Таълими масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон

Таҳқиқоти ташхисии барномаҳои таълимии мактабии ЮНИСЕФ

Climate
UNICEF Tajikistan/2025

Ҳолатҳои барҷаста

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ёддошти иттилоотии мазкурро оид ба таҳсилот дар соҳаи тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бар асоси таҳқиқоти ташхисии барномаи миллии таълимии мактабӣ таҳия шудааст. Ҳамчун яке аз кишварҳои бештар осебпазир аз таъсири тағйирёбии иқлим дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо афзоиши хатарҳои экологӣ аз ҷумла обшавии пиряхҳо, падидаҳои шадиди обу ҳаво ва норасоии об рӯ ба рӯ мебошад. Ин мушкилот бевосита ба саломатӣ, таҳсил ва некӯаҳволии кӯдакон, бахусус дар минтақаҳои деҳот таъсир мерасонанд.

Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон кишвари дорои аҳолии ҷавон мебошад ва дар он ислоҳоти таҳсилоти ба салоҳиятҳо асосёфта идома дорад, таҳқиқоти мазкур баррасӣ мекунад, ки таҳсилот оид ба тағйирёбии иқлим дар низомҳои таҳсилоти расмӣ, таҳсилоти касбӣ-техникӣ (TVET) ва таҳсилоти иловагӣ то чӣ андоза ворид карда шудааст. Ҳамчунин дар доираи ин таҳқиқот имкониятҳои тақвияти дониш, малака ва арзишҳое, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заруранд, муайян карда мешаванд.

Таҳқиқоти ташхисӣ ҷанбаҳои асосии таҳсилот оид ба тағйирёбии иқлимро дар низоми маорифи Тоҷикистон таҳлил мекунад. Аз ҷумла, муҳити мусоиди сиёсӣ ва меъёрӣ, сатҳи ҳамгироии мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим дар барномаҳои таҳсилоти расмӣ ва иловагӣ, самаранокии усулҳои таълиму омӯзиш ва сатҳи омодагии омӯзгороне, ки мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Илова бар ин, таҳқиқот дастрасии маводи таълимӣ ва захираҳои омӯзишӣ, инчунин механизмҳои ҳамоҳангсозиро, ки таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимиро дастгирӣ менамоянд, баррасӣ мекунад.

Таърихи нашр
Забонҳо
Англисӣ

Файлҳо барои боргирӣ дастрасанд