Арзёбии вазъи барномаи решакан намудани интиқоли сироят аз модар ба кӯдак (рисмк) дар Тоҷикстон

Ва таҳияи гузориш оид ба санҷиши пешакии мутобиқат (валидатсия)

A mother is holding her baby in the rural area
UNICEF/Tajikistan/

Highlights

Ҳадафи гузориш арзёбии омодагии кишвар барои санҷиши мутобиқат (валидатсия) дар самти решакании интиқоли ВНМО, гепатити В ва оташак аз модар ба кӯдак мебошад. Дар доираи ин кор ҷонибҳои манфиатдори миллӣ бо талабот ва методологияи пешниҳоди маълумоти босифат, ки барои раванди санҷиши мутобиқат заруранд, шинос гардида, омӯзиши дахлдор мегиранд. Гузориш ҳамчунин ба дастгирии ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва шарикон дар таҳияи нақшаи амал бо муайян намудани муҳлатҳои мушаххаси татбиқ ва мусоидат ба беҳтар намудани пешгирӣ ва расонидани кӯмак вобаста ба ВНМО, гепатити В ва оташак барои занони ҳомила ва занони синни репродуктивӣ равона шудааст.

Арзёбӣ самаранокии чораҳои амалкунандаи пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити В ва оташак аз модар ба кӯдак, аз ҷумла пешниҳоди табобат ва чораҳои пешгирикунанда барои занони ҳомила ва навзодонро фаро мегирад. Дар доираи арзёбӣ ҳамгироии хизматрасониҳои антенаталӣ ба низоми кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва монеаҳои мавҷуда дар роҳи решакании интиқоли ин сироятҳо аз модар ба кӯдак баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин маълумот оид ба ташхиси ВНМО, гепатит ва оташак, фарогирӣ бо табобат ва натиҷаҳо дар байни занони ҳомила ва кӯдакон бо мақсади муайян намудани таъсири барнома таҳлил гардида, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда муайян ва барои бартараф намудани онҳо тавсияҳои ба далелҳо асосёфта пешниҳод карда мешаванд. Ба раванди арзёбӣ кормандони соҳаи тандурустӣ, сиёсатгузорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷалб мегарданд, то андешаҳои гуногун ба назар гирифта шуда, арзёбии ҳамаҷониба таъмин карда шавад.

Cover Page Tajik
Муаллиф
Профессор Юстина Д. Ковальска
Таърихи нашр
Забонҳо
Англисӣ

Файлҳо барои боргирӣ дастрасанд