Барномаи пешгирӣ ва назорати сироятҳо (пнс) дар Тоҷикистон
Ҳисоботи арзёбии ниҳоӣ
Highlights
Дар солҳои охир Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии (ВТҲИА) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи тадбирҳои ПНС ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Ин пешрафт таъсиси Гурӯҳи кории техникӣ вобаста ба пешгирӣ ва назорати сироятҳо (ПНС), ки як равиши бисёрсоҳавӣ мебошад, инчунин таҳияи як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими марбут ба сиёсат ва санадҳои стратегиро дар бар мегирад.
Дар қатори онҳо “Дастурамали миллӣ оид ба пешгирии сироятҳо ва назорати сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (дастурамали ПНС) мебошад, ки ҳамчун поя барои фаъол сохтани татбиқи тадбирҳои ПНС дар сатҳи муассисаҳои тиббӣ хизмат мекунад.
Соли 2022 бо дастгирии СУТ, ЮСАИД ва ЮНИСЕФ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои беҳтарсозии назорати сироятҳоро дар доираи лоиҳаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ оғоз намуд. Ин тадбирҳо ба бозбинии дастурамали ПНС ва таҳияи расмиёти стандартии амалиётӣ (РСА) равона шуда буданд. Ҷанбаҳои калидии ин ташаббус баланд бардоштани иқтидори кормандон ва роҳбарони низоми тандурустӣ дар соҳаи ПНС буд.
Бо мақсади беҳтар намудани сабти саривақтӣ ва назорати сироятҳои дохилибеморхонавӣ (СДБ), ВТҲИА фармони махсус (№ 133, с. 2019) вобаста ба сабти саривақтӣ ва ҳисоботдиҳии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СДБ-ро содир намуд. Бо вуҷуди ин, пешрафти воқеӣ дар сатҳи маҳаллӣ бинобар огаҳии нокофӣ ва дарк накардани масъала аз ҷониби роҳбарон ва кормандони муассисаҳои КАТС ва беморхонаҳо (муассисаҳои тиббии сатҳи дуввум) маҳдуд боқӣ мемонад.
Сатҳи пасти ПНС яке аз сабабҳои фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон мебошад. Оморҳои ВТҲИА тасдиқ мекунанд, ки дар с. 2023 тақрибан 70% ҳолатҳои фавти кӯдакони то панҷсола дар миёни кӯдакони то дувоздаҳмоҳа рух дод ва 87% ҳолатҳои фавти навзодон дар ҳафтаи аввали ҳаёт сабт шудаанд. Бисёре аз ин ҳолатҳои фавт бо сифати пасти кӯмаки тиббӣ ва СДБ, ки аз муҳити носолим, аз ҷумла таъминоти нокофии об, санитария ва гигиена (ОСБ) дар муассисаҳо сар задаанд, вобаста мебошанд.
Арзёбии ниҳоии низоми пешгирӣ ва назорати сироятҳо (ПНС) дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мешавад (барои с. 2020–2025), бо мақсади арзёбии дастовардҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Пешгирӣ ва назорати сироятҳо барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар Тоҷикистон» анҷом дода шуд.