Тавонмандсозии ҷавонон тавассути шуғли фосилавӣ ва малакаҳои рақамӣ

Тавассути шуғли фосилавӣ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон рушди малакаҳои дорои талаботи зиёд ва эҷоди имконияти шуғли фосилавӣ барои ҷавонони аз ҳама камбизоатро дастгирӣ менамояд.

-
Умеда Фозилова
11 Июл 2023
«Ҷавонони имрӯза ба имкониятҳои аз худ кардани малакаҳои асри 21 ва ба зарфияти эҷодкорӣ ва ташаккули тафаккури инноватсионӣ ниёз доранд. Ин малакаҳо барои шуғли ояндаи ҷавонон ҳатмӣ мебошанд.» – мегӯяд Мавригул Қосумбекова, муассиси «Маркази воридкунии додаҳо» дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон.

Мавригул Қосумбековаи 29 сола сокини шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар он тақрибан 32,000 нафар умр ба сар мебаранд. Шаҳри Хоруғ дар яке аз минтақаҳои дурдасттарини Тоҷикистон ҷойгир мебошад ва дар онҷо имконияти донишомӯзӣ ва дарёфти шуғл барои ҷавонон маҳдуд аст. Бо вуҷуди ин Мавригул тавассути шуғли фосилавии рақамӣ фазои имкониятро дар ин минтақа дигаргун сохта истодааст.

Фароҳам овардани шуғли беҳтар барои ҷавонони камбизоат

«Вақте, ки ман наврас будам орзу доштам, ки ширкати худро таъсис диҳам ва ба аҳолии минтақаам тавассути эҷоди ҷойҳои корӣ кӯмак расонам» – ба хотир меорад Мавригул

Аз соли 2017 инҷониб Мавригул роҳбари ширкати аутсорсинги рақамии «Маркази воридкунии додаҳо» мебошад, ки барои зиёда аз 500 ширкатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар шакли воридкунии додаҳо, низомҳои идоракунии робитаҳо бо мизоҷон ва омода намудани гузоришҳои молиявӣ хизмат мерасонад. Айни замон дар ширкати навтаъсиси ӯ 45 ҷавон аз Хоруғ ва дигар шаҳрҳо кор мекунанд, ки синну соли онҳо аз 22 то 35 сола мебошад.

Қабл таъсиси ширкати аутсорсинги рақамии худ Мавригул ба «Маркази инноватсионии Помир» кӯмак мекард. Ин марказ як ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ мебошад, ки ҳадафи он эҷоди имкониятҳои нави шуғл барои ҷавонон тавассути омӯзиш ва шабакасозӣ бо ширкатҳо гуногун аз саросари ҷаҳон мебошад.

Бо дастгирии ЮНИСЕФ ва маблағгузоӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо мо бо таҷҳизоти компютерӣ ва омӯзиш таъмин шудем, то ин ки тавонем бо малакаҳои ибтидоии компютерӣ ба ҷавонони шаҳри Хоруғ кӯмак расонем. Баъдан мо онҳоро тавассути шуғли фосилавии рақамӣ бо корфармоёни эҳтимолӣ пайваст менамоем.

Мавригул Қосумбекова, муассиси «Маркази воридкунии додаҳо» дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон
A Pamir Innovation Hub
UNICEF/Tajikistan/2023/ K. Karamaliev Мавригул дар «Маркази инноватсионии Помир».

«Маркази инноватсионии Помир» платформае мебошад, ки баҳри эҷоди имкониятҳои шуғл тавассути роҳҳои ҳалли инооватсионии рақамӣ барои ҷавонони камбизоат пешбинӣ шудааст. Тавассути омӯзиши мутобиқшуда ва шабакасозӣ, ҷавонон малакаҳоро аз худ намуда барои шуғли фосилавӣ имконият пайдо менамоянд.

«Вақте, ки мо «Маркази инноватсионии Помир»-ро таъсис додем боварӣ доштем, ки ба натиҷаҳои мусбӣ ноил хоҳем гардид. Зеро ки дар минтақа эҳтиёҷоти калон вуҷуд дошт ва ҷавонони зиёде бо хoҳиши омӯзиш ва кор дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ба мо муроҷиат мекарданд. » - қайд намуд Мавригул.

A young woman working on her PC
UNICEF/Tajikistan/2023/ K. Karamaliev Мавригул дар ҷои кории худ.
Шуғли фосилавӣ ҳамчун ҳалли мушкилии муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон

Дар мавриди гузариш аз таҳсил ба шуғл дар Тоҷикистон, ҷавонон табақаи аз ҳама осебпазири аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Зиёда аз ним миллион ҷавон фориғ аз таҳсил, шуғл ё омӯзиш мебошад (NEET), ки 30 дарсади онҳо дар Хоруғ умр ба сар мебаранд. Илова бар ин фосилаи назарраси гендерӣ низ ба назар мерасад. Дар муқоиса бо ҷавонписарон ҷаводухтарони тоҷикистонӣ эҳтимоли камтари дарёфти таҳсил ё шуғлро доранд: 49 дарсади духтарони аз 15 то 24 сола ва танҳо 7 дарсади мардон.

ЮНИСЕФ баррасӣ ва тадқиқоти санадҳоро роҷеъ ба дарканормонӣ ё хориҷ кардани наврасон ва ҷавонони аз 10 то 24 сола дар Тоҷикистон гузаронида, тасдиқ намуд ки маърифатнокии паст дар якҷоягӣ бо норасоии имкониятҳои шуғли пурмаҳсул дар дохили кишвар баъд аз хатми мактаби миёна боиси сатҳи баланди муҳоҷират дар байни ҷавонон мегардад (духтарон тақрибан 18 дарсади ин муҳоҷиронро ташкил медиҳанд). Ин наврасон ва ҷавонон аз вазъи иқтисодӣ, сифати таҳсилот ва норасоии имкониятҳои шуғли муносиб қаноатманд нестанд.

Шуғли фосилавӣ як таҷрибаи соҳибкорӣ мебошад, ки дар доираи он ширкатҳо кормандонро аз байни маҳалҳои камбизоат ба кор мегиранд. Тавассути шуғли фосилавӣ ширкатҳо ба нафароне, ки метавонанд ба имкониятҳои шуғли анъанавӣ дур бошанд, имконият фароҳам меоваранд.

«Ман боварӣ дорам, ки шуғли фосилавии рақамӣ яке аз роҳҳои ҳалли аз ҳама муносиб барои пешгирии тарки мутахассисон ва муҳоҷирати ҷавонони минтақаи мо мебошад. Зеро ки бо ин восита таъсири мусбӣ ҳам ба ҷавонон ва ҳам ҷомеаҳои онҳо мерасад» – мегӯяд Мавригул.

Малакаҳо барои шуғл дар ҷаҳони зудтағйирёбанда

Тибқи гузориши «Institute for The Future (IFTF)», ки соли 2018 нашр шудааст, 85 дарсади ҷойҳои корие, ки дар соли 2030 мавҷуд хоҳанд буд, ҳоло ихтироъ нашудаанд.

Бо назардоштаи таҳаввулоти босуръати технологияҳо ва эҳтиёҷоти ҷаҳонӣ ба малакаҳои дар асоси талабот, муҳим аст ки барои рақобат дар бозори ҷаҳонӣ аз худ намудани малакаҳо ва аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор гардидани ҷавонони хело камбизоат таъмин карда шавад.

Дар Тоҷикитсон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҷавонон, ЮНИСЕФ ташаббуси шуғли фосилавиро роҳандозӣ намудааст. Ҳадафи он омӯзонидани малакаҳои дар асоси талабот ба ҷавонон (аз қабили технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, тарроҳӣ ва таҳияи веб саҳифаҳо, кор бо барномаҳои муҳосибӣ ва ғ.) ва фароҳам овардани дастрасӣ ба имкониятҳои шуғли алтернативӣ тавассути овардани корҳои рақамӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Ташаббуси шуғли фосилавӣ айни замон аз ҷониби «Маркази инноватсионии Помир» дар шаҳри Хоруғ дар шарикӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ роҳандозӣ мешавад, ва барои эҷоди соҳаи кори фосилавӣ, ки ба ҷавонони мисли Сайёд муфид мебошанд, кӯмак мерасонад. Ӯ яке аз кормандони Мавригул мебошад.

«Кор дар соҳаи аутсорсинги рақамӣ ба ман кӯмаки гуногун расонид. Акнун ман музди хуб ба даст меорам. Инчунин, малакаҳоямро такмил дода, ба хонаводаам кӯмаки молиявӣ мерасонам.» – қайд намуд Сайёд Муминшоеви 24 сола, ки бо Мавригул дар тӯли зиёда аз панҷ сол кор кардааст.

Худи Мавригул бошад дар нақша дорад, ки хизматрасониҳои ширкаташро васеъ карда панҷоҳ ҷоӣ кории навро барои ҷавонони Хоруғ ва берун аз он пешкаш намояд.

Мо ба ӯ барори кор хоҳонем ва ба донорон ва шарикон барои сармоягузориҳо ба ҷавонон миннатдории худро баён менамоем!