Малакаҳо ва навовариҳо барои наврасон

Наврасон ва ҷавонон, хусусан табақаҳои аз ҳама осебпазир, дорои малакаҳо ва салоҳиятҳои зарурӣ барои асри 21 мебошанд ва ин ба шуғли онҳо мусоидат менамояд.

Skills
UNICEF Tajikistan/2025/A.Ashurova

Мушкилот

Натиҷаҳои баррасиҳо ва тадқиқотҳои бахшида ба осебпазирӣ ва дарканормонии наврасон ва ҷавонон (аз 10 то 24 сола) дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии ЮНИСЕФ дар солҳои 2015, 2016 ва 2018 сурат гирифтанд, тасдиқ намуданд, ки сифати пасти таҳсил сабаби сатҳи баланди муҳоҷират байни ҷавонон мегардад (байни онҳо тақрибан 18% занҳо мебошанд). Дар кишвар ин омил бо набудани имконият барои шуғли пурра баъд аз хатми мактаб дар як сатҳ қарор дорад. Ин наврасон ва ҷавонон аз вазъияти иқтисодӣ, сифати таълим ва набудани имконият норозӣ мебошанд. 

Соли 2016 дар маҷмӯъ 504,799 наврасон ва ҷавонон (аз 15 то 24 сола) аз кор, таҳсил ё омодагии касбӣ (NEET) фориғ буданд, ки ин нишондиҳандаи бо 30% NEET байни ҷавонон баробар аст. Бояд қайд намуд, ки нишондиҳандаи NEET байни занон нисбат ба мардон нуҳ маротиба баландттар аст. Дар маҷмӯъ иқтидори меҳнатии ҳар як панҷумин ҷавон ба таври пурра истифода намешавад. 

Дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои аз ҳама баландтарини хориҷшавӣ аз мактаб миёни наврасон ба қайд гирифта шудааст. Рутбабандии хатми синфҳои болоии таҳсилоти миёна (синфҳои 10 ва 11) рӯ ба пастшавӣ овардааст. Таҳлили дуршавӣ аз таҳсил нишон дод, ки духтарони синну соли аз 11 то 17 сола, дар муқоиса бо писарон тақрибан 2 маротиба бештар аз имконияти ба дарсҳо рафтан, дохилшавӣ ба мактаб ва дар маҷмӯъ таҳсил намудан маҳрум мебошанд (мутаносибан фарқияти 1.95, 6.76 ва 6.43 фоиз). Инро метавон бо он маънидод намуд, ки духтарон одатан аз писарон барвақттар тарки мактаб менамоянд. Одатан дар синни 15 солагӣ, баъд аз хатми таҳсилоти миёнаи ҳатмии нопурра.  

Роҳи ҳал

Ба туфайли кори мо дар самти такмили малакаҳо ва рушди навоварӣ ЮНИСЕФ кӯшиш мекунад, ки тамоми духтарон ва писарони наврас, аз ҷумла аз ҳама осебпазир, барои гузариши бомуваффақият аз таҳсил ба ҳаёти самараноки мустақилона имконият дошта бошанд. Дар ҳамоҳангӣ бо шарикони худ ҳам аз ҳукумат ва ҳам аз ҷумлаи шарикони рушд, ҳам дар доираи таҳсилоти расмӣ (мактабҳо ва муассисаҳои касбӣ-техникии сатҳи аввал) ва ҳам дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ ЮНИСЕФ шабакаҳои иттилоотиро бунёд менамояд. Ҳар як роҳи пешниҳодшуда имкониятҳои мушаххасро барои омӯзиш, такмили ихтисос ва дарёфти шуғл фароҳам меоварад, ки гуруҳҳои гуногуни наврасон ва ҷавононро дар бар хоҳад гирифт. Аммо таваҷҷуҳи махсус ба гуруҳҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ зоҳир карда мешавад. 

Дар ҳамоҳангӣ бо шарикон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ЮНИСЕФ дар саросари кишвар лабораторияҳои инноватсияниро барои наврасон бунёд менамояд. Лабораторияҳои мазкур ба ҳайси марказҳои ғайрирасмии омодагии касбӣ фаъолият менамоянд.

Дар лабораторияҳои мазкур ЮНИСЕФ барои рушди зарфияти эҷодии ҷавонон кӯмак расонида, малакаи онҳоро барои асри 21 сайқал медиҳад. Ҳамин тариқ ба онҳо кӯмак мерасонад, то навовари иҷтимоии ҷомеаҳои худ бошанд. 

ЮНИСЕФ барномаи таълимии стандартиро барои соҳибкории иҷтимоӣ бо унвони “ПЕШСАФ” дар лабораторияҳои инноватсионӣ барои наврасон роҳандозӣ менамояд. Дар доираи ин барномаи таълимӣ наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла табақаҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ, малакаҳои соҳибкории иҷтимоии худро сайқал хоҳанд дод. 

Онҳо барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоте, ки ба онҳо ва ҷомеаҳои онҳо дахл доранд, инчунин барои роҳандозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи платформаҳои рақамӣ имконият пайдо мекунанд. 

Бо истифода аз технологияҳои муосир ва фазои рақамӣ ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ, ЮНИСЕФ салоҳиятҳои касбӣ ва малакаҳоро дар ҷои кор рушд дода, диққати махсусро дар омодагии рақамии наврасони аз ҳама осебпазир ва ҷавонон (фориғ аз шуғл, таҳсил ё омодагии касбӣ) равона мекунад. Ин ҳама дастрасиро ба таҷрибаи касбӣ ва шуғл осон менамояд. 

Истифода аз манбаъҳои таъсир ҳамчун модели шуғл ва ҷалби корфармоёни беруна барои тиҷорат (аутсорсинг) ба сифати як нуқтаи ибтидоӣ мебошад, ки онро ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ будён менамояд. Ҷавононе, ки курсҳои мазкурро хатм намудаанд, дар доираи муассиаҳои рақамӣ ба имкониятҳои мавҷуда ва нави шуғл дар дастрасӣ пайдо менамоянд. Ин ҳама муассисаҳои дохилӣ ва хориҷии аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул мебошанд. Ҳамаи ин ба бунёди қувваи кории рақамӣ мусоидат хоҳад намуд, ки онро метавон дар ҳар шароит ва саноат истифода намуд. Яъне салоҳиятҳои тайёре, ки бевосита дар маҳалҳо ҳаст. Инчунин онҳо метавонанд баҳри касбу кори муваффақ барои ҷавонон заминаи мустаҳкамро фароҳам оранд.