Аз таълим то даромад

Дар Тоҷикистон барномаҳои такмили ихтисос ва «UPSHIFT» барои ташаккули руҳияи соҳибкорӣ ба ҷавонон кӯмак мерасонанд. Барномаҳои мазкур ҷавононро бо ҷаҳони меҳнат ва малакаҳои дорои талаботи зиёд шинос намуда, бо ин васила боиси рушди касбии онҳо мегарданд

-
Умеда Фозилова
11 Июл 2023
People working at their desks
UNICEF/Tajikistan/2023/ U.Fazylova Яке аз ширкатҳои маркетингии маҳаллии шаҳри Душанбе.

Имрӯз дар идораи яке аз ширкатҳои маркетингии маҳаллии шаҳри Душанбе боз як рӯзи серкор аст. Аввалин чизе, ки ҳар як нафар ҳангоми воридшавӣ мебинад ин расми Стив Ҷобс ва сӯханони машҳури ӯ «Stay hungry, stay foolish» («Ҳамавақт гурусна ва бепарво бимонед») мебошад. Гуруҳи барномасозон ва тарроҳони графикӣ бо ҳамдигар наздик дар сари як мизе кор мекунад, ки андозааш қариб баробари худи ҳуҷра мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳуҷра чизе ба ҷуз садои ҳуруфчинӣ ва ҳаракати мушаки компютер ба гӯш намерасад.

Баъд аз лаҳзае ҳуҷра саршори садои хурсандиҳои ҷавонон мегардад, ки барои шиносоӣ бо кори ширкат ва ба даст овардани маълумоти муфассал аз роҳбари он омадаанд. Ин гуруҳи ҷавононро Хусрав Малангови 20 сола овардааст, ки муассиси барномаи таълимии «BizKids» мебошад. Барномаи мазкур ба наврасон ва ҷавонони аз 10 то 24 сола саводнокии молиявӣ ва малакаҳои идоракунии соҳибкориро меомӯзад.

Дар доираи барномаи таълимии «BizKids» Хусрав боздидҳои омӯзиширо баргузор мекунад. Ҳадафи чунин боздидҳо ин шинос намудани ҷавонон бо ташаббусҳои бахши хусусӣ ва шаклҳои гуногуни соҳибкории дар экосистемаи корпоративии Тоҷикистон мавҷудбуда мебошад. Дар давоми боздиде, ки якуним соат давом мекунад ҷавонон бо маҷмӯи ширкатҳо, модели фаъолият ва мушоҳидаҳои гуногуни муассисони онҳо шиносоӣ пайдо менамоянд. Илова бар ин, аксари ҷавонон бори аввал бо фарҳанги корпоративӣ рӯ ба рӯ гардида дар бораи кор дар идора ё стартап тасаввурот пайдо менамоянд.

Young people siting and listening
UNICEF/Tajikistan/2023/ U. Fazylova Ҷавонони барномаи «BizKids» ҳангоми боздиди омӯзишӣ ба яке аз агентиҳои маркетингии шаҳри Душанбе.
A young person presenting in front of his peers
UNICEF/Tajikistan/2023/ U. Fazylova Дар ҷараёни боздиди омӯзишӣ Хусрав Малангов барои ҷавонон маърӯза мекунад.
Аз «UPSHIFT» то «BizKids»

Хусрав Малангов ҷавони 20 сола ва сокини шаҳри Ваҳдат буда, барои таълим ва расидан ба орзуҳояш ба Душанбе кӯчидааст. Мисли ним миллион ҷавони дигари тоҷикистонӣ, ки фориғ аз шуғл, таҳсил ё омодагии касбӣ (NEET) мебошанд, Хусрав низ дар ҷустуҷӯӣ ҷоӣ кор бо мушкилӣ дучор мегардид.

Дар шаҳри Душанбе Хусрав дар ҷустуҷӯӣ барномаи таълимие буд, ки тавонад ба ӯ дар рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва қобилияти таваҷҷуҳ додан ба талабот кӯмак расонад. Аз ҳамсолонаш ӯ дар бораи тренингҳои барномаи «UPSHIFT» огоҳӣ ёфт, ки онҳо дар яке аз марказҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф баргузор мегардиданд. Ин барнома аз ҷониби ЮНИСЕФ дастгирӣ мешуд ва барои ҷавонони аз оилаҳои камбизоат нигаронида шуда буд.

Дар доираи барномаи «UPSHIFT» ҷавонон дарки мушкилоти ҷомеа, инчунин таҳия ва эҷоди роҳҳои ҳалли самараноки онҳоро дар шакли маҳсулот ва хизматрасониҳо аз худ мекунанд. Барномаи мазкур эҷодкорӣ, малакаҳои идоракунии соҳибкорӣ ва фикрронии ғайристандартиро меомӯзад, ки ин ҳама метавонист боиси ифтихори ҳатто Стив Ҷобс гардад!

Дар ҷараёни давраи панҷрӯзаи омӯзишҳо ва машғулиятҳои бахшида ба таҳияи баромадҳои кӯтоҳ Хусрав тасмим гирифт, ки барномаи таълимии роҷеъ ба саводнокии молиявӣ ва малакаҳои соҳибкориро барои ҷавонон таҳия кунад. Таҳлили ӯ нишон дод, ки байни малакаҳое, ки ҷавонон дар низоми анъанавии маориф аз худ мекунанд, ва талаботи асри XXI фосила вуҷуд дорад. Масалан, малакаҳои гуфтушунид, кор дар гуруҳҳо, тафаккури эҷодӣ, муайян ва ҳал намудани мушкилот, таҳлили вазъият ва гузаронидани тадқиқот.

A young person standing and glancing at the camera
UNICEF/Tajikistan/2023/ K. Murtazakulova

Асоси ғояи ман ин хоҳиш ва орзӯям барои соҳибкор шудан мебошад. Вақте, ки ман ҷавонтар будам на дониш ва на имконият доштам, ки дар барномаҳои таълимие, ки он замон бароям дастрас буданд иштирок кунам. Ман яке аз ҷавононе будам, ки зарфият доштанд, аммо дар бораи дар куҷо ва чӣ тавр рушд додани малакаҳои соҳибкорӣ тасаввурот надоштанд.

Хусрав Малангов, 20-сола, соҳибкори ҷавон аз Душанбе

Баъд аз баромади бомуваффақият барои санҷиши ғояи худ Хусрав сазовори маблағгузории аввали ибтидоӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ гардид. Аллакай, баъд аз якчанд ҳафта ӯ дар ҷустуҷӯӣ шарикон ва мураббиён барои таҳияи барномаи инфиродии таълимӣ барои ҷавонон ва гузаронидаи тренингҳои аввалин буд.

Имрӯз тренингҳои аз рӯи барномаи «BizKids» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва зодгоҳи Хусрав шаҳри Ваҳдат баргузор мегарданд ва дар онҳо зиёда аз 250 нафар ҷавонон фаро гирифта мешаванд.

A girl siting
UNICEF/Tajikistan/2023/ U. Fazylova Мадина, 13-сола, иштирокчии барномаи омӯзишии "BizKids" аз Душанбе.
Рӯзгори устувор ва тобоварии иқтисодӣ  

Аз лаҳзаи оғози фаъолияти «BiZKids» дар соли 2022 Хусрав манбаи муътадили даромад пайдо кардааст, ки аз ҳисоби пардохтҳои волидон барои таълими фарзандонашон мебошад. Барои таъмини устувории молиявӣ Хусрав панҷ кормандони доимиро ба кор гирифтааст – мураббиён, бозоршиносон ва менеҷерони савдо. Дар натиҷа дигар ҷавонон низ имконияти устувории иқтисодиро пайдо карданд. Имрӯз, вазъи иқтисодии Хусрав боз ҳам муътадилтар шудааст ва ӯ ҳатто дар нақша дорад, ки баъзе хароҷоти рӯзгорро ба дӯши худ гирифта ба оилааш кӯмак расонад.

Дар оянда эҷод намудани шабакаи соҳибкорони ҷавон дар Тоҷикистон

«Ман маҳсулотамро зебо бастубанд карда, онро ҷолибтар мегардонам. То ин ки харидоронам маълумоти дар бораи бартариҳои маҳсулотамро ба дигарон паҳн намуда, мизоҷони бештарро ба ман фиристанд.» - гуфт Мадинаи 13 сола дар ҷавоб ба саволи директори ширкати маркетингӣ роҷеъ ба стретагияи савдои ӯ.

Ҳамзамон Хусрав бо шавқи зиёд ҷавононро даъват менамояд, ки бештар савол диҳанд. Дар ҳолати зарурӣ ӯ ба суҳбат ҳамроҳ шуда, мафҳумҳои мураккабро ба таври содда мефаҳмонад. Дигар кормандони ширкат дохили ҳуҷра мешаванд ва саволҳои душвори ҷавонон ба роҳбари ширкат боиси табассум ва хандаи онҳо мегардад.

A young man explaining to his peers
UNICEF/Tajikistan/2023/ U. Fazylova Хусрав Малангов ба иштирокчиёни барномаи 'BizKids' мафҳумҳои мураккабро шарҳ медиҳад.
Children's giggling
UNICEF/Tajikistan/2023/ U. Fazylova Ҷавонон ҳангоми боздиди омӯзишӣ ба яке аз муассисаҳои маркетингии шаҳри Душанбе хандиданд ва саволҳо медиҳанд.

Ин машғулият барои таҳрики зеҳни ҷавон, рушди тахайюлот ва тафаккури интиқодӣ кӯмак мерасонад, ки ин ҳама барои татбиқи корҳои «визионерӣ», ки барои тафаккури соҳибкорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зарур аст... 

«Баъзе волидон қимати малакаҳои соҳибкориро дар ҳаёти фарзандонашонро дарк намекунанд. Теъдоди хело ками онҳо аҳамияти ин малакаҳоро дар асри XXI дарк мекунанд. Аммо, ман аз оянда хушбин ҳастам, зеро ки шумораи хонандагони мо рӯ ба афзоиш дорад.» - гуфт Хусрав.

Пас аз анҷоми экскурсия, замоне ки гуруҳи ҷавонон аз ҳуҷра берун мерафтанд, Мадина назди Хусрав омада аз ӯ пурсон шуд: «Метавонам ман рақами духтаре, ки дар саҳифаи инстаграми шумо буд, гирам?. Ман мехоҳам аз ӯ маслиҳат пурсам.» Хусрав тавзеҳ медиҳад, ки дар «BizKids» ҷавонон на танҳо асосҳои соҳибкориро аз худ менамоянд, инчунин бо ҳамдигар муошират намуда, табодули дониш менамоянд ва аз рӯи принсипи «ҳамсал бо ҳамсол» фаъолият мекунанд.»

«Ҳадафи «BizKids» на танҳо таълими малакаҳои соҳибкорӣ, инчунин ҳавасманд намудани кӯдакон барои дар амал татбиқ намудани дониш ва малакаҳои азхудкарда мебошад. Аксари хонандагони мо аллакай ғояҳои соҳибкории худро доранд ва дар гуруҳҳо аз паӣи татбиқи онҳо кор мекунанд.» – таъкид мекунад Хусрав.

Зарурати малакаҳои дуруст барои рушди иқтисодӣ

Аҳолии Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҷавонони то 35 сола 70% онро ташкил медиҳанд. Соли 2018 ҷавонон қайд намуданд, ки монеаҳои асосии садди роҳи орзуҳояшон ин норасоии маблағгузорӣ (29%) ва дастрасии маҳдуд ба таълим дар минтақаҳои деҳот (16%) мебошанд.

Ҷиҳати расонидани ин духтарон ва писарони ҷавон ба зарфияташон баҳри онҳо фароҳам овардани имконияти таълим ва эҷоди экосистемаи муносиб барои рушд ва татбиқи самараноки малакаҳои нав зарур аст.

Дар ояндаи наздик Хусрав дар нақша дорад, ки барномаи «BizKids»-ро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар паҳн намоянд. Ба наздикӣ Хусрав аъзои бизнес-инкубатори давлатии Тоҷикистон гардид, ки он ба соҳибкорони нав кӯмаки машваратӣ ва мураббигӣ расонида, барои инкубатсия ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои онҳо кӯмак мерасонад.

«Малакаҳо барои ташаккули насли мутахассисони ҷавони боихтисос ва насли соҳибкорони ҷавони боихтисос аҳамияти калон доранд. Агар ҷавонон малакаҳои муҳими дорои талаботи зиёдро аз худ намуда, дастгирӣ ёбанд, онҳо метавонанд ба рушди иқтисодиёти кишвар суръат бахшанд. Дар натиҷа кору фаъолият намуда метавонанд барои ҳамсолони худ имконияти шуғлро эҷод намоянд.» - хулоса кард Хусрав.