Рӯзҳои иловагии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон
Аз 26 октябр то 6 ноябри соли 2026 дар саросари Тоҷикистон рӯзҳои иловагии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон барои кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола баргузор мегарданд.
Маърака дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳадафи он ҳифзи кӯдакони синни хурдсол аз бемориҳои сурхча ва гулафшон мебошад, ки метавонанд боиси оризаҳои ҷиддии саломатӣ гарданд.
Сурхча тавассути ҳаво зуд паҳн шуда, метавонад боиси оризаҳои вазнин, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмония) ва энсефалит гардад. Гулафшон низ махсусан ҳангоми ҳомиладорӣ хатари ҷиддӣ дорад, зеро сироят метавонад ба инкишофи кӯдак дар батни модар зарари ҷиддӣ расонад.
Дар доираи маърака ба нақша гирифта шудааст, ки тақрибан 836 000 кӯдаки аз 6-моҳа то 5-сола дар 53 шаҳру ноҳияи кишвар фаро гирифта шаванд. Ҳадафи маърака бартараф намудани холигиҳо дар масунияти аҳолӣ, фаро гирифтани кӯдаконе, ки ба ин бемориҳо осебпазиранд ва коҳиш додани хатари паҳншавии минбаъдаи сурхча ва гулафшон мебошад.
Бо мақсади дастгирии татбиқи маърака, ЮНИСЕФ 863 500 вояи ваксинаи зидди сурхча ва гулафшонро харидорӣ ва дастрас намуд. Аз ин миқдор, 820 000 воя аз ҷониби Иттиҳоди ҷаҳонӣ оид ба ваксинаҳо ва иммунизатсия (Gavi) ва 43 500 воя аз ҳисоби маблағгузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шудааст.
Маърака дар посух ба идома ёфтани паҳншавии сурхча дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Тибқи маълумоти панели иттилоотии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) оид ба сурхча ва гулафшон барои минтақаи Аврупо, аз моҳи январ то моҳи августи соли 2026 дар кишвар 570 ҳолати лабораторӣ тасдиқшудаи сурхча ба қайд гирифта шудааст. Нишондиҳандаи гирифторшавӣ ба беморӣ 51,92 ҳолат ба ҳар як миллион аҳолиро ташкил додааст.
Кӯдакони то панҷсола 80 фоизи ҳамаи ҳолатҳои тасдиқшударо (456 ҳолат) ташкил додаанд. Аз ин шумора, 50,2 фоиз (286 ҳолат) ба кӯдакони то яксола рост меояд. Аз шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшуда, 143 ҳолат (25,1 фоиз) бо бистарӣ кардани беморон алоқаманд буд. Ҳолатҳои фавти вобаста ба сурхча ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳамчунин, дар панели иттилоотӣ 3 215 ҳолати гумонбар ба сурхча сабт шудааст, ки баъдан тасдиқ нагардиданд ва аз ин рӯ ба шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшуда дохил карда нашудаанд.
Тибқи арзёбиҳои охирини таҷдидшудаи СҶТ ва ЮНИСЕФ оид ба фарогирии иммунизатсияи миллӣ (WUENIC 2025), фарогирии кӯдакон бо вояи якуми ваксинаи зидди сурхча (MCV1) 80 фоиз ва бо вояи дуюм (MCV2) 79 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо дар баробари ҳиссаи зиёди кӯдакони синни хурдсол дар байни гирифторшудагон аҳамияти бартараф намудани холигиҳо дар масуниятро тавассути ваксинатсияи иловагӣ ва таҳкими хизматрасониҳои иммунизатсияи мунтазам таъкид мекунанд.
Иммунизатсия яке аз роҳҳои самараноктарини ҳифзи кӯдакон, пешгирии паҳншавии ин бемориҳо ва таҳкими саломатии аҳолӣ мебошад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.