Иштироки наврасон

Кор бо наврасон, истифодаи иқтидори онҳо ва додани имконият барои рушд, иштирок ва шукуфоӣ ба онҳо ба рушди сулҳу субот дар Тоҷикистон мусодат менамояд.

Adolescence Participation
UNICEF Tajikistan

Мушкилот

Иштироки ҷавонон воситаи муҳими таъмини иштироки шаҳрвандон ва аз байн бурдани фарқияти иҷтимоӣ ва нобаробарӣ дар қудрат мебошад. Он метавонад ба таҳкими робитаи байни ҷавонон ва ҷомеаҳои маҳаллии онҳо, бунёди ваҳдати иҷтимоӣ ва ҳисси мансубият дар байни наврасон ва ҷавонон мусоидат намояд. Махсусан барои кор бо гуруҳҳои осебпазир ва канормондае мисли шахсони бе маълумот, кор ё омодагии касбӣ, муҳим мебошад. 

Зиёда аз 83% наврасон дар Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои инсон бархӯрдор нестанд 

Тавассути машварат ва муколама бо ҷавонон тасмимҳои сиёсӣ ва барномавиро метовон боз ҳам самаранок ва мутобиқ ба талаботҳо ва орзуҳои духтарон ва писарони ҷавон намуд. Тадқиқот (ЮНИСЕФ) нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон масъулияти шаҳрвандӣ байни наврасон дар сатҳи хеле паст ба назар мерасад. Сатҳи иштироки наврасон (аз 10 то 14 сола) дар ҷамъомадҳои ҷамъиятӣ ва маҳаллӣ ба 10% баробар мебошад. Танҳо 3% наврасон, ки дар тадқиқот иштирок намудаанд, оид ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва наврасон ба раиси ҷамоат муроҷиат кардаанд.  

Роҳи ҳал

Дар заминаи равишҳои, платформаҳо ва асбобҳои инноватсионӣ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон механизмҳои устувори машваратиро барои ҷавонон таҳия менамояд. Онҳо барои таҳкими овози наврасон ва ҷавонон ва нигоҳ доштани робита байни талаботҳои онҳо ва равандҳои таҳияи сиёсат ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард. 

Барномаи махсуси таълимӣ оид ба салоҳият дар сулҳофарӣ бо таваҷҷуҳ ба иштирок ва ҳамбастагии иҷтимоӣ байни наврасон ва ҷавонон таҳия шуда, дар доираи силсилаи чорабиниҳои таълимӣ, аз ҷумла модулҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ, ба мисли марказҳои ҷавонон, иттиҳодияи милли ихтиёриёни Тоҷикистон таълим дода шудааст. 

Ҷавонони босалоҳият дар механизмҳои машваратии ҷавонон барои тасмимгирӣ дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд. Яъне дар модели идоракунии маҳаллӣ, ки ба нафъи кӯдакон ва ҷавонон нигаронида шудааст ва дар чор ноҳияҳои дурдаст роҳандозӣ мешавад. 

Бо такя ба ин таҷриба ва дар доираи модели мутобиқшудаи идоракунии маҳаллӣ ЮНИСЕФ барои машварат бо ҷавонон ва ба нафъи кӯдакон ва ҷавонон платформаҳоро дар ҳашт ноҳияҳои кишвар бунёд хоҳад намуд. Дар оянда эҳтимоли тавсеаи он дар сатҳи миллӣ вуҷуд дорад.