Паст кардани хатари ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табии

Кӯдакон, омӯзгорон ва волидон дарк менамоянд ва медонанд, ки дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда ба мисли обхезӣ, ярч ё заминҷунбӣ чӣ тавр рафтор кунанд

emergency drill exercise
UNICEF Tajikistan

Мушкилот

Мувофиқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазири минтақа ба тағйироти иқлим мебошад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои табии зиёд ба мисли тарма, заминларза, сел ва ярч рух медиҳанд. Мувофиқи маълумоти КҲФ Тоҷикистон дар давраи аз соли 1997 то соли 2017 ҳамасола тақрибан 150 офатҳои табии рух додаанд. Мамлакат дар минтақаи хатари баланди сейсмикӣ қарор дорад. 

Unicef worker talking with Emergency Commitee worker
UNICEF Tajikistan

Мувофиқи арзёбӣ тақрибан 88.3% кӯдакон дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҳти хатари баланд ва хело баланди сейсмикӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола 50-60% ҷабрдидагони офатҳои табиӣ кӯдакон мебошанд.

Офатҳои табиӣ ва оқибатҳои тағйироти иқлим ҳуқуқҳои асосӣ, зиндамонӣ ва некӯаҳволии кӯдаконро таҳти хатар мегузоранд. Хатарҳои асосии марбут ба тағйироти иқлим, ки метавонанд ба кӯдакони дар Тоҷикистон таъсири амиқ расонанд, дар натиҷаи падидаҳои зерин бармеоянд: 

  • Хушксолӣ ва норасоии об: Дар Тоҷикистон тақрибан 25% кӯдакон дар ноҳияҳои дорои сатҳи баланд ва хело баланди хушксолӣ зиндагӣ мекунанд. 
  • Обхезиҳо. Дар Тоҷикистон тақрибан 30% кӯдакон дар минтақаҳои ба обхезӣ хело моил зиндагӣ мекунанд. Дастрасӣ ба санитария тақрибан ба15% (дар шаҳрҳо 44% ва 3% дар деҳот) баробар мебошад. 
  • Стресс аз гармӣ: ин масъалаи рӯзафзун барои кӯдакон, хусусан кӯдакони то 12 моҳа мебошад. Навзодон ва кӯдакони хурдсол одатан аз надоштани қобилияти муқаррар намудани ҳарорати бадани худ ва муҳити атроф ба вафот дучор мешаванд ё зарбаи гармӣ мегиранд. 
  • Ифлосшавии ҳаво: ҳам дар дохили биноҳо (асосан дар натиҷаи истифодаи сӯзишворӣ ва оташдонҳои бо ангиштсанг), ҳам дар берун барои кӯдакон хатари калонро эҷод мекунанд. Таъсири моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ҳангоми нафаскашӣ махсусан барои кӯдакон хатарнок аст, чунки шушҳои онҳо то 18 солагӣ инкишоф меёбанд. 
  • Тағйирот дар паҳншавии ҷуғрофии бемориҳо. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, боришот ва намӣ ба афзоиш ва зиндамони хомӯшакҳое, ки вараҷаро интиқол медиҳанд, таъсир мерасонанд. Дар натиҷаи зиёд шудани боришот, обхезӣ ё ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво оби қасодӣ метавонад ба паҳншавии бемориҳое, ки тавассути об ва ғизо мегузаранд мусоидат намоянд. Ин бемориҳои мисли дарунравӣ, вабо ва менингити менингикоккӣ мебошанд. 

Роҳҳои ҳал

“Стратегияи миллии паст кардани хатари офатҳои таббии”, инчунин “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” ба таъмини андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда ва пайваста барои рафъи хатари афзояндаи тағйирёбии иқлим ва офатҳои табии, инчунин барои рафъи зарари афзоянда ба Тоҷикистон аз нуқтаи назари фавт, осеб ва шумораи одамони ҷабрдида ва зарари иқтисодӣ равона шудаанд.  

ЮНИСЕФ барои пешбурди масъалаҳои марбут ба паст кардани хатари офатҳои таббии (ПХОТ) имкониятҳои хуби стратегӣ дорад. Низоми умумиҷаҳонии ЮНИСЕФ бахшида ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда бартарии муқоисавӣ дошта, ба уҳдадориҳои асосӣ барои кӯдакон дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамкорӣ байни кишварҳо ва вазоратҳои дахлдор ҷавобгӯ мебошад. 

ЮНИСЕФ ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва шомил намудани ПХОТ дар барномаҳо ба ҳайси стратегияҳои байнисоҳавӣ диққати махсус медиҳад. Дар ин раванд ЮНИСЕФ бо ҳукумат ва дигар шарикон, аз ҷумла дигар муассисаҳои СММ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамоянд. Мақсади он баланд бардоштани устуворӣ дар сатҳи маҳалҳо бо диққати махсус ба нафарони аз ҳама бештар осебпазир мебошад. Инчунин, пешбурди барномаи ОРЭД ва ПХОТ ба воситаи баланд бардоштани зарфияти муассисаҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва хадамоти маориф ва тандурустӣ афзалияти асосӣ мебошад. Ин ҳама барои омодагӣ ва вокуниши беҳтар ба як қатор офатҳои таббии ки мунтазам дар кишвар рӯӣ медиҳанд, равона шудаанд. 

ЮНИСЕФ ба низомҳои муштараки дастгирикунандаи фаъолияти башардӯстона такя менамояд, ки ҳадафи он ноил шудан ба тавсеаи зудтари вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи нав мебошад. Дар доираи ин ташаббус мо баҳри баланд бардоштани иқтидори омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар тамоми сатҳҳо кор мекунем.

Инчунин, таваҷҷуҳи чорабиниҳо ба ҷамъоварии делелҳо дар бораи осебпазирии кӯдакон ва ҷомеаҳо ба офатҳои табии ва тағйирёбии иқлим, инчунин арзёбии моделҳои коҳиш додани таъсир ва мутобиқшавӣ равона карда хоҳанд шуд. Ин ҳама ба беҳтар кардани шаклдиҳӣ ва таҳлили хатарҳои кӯдакони аз ҳама бештар осебпазир, таҳияи моделҳои муассири иқтисодии паст кардани оқибатҳо ва мутобиқшавӣ, асоснок намудани зарурияти сармоягузорӣ дар шомил намудани самтҳои афзалиятнок барои кӯдакон баҳри баланд бардоштани устувории онҳо ба офатҳои табии ва тағёирйёбии иқлим сабаб мешавад. 

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои низоми маориф, ки устувории кӯдаконро тақвият дода фазои бехатари таҳсилро таъмин менамоянд, ЮНИСЕФ бо шарикон ҳамкорӣ дорад. Чорабиниҳо дар доираи ҷузъиёти мазкур ба омода намудани кӯдакон ва ҷомеаҳои онҳо ба офатҳои эҳтимолӣ ва оқибатҳои онҳо равона шудаанд. Ба кӯдакон, омӯзгорон, волидон ва дигар аъзоёни ҷомеа оид ба дарк ва идораи хатарҳо таълим дода мешавад. Инчунин, онҳо чораҳои паст кардани хатар, таъмини омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи обхезӣ, ярч, заминларза ва дигар хатарҳоро низ меомӯзанд. 

ЮНИСЕФ барои таъмини ҷалби васеътари ҷавонон ба ОВҲФ (Омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда), ПХОТ ва МТИ (Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим) дар сатҳҳои миллӣ ва маҳаллӣ талош хоҳад варзид. Ин тавассути тавсеаи дарки хатарҳои офатҳо, паст намудани оқибатҳо, чораҳои пешгирӣ ва таъмини омодагӣ ва равишҳои самаранок ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим иҷро хоҳад шуд. Ҷавонон ва кӯдакон роҳҳои ҳали инноватсионӣ, аз ҷумла истифодаи технология барои баланд бардоштани самаранокии таҳсил оид ба ПХОТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз тағйирёбии иқлим ва сафарбаркунии ҷавонон ва ҷомеаро хоҳанд омӯхт. 

Захираҳо