Солимии равонии наврасон

Беҳтар кардани некӯаҳволии наврасон ва ҷавонон тавассути барномаи солимии равонии наврасон ва тавсеаи дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ барои ҷавонон.

Adolescent
UNICEF Tajikistan/Dodojonov

Мушкилот

То соли 2015 танҳо 4000 нафари то 25-сола аз ҷониби мақомоти тандурустӣ бо вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО) ё сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ба қайд гирифта шудаанд. Аз лиҳози демографӣ 58%-и аҳолии Тоҷикистон то 25-сола аст, яъне то 0,1% ҷавонон бо осебпазирии саломатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишонаи хеле камистифода будани хидматрасониҳои тиббӣ буда, ҷамъоварӣ ва сабти нокифояи маълумотро дар бораи ин гурӯҳи синну солро инъикос мекунад.

Наврасон низ дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои тиббӣ доранд ва хадамоти тиббие, ки ба наврасон дастрас аст, асосан ба ниёзҳои онҳо мутобиқ карда намешаванд. Аз ҷумла, дар кишвар соҳаи солимии равонӣ ва хадамоти равониву иҷтимоӣ маҳдуд ва суст инкишоф ёфтааст.

Талабот ба солимии равонӣ ва хадамоти равоншиносӣ дар Тоҷикистон дар як пажӯҳиш оид ба худкушӣ, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар соли 2012 анҷом шуда буд, таъкид шудааст.

Дар солҳои 2009-2010 сатҳи худкушӣ дар вилояти Суғд 11,2 ҳолат ба 100 000 ҷавони 12-24-соларо ташкил дод (барои духтарон 11,7 ва писарон 10,6). Ин маънои онро дорад, ки ба таври ғайримуқаррарӣ, аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ, сатҳи худкушии занон дар ин синну сол нисбат ба мардон ба таври назаррас зиёд аст. Кор бо наврасон ва истифода аз нерӯи онҳо, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои рушд, иштирок ва пешрафт ба онҳо барои рушд ва ҳифзи сулҳу субот дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ҳалли мушкилот

Наврасон ба механизмҳои мубориза бо стресс ва мушкилот; донистани муоширати созанда; муқовимат ба зӯроварӣ ва низоъ дар дохил ва дар робита бо дигарон; ва эътирофи арзиши гуногунӣ ва фарогирӣ  ниёз доранд. Дар ин замина, вазоратҳои маориф ва тандурустӣ дар асоси таҷрибаи пешқадам дар соҳаи хизматрасонии тиббии ба наврасон мувофиқ, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дастгирӣ мешаванд,  ҳоло дар якҷоягӣ барномаҳои миллии солимии равониро барои духтарон ва писарони наврас таҳия мекунанд.

Барои фароҳам овардани хидматрасонии солимии равонӣ ба наврасон, ЮНИСЕФ иқтидори равоншиносон ва мушовиронро афзоиш медиҳад ва расонидани кумаки ҳамсол ба ҳамсолро дар мактабҳо ва системаи тандурустӣ дастгирӣ менамояд, то ба наврасон хидматрасонии солимии равониро фароҳам оварад.

Бо истифода аз технологияҳои муосир (платформаи электронӣ) гурӯҳи бештари ҷавонон фаро гирифта мешаванд ва тавассути абзорҳои муосири барои ҷавонон ошно расонидани машварати махфӣ ва дастгирии солимии равонӣ ба роҳ монда мешавад. Ин тарзи кор ба пешниҳоди машваратҳои саривақтӣ бо истифода аз усулҳои гуногун барои дастгирии наврасон барои интихоби солим ва рушди солимии равонӣ манфиат дошта, аз ҷумла барои пешгирии афсурдагӣ ва андешаҳои худкушӣ ё расонидани зарар ба худ ё дигарон.

Ин хидматҳое, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дастгирӣ мешаванд, эҳтиёҷоти гуногуни духтарон ва писаронро тавассути таъмини дастрасии намунаҳои рафтор ва кормандони тиббии ҳарду ҷинс ва доираи гуногуни хидматҳои махфӣ қонеъ менамояд.

Илова бар ин, хадамоти солимии равонӣ тавсеаи ҷории хадамоти тиббии барои ҷавонон мувофиқро дар кишвар мукаммал хоҳад кард ва машварати равонӣ ва системаҳои дастгирии «ҳамсол ба ҳамсол» қисми ин хадамот хоҳанд буд.