тавре, ки мо ба кӯдакон тарзи дурусти аз роҳ гузаштан ё эҳтиёт ҳангоми расидан ба ашёи гармро меомӯзем, ҳамин тавр мо тавассути иммунизатсия ба организми онҳо муҳофизат аз бемориҳои хатарнокро меомӯзем," – нақл мекунад Дилбар.

Ҳар як кӯдак сазовори овони кӯдакии солим аст ва ҳар як падару модар метавонад ин муҳофизатро ба фарзанди худ ҳадя намояд. Иммунизатсияҳои саривақтӣ  – ин ғамхорӣ нисбат ба оянда аст, ки боиси саломатии қавӣ ва табассумҳои хуши кӯдакон мегардад. 

 

Vaccination
Kumushoy Murtazakulova/UNICEF/Tajikistan

"Ҳар рӯз дар анҷоми кор ман мефаҳмам, ки боз барои муҳофизати якчанд кӯдаки дигар кӯмак кардам. Вақте оилаҳои аллакай шинос бо дигар фарзандони худсол меоянд ва ман мебинам, ки фарзандони калонии онҳо солиманд, ин аст тасдиқи беҳтарини муҳим будани кори мо," - мегӯяд Дилбар.