Сумая орзуи кайҳонро дорад

«Чӣ мешавад, агар ман муваффақ шавам?»

Sumaya with a telescope during one of the sessions on astronomy
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva/2026
13 Октябр 2026

Сумая, хонандаи 15-сола аз шимоли Тоҷикистон, орзу дорад, ки рӯзе ба кайҳон парвоз кунад. Ӯ бо модар ва хоҳараш дар шаҳри Панҷакент зиндагии одӣ дорад. Панҷакент, ки дар минтақаи кӯҳистонӣ дар 230 километрии шимоли Душанбе ҷойгир аст, имкониятҳои маҳаллӣ барои омӯзиши астрофизика надорад. Бо вуҷуди ин, Сумая ҳар саҳар бо ҳавас аз хоб мехезад ва кӯшиш мекунад дар мактаб хуб таҳсил кунад, зеро таҳсилро муҳимтарин роҳи расидан ба орзуҳои худ медонад.

«Ман ба осмон менигарам ва кайҳон маро водор мекунад, ки дар бораи бузургии ҷаҳонамон ва он чизҳое, ки ҳанӯз намедонем, фикр кунам. Саволҳои зиёде ҳастанд, ки олимон то ҳол ба онҳо ҷавоб наёфтаанд. Ман мехоҳам кайҳоннавард шавам ва ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кунам», — мегӯяд ӯ.

Сумая барои расидан ба орзуяш роҳи дарозе дар пеш дорад. Шавқи ӯ ба астрономия ва азмаш барои кайҳоннавард шудан дар шаҳре, ки зиндагӣ мекунад, чандон маъмул нест, бахусус бо дарназардошти қолабҳои гендерие, ки ӯ ҳанӯз бояд онҳоро паси сар кунад.

«Модарам дар ҳар коре, ки мекунам, маро дастгирӣ мекунанд. Он кас мегӯянд: “Ба дигарон нигоҳ накун. Аз рӯи орзуят амал кун”», — мегӯяд Сумая бо табассум. «Росташро гӯям, дӯстонам маро дастгирӣ намекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ин ғайриимкон аст». Ҳангоми идома додани сухан табассуми ӯ оҳиста-оҳиста гум мешавад.

Sumaya and her friend during one of the sessions on astronomy
Sumaya is looking through a telescope

Норасоии дастгирӣ тааҷҷубовар нест. Дар Тоҷикистон духтарон ҳамчунон бо интизориҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки метавонанд интихоби онҳоро дар самти таҳсил ва касб маҳдуд кунанд. Бисёре аз онҳо нисбат ба писарон барвақттар таҳсилро қатъ мекунанд ё онҳоро ташвиқ менамоянд, ки издивоҷ ва масъулиятҳои оилавиро аз орзуҳои касбӣ болотар гузоранд. Дар натиҷа, иштироки духтарон дар таҳсилоти олӣ ва соҳаҳои марбут ба STEM ҳамчунон маҳдуд буда, имкониятҳои онҳо ва дурнамои рушди иқтисодии кишварро маҳдуд мекунад.

Занон қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ба ҳар 9,7 мард 10 зан рост меояд. Аммо ин таносуб дар ҳаёти иқтисодӣ ё академӣ иштироки баробарро таъмин намекунад. Занон 77 фоизи шумораи умумии аҳолии дар таҳсил, шуғл ё омӯзиш қарорнадоштаро (NEET) ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, занон дар бозори меҳнати музднок ба таври назаррас намояндагони камтарро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки занони аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ба ҳисоби миёна танҳо 60 фоизи даромади мардонро ба даст меоранд. Беш аз нисфи занон дар Тоҷикистон ба меҳнати бемузд машғуланд ва дар натиҷа имкониятҳои таҳсил ва рушди касбии худро аз даст медиҳанд.

Тадқиқоти охире, ки аз ҷониби ниҳодҳои СММ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки чунин масир барои духтароне, ки то синни 18-солагӣ издивоҷ мекунанд, махсусан эҳтимолӣ мебошад.

Sumaya during the IDGC in Dushanbe
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva

Шумораи издивоҷҳои кӯдакон дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад. Бо вуҷуди талошҳои Ҳукумат, аз ҷумла муқаррар намудани синни ҳадди ақали қонунии издивоҷ дар 18-солагӣ ва таъмини таҳсилоти ҳатмии мактабӣ, ҳар сол беш аз 3 800 духтар бар асари суст будани назорати талаботи бақайдгирии издивоҷ ва мавҷудияти холигиҳои ҳуқуқӣ то синни балоғат издивоҷ мекунанд.

Гузориш оид ба издивоҷи кӯдакон робитаи қавӣ ва пайвастаро байни издивоҷи барвақт ва сатҳи пасттари таҳсилот ва даромади занон нишон медиҳад. Илова бар ин, тадқиқот муайян кардааст, ки дар кӯдаконе, ки аз занони барвақт издивоҷкарда таваллуд шудаанд, новобаста аз сатҳи некӯаҳволии иқтисодии оила, хатари қафомонии рушд аз лиҳози қад ба таври назаррас баландтар аст. Ин ҳолат ҳар сол барои кишвар беш аз 19 миллион доллари ИМА даромади эҳтимолии иқтисодиро аз даст медиҳад.

Натиҷаҳои тадқиқот ҳам барои хушбинӣ ва ҳам барои амал асос медиҳанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки аксари падару модарон ва парасторон дар Тоҷикистон баъзе оқибатҳои манфии издивоҷи барвақтро дарк мекунанд ва бар ин назаранд, ки ин падида бояд хотима ёбад. Бо вуҷуди ин, бисёриҳо ҳанӯз издивоҷро яке аз беҳтарин имкониятҳои дастрас барои духтарон медонанд, вақте ки интихоби дигар маҳдуд аст.

Ин нишон медиҳад, ки барои духтарон бояд роҳи равшане фароҳам оварда шавад, ки имкониятҳои воқеии дигарро тавассути таҳсилоти босифат, рушди малакаҳо, хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифз, инчунин роҳҳои дастрасӣ ба шуғли шоиста ва иштироки иқтисодӣ пешниҳод кунад. Бо фароҳам овардани чунин имкониятҳо, духтарони ҷавоне мисли Сумая метавонанд бо орзуҳои худ дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кунанд

Sumaya smiling at the camera in Panjakent park
UNICEF/Tajikistan/Shukrona Mirzoeva

Сумая ҳанӯз дар оғози роҳи худ қарор дорад, аммо имрӯз бо як қадами хурд ба орзуяш наздиктар шуд. Сухан гуфтан дар бораи орзуи ғайриодии ӯ таваҷҷуҳро ҷалб кард ва блогери тоҷик, ки дар соҳаи астрофизика тахассус дорад, бо телескопи худ ба Панҷакент омад. Парвиз Орзу, олими ҷавони ояндадор, орзуи дигар дорад: ӯ мехоҳад ба саросари кишвар сафар кунад, муҳаббати худро ба илм бо дигарон мубодила намояд ва роҳи таҳсилоти академиро ба хонандагон муаррифӣ кунад.

Барои Сумая ин аввалин бор буд, ки аз телескоп ба осмон менигарист. Ӯ Моҳро тавре дид, ки қаблан ҳеҷ гоҳ надида буд. Ӯ дарк мекунад, ки расидан ба кайҳон дониш, меҳнати зиёд, азми қавӣ ва баъзан захираҳоеро талаб мекунад, ки ҳоло берун аз имкониятҳои ӯ қарор доранд. Бо вуҷуди ин, ӯ аз ҳар имконияту захираи дастрас истифода мебарад. Дар мактаб ба омӯзиши фанҳое, ки ба назари ӯ барои сохтани роҳи орзуҳояш муҳиманд — физика, математика ва забони англисӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. 

Нақшаи ӯ омодагӣ ба таҳсили минбаъда дар кишварҳое, ки метавонанд ба ӯ имкони гирифтани таҳсилоти олӣ дар соҳаи астрономияро фароҳам созанд, Русия ё Иёлоти Муттаҳида мебошад. Ӯ ҳанӯз намедонад, ки муваффақ хоҳад шуд ё не, аммо азми кӯшиш кардан дорад.