Барномасозӣ бо ҳадафи устувор: духтари 17-сола аз Тоҷикистон барои фарогирӣ технология эҷод мекунад

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии “Духтарон дар ТИК”

Омода кардааст: Ануша Ашурова
Girls in ICT
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova
24 Апрел 2026

Дар Рӯзи байналмилалии “Духтарон дар ТИК”, духтарони ҷавон дар саросари ҷаҳон тасаввуроти маъмулиро дар бораи кор дар соҳаи технология тағйир медиҳанд. Дар Тоҷикистон Мадина Ғуломоваи 17-сола низ маҳз ҳамин корро анҷом медиҳад. Ӯ барномасозиро натанҳо барои сохтани барномаҳо, балки барои дастгирии нафароне истифода мебарад, ки ба он ниёз доранд. 

Роҳи Мадина дар соҳаи ТИК бо нияти равшан оғоз ёфт, ки натанҳо интихоби касб, балки интихоби абзоре барои эҷоди роҳи ҳалли воқеӣ мебошад. 
 

«Ман ҳамеша мехостам чизҳое созам, ки онҳоро ҳамин ҷо ва худи ҳозир истифода бурдан мумкин аст», — мегӯяд ӯ. «Дар синфи 11 вақте дигарон касб интихоб мекарданд, ман абзор, яъне барномасозӣ дар iOS-ро интихоб кардам.» 
 

Барои Мадина забони барномасозии «Swift” бештар аз як код аст. 
«Swift роҳи табдил додани идеяи абстрактӣ ба барномаи воқеӣ дар телефон аст», — шарҳ медиҳад ӯ. Бо фаъолият дар Xcode бошад, Мадина имкониятҳои худро санҷида, ба худ боварӣ пайдо кард. 

«Ман ба ин соҳа омадам, то исбот кунам, ки дар Тоҷикистон духтар метавонад офарандаи пурраи маҳсулоти сатҳи ҷаҳонӣ бошад», — таъкид мекунад ӯ. 

Girls in ICT

UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova

Girls in ICT

UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova

«Лоиҳаи ман роҳи эҷоди қарорҳое мебошад, ки зиндагии одамонро содатар ва фаҳмотар мекунанд», — мегӯяд Мадина. «Ман бовар дорам, ки тавассути дизайн, интерфейс ва мантиқ метавон дастгирӣ, ғамхорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро бо дигарон мубодила намуд.» 
 
Ҳадафи барнома дастрас гардонидани маълумоти мураккаб ва фароҳам овардани фазое мебошад, ки дар он технология ҳамчун ёрдамчӣ амал мекунад, мушкилот содда мегарданд ва дастгирӣ ҳамеша дастрас аст. 
 

«Барои ман муҳим аст, ки чизе созам, ки дар ҳақиқат ба касе кӯмак кунад», — мегӯяд ӯ. 

Ин равиши ӯ нишон медиҳад, ки технология танҳо дар бораи навоварӣ нест, балки дар бораи фарогирӣ низ ҳаст, то ҳеҷ кас канор намонад.

Girls in ICT
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova Madina also conducts courses on financial literacy and basic ICT skills.

Омӯзиши Мадина танҳо бо мактаб маҳдуд намешавад. Ӯ пайваста курсҳои тахассусии Apple-ро мегузарад ва дар омӯзишҳои амалӣ иштирок мекунад, ки дар он Arduino-ро меомӯзад, то беҳтар дарк кунад, ки чӣ гуна нармафзор бо дастгоҳҳои физикӣ ҳамкорӣ мекунад. «Ман ҳамеша ва дар ҳама ҷо меомӯзам», — мегӯяд ӯ. 
 
Ҳамзамон, ӯ  роҳҳои тақвиятбахшии тафаккури интиқодиро тавассути зеҳни сунъӣ меомӯзад. «Имрӯз истифодаи технология ва зеҳни сунъӣ танҳо барои ёфтани ҷавобҳои омода нест», — мегӯяд ӯ. «Ин бештар дар бораи рушди фарҳанги тафаккури интиқодӣ тавассути додани саволҳои дуруст аст.» 
 
Мадина платформаҳое мисли «Claude”-ро на ҳамчун роҳи кӯтоҳ, балки ҳамчун абзори рушди зеҳнӣ мебинад. «Мо онҳоро ҳамчун “мураббии зеҳнӣ” мебинем, ки моро водор месозанд фикрҳоямонро равшантар баён кунем ва мантиқи қарорҳоро таҳлил намоем», — мегӯяд ӯ. 
 
Илова бар фаъолият дар самти технология Мадина дарсҳои саводнокии молиявӣ мегузаронад ва дар соҳаи финтех таҳқиқот анҷом медиҳад. «Роҳи ман омезиши технология, масъулияти иҷтимоӣ ва хоҳиши тағйир додани муносибат ба таҳсилоти ТИК мебошад», — шарҳ медиҳад ӯ. 
 
Имсол дар доираи Рӯзи байналмилалии “Духтарон дар ТИК”, Мадина қадами дигаре ба пеш мегузорад. Ӯ барои духтарони ба технология ҳавасманд мастер-класс мегузаронад. «Барои ман ин имконият аст, то ин рӯҳияро бо дигарон тақсим кунам ва нишон диҳам, ки технология пуриқтидортарин абзор барои ғамхорӣ ва кӯмаки воқеӣ аст», — мегӯяд ӯ. 
 

Girls in ICT
UNICEF/Tajikistan/Anusha Ashurova

Паёми ӯ ба духтарони дигар равшан ва илҳомбахш аст: 


«Озодии ҳақиқии технология дар он аст, ки ҳар мушкили муҳимро метавон ба як ҳалли рақамии амалкунанда табдил дод. Зеҳни сунъӣ танҳо суръатбахши дидгоҳ ва иродаи шумост.» 
 
 

Қиссаи Мадина хотиррасон мекунад, ки пушти ҳар як сатри код нияти инсонӣ меистад ва вақте ки ба духтарон имконият дода мешавад, ки омӯзанд, эҷод кунанд ва роҳбарӣ намоянд, онҳо метавонанд технологияро ба нерӯи некӣ табдил диҳанд. 
 
Дар ин рӯз паёми ӯ равшан аст: технология танҳо сохтани барномаҳо нест, балки сохтани ояндаи фарогир аст. Муҳим аст, ки чунин ташаббусҳо танҳо ба як рӯз маҳдуд нашаванд. Шикастани қолабҳои фикрие, ки технология “барои духтарон нест” ва васеъ намудани имкониятҳо барои рушди малакаҳои рақамии талаботнок бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад, то духтарони бештар тавонанд ояндаи инноватсияро шакл диҳанд.