Маълумоти ба мо маълум оид ба штамми «Омикрон»

Омикрон чист ва ҷиҳати ҳифзи оилаи худ Шумо кадом чораҳои эҳтиётиро бояд андешед?

ЮНИСЕФ
Doctors in protective face shields
UNICEF/UN0500155/Pastorelli
19 Январ 2022

«Омикрон» штамми зудпаҳншавандаи COVID-19 буда, боиси афзоиш зуд ва бесобиқаи шумораи сироятҳо дар саросари ҷаҳон гардидааст. Мо маълумоти охирини коршиносонро оид ба штамми мазкур ҷамъоварӣ намудем ва бо дастрас шудани маълумоти нав, навсозии мақолаи мазкурро идома хоҳем дод.

Штамми «Омикрон» чист?

Дар асоси далелҳои мавҷудияти якчанд мутатсияҳое, ки метавонанд ба рафтори сироят таъсир расонанд, штамми «Омикрони» сирояти COVID-19 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурурстӣ (ТУТ) “штамми боиси нигаронӣ” номбар карда шудааст.

Дар мамлакатҳое, ки сироятёбӣ дар ҷомеа ба қайд гирифта мешавад далелҳои сершуморе вуҷуд доранд, ки “Омикрон” дар муқоиса бо “делта” хело зудтар паҳн мешавад. Вақти дучанд шудани он ҳатто ба 2-3 рӯз баробар аст. Аз ин рӯ, хатари умумии марбут ба штамми мазкур хело баланд боқӣ мемонад.

Штамми «Омикрон» чӣ тавр ташаккул ёфтааст? 

Вақте, ки сироят ба таври васеъ паҳн шуда боиси бемории зиёд мегардад, эҳтимоли мутатсияи он зиёд мешавад. Чӣ қадаре, ки сироят барои паҳншавӣ имконияти бештар пайдо намояд, ҳамон қадар он барои тағйир ёфтан низ имконият дорад.

Штаммҳои нави ба мисли «Омикрон», хотиррасон менамоянд, ки пандемияи COVID-19 ҳоло ба охир нарасидааст. Аз ин рӯ, хело муҳим аст, ки ҳангоми дастрас шудани ваксинаҳо одамон иммунизатсия шуда риояи тавсияҳои мавҷударо оид ба пешгирии паҳни сироят идома диҳанд. Аз ҷумла, риояи фосилаи ҷисмонӣ, пӯшидани ниқоб, мунтазам шустани дастон ва таъмин намудани ҳавотозакунии хуб дар ҳуҷраҳо.

Инчунин, дар ҳама ҷойҳо дастар будани ваксинаҳо ва дигар чораҳои тандурустии ҷамъиятӣ муҳим мебошад. Дар натиҷаи нобаробарӣ дар таъминоти ваксинаҳо, кишварҳои дорои даромади паст таҳти хатари COVID-19 боқӣ мемонанд. Аксари чунин мамлакатҳо дар Африқо мебошанд ва ба мамлакатҳое, ки таъминоти хуб доранд зарур аст, ки вояҳои ваъдашударо ба онҳо пешниҳод намоянд.

Штамми «Омикрон» дар куҷо паҳн мешавад? 

Баъд аз он, ки «Омикрон» бори аввал моҳи ноябри соли 2021 пайдо карда шуд, ҳоло онро дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон пайдо карда мумкин аст.

Оё штамми «Омикрон» дар муқоиса бо дигар штаммҳои COVID-19 сироятнокии бештар дорад? 

Натиҷаҳои ибтидоӣ шаҳодат медиҳанд дар муқоиса бо штамми «делта», дар сурати сироятёбӣ бо штамми «Омикрон» хатари дар беморхона бистарӣ шудан пасттар мебошад. Аммо, ТУТ ҳушдор медиҳад, ки сирояти мазкур набояд «сабук» ҳисобида шавад. Интизор меравад, ки афзоиши интиқоли сироят ба зиёд шудани шумораи бистариҳо дар беморхонаҳо мерасонад. Чунин афзоиш ба зиёдшавии сарбории кормандон ва низоми тандурустӣ меоварад, ки он дар навбати худ метавонад сабаби зиёд шудани фавтҳо гардад.

Дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст, ки тамоми штаммҳои COVID-19 метавонанд боиси бемориҳои вазнин ё фавт гарданд. Аз ҷумла штамми “делта”, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон аз ҳама бештар паҳн шудааст. Аз ин рӯ, пешгирии паҳншавии сироят ва коҳиш додани хатари сироятёбӣ хело муҳим мебошад.

Оид ба штамми «делта» шумо чиро бояд донед

Оё штамми “Омикрон” бештар сироятнок аст?

Бале, дар муқоиса бо штаммҳои пешина штамми «Омикрон» сироятнокии бештар дорад. Аммо, иммунизатсия ва чораҳои эҳтиётӣ аз қабили дур будан аз ҷойҳои серодам, риояи фосила аз дигарон ва пӯшидани ниқоб дар пешгирии паҳншавии COVID-19 аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ба мо маълум аст, ки тадбирҳои мазкур нисбати дигар штаммҳо низ муассир мебошанд.

Оё нишонаҳои штамми “Омикрон” фарқ мекунанд? 

Оид ба фарқ кардани нишонаҳои штамми «Омикрон» нисбат ба дигар штаммҳои COVID-19 маълумот вуҷуд надорад.

Оё ваксинаҳои зидди COVID-19 бар зидди штамми “Омикрон” муассир мебошанд?   

Тадқиқотчиён тобоварии эҳтимолии штамми «Омикронро» ба ваксинаҳои зидди COVID-19 омӯхта истодаанд. Иттилоот то ҳол маҳдуд аст, аммо каме коҳиш ёфтани муассирии ваксинаҳо дар пешгирии бемориҳои вазнин ва марг, инчунин пастшавии муассирӣ дар пешгирии бемориҳои сабук ва сироятёбӣ аз эҳтимол дур нест. Аммо, ТУТ хабар медиҳад, ки то айни замон ба назар мерасад, ки ваксинаҳои мавҷуда аз бемориҳои шадид ва фавт муҳофизати назаррасро таъмин менамоянд.

Инчунин, барои муҳофизат аз дигар штаммҳое, ки васеъ паҳн шудаанд, ба мисли «делта» иммунизатсия кардан муҳим мебошад. Вақте, ки навбати шумо мерасад, ҳатман аз иммунизатсия гузаред. Агар иммунизатсия аз ду воя иборат бошад, гирифтани ҳардуи онҳо муҳим аст, то ин ки муҳофизати пурра таъмин карда шавад.

Тафсилоти бештар оид ба ваксинаҳои зидди COVID-19 

Оё сирояти қаблии COVID-19 нисбати штамми “Омикрон” муассир мебошад?

ТУТ хабар медиҳад, ки мувофиқи маълумоти ибтидоӣ, сирояти қаблӣ нисбати дигар штаммҳои ташвишовар, ба мисли «делта» муассиртар буда, аммо дар ҳолати штамми «Омикрон» метавонад муҳофизати камтарро таъмин намоянд. Аммо, маълумот то ҳол маҳдуд мебошад ва бо дастрасшавии иттилооти навтарин онро навсозӣ хоҳем кард.

Ҳатто агар қаблан бемории COVID-19-ро паси сар карда бошед, шумо бояд аз иммунизатсия гузаред. Бо вуҷуди он, ки нафароне, ки COVID-19-ро паси сар намудаанд метавонанд масунияти табии ба ин сироят пайдо намоянд, ба мо то ҳол маълум нест, ки он то чӣ қадар давом мекунад ва то чӣ андоза шуморо муҳофизат менамояд. Ваксинаҳо муҳофизати беҳтарро таъмин менамоянд.

Оё озмоишҳои мавҷудаи COVID-19 штамми “Омикронро” муайян мекунанд?

Озмоишҳои маъмули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПЦР) ва фаврӣ-ташхисии дар асоси антигенҳо сирояти COVID-19, аз ҷумла штамми “Омикронро” муайян менамоянд.

Оё кӯдакон эҳтимоли бештари бо «Омикрон» сироят ёфтанро доранд?

Айни замон тадқиқотҳо оид ба интиқолпазирии “Омикрон” идома доранд ва бо дастрас шудани иттилоти нав мо онро нашр хоҳем кард. Аммо, нафароне, ки дар иҳотаи дигарон бисёр қарор доранд ва онҳое, ки иммунизатсия нашудаанд ба сироятёбии COVID-19 бештар осебпазир мебошанд.

Чӣ тавр ман метавонам худ ва оилаи худро аз штамми «Омикрон» ҳифз намоям?

Кори аз ҳама муҳиме, ки шумо метавонед иҷро намоед ин коҳиш додани хатари сироятёбӣ мебошад. Барои ҳифз намудани худ ва наздикони худ тадбирҳои зеринро биандешед:

  • Ниқобе пӯшед, ки даҳон ва биниро маҳкам кунад. Мутмаин бошед, ки ҳангоми пӯшидан ва кашидани ниқоб дастони шумо тоза бошанд.
  • Фосилаи на камтар аз 1 метрро аз дигарон нигоҳ доред.
  •  Аз ҳуҷраҳои серодам ва ҳавояшон тозанашаванда дурӣ ҷӯед
  •  Барои беҳтар намудани тозашавии ҳаво дар ҳуҷраҳо тирезаҳоро кушоед
  • Мунтазам дастонро шӯед
  •  Вақте, ки навбати шумо мерасад, аз иммунизатсия гузаред. Ваксинаҳои зидди COVID-19, ки аз ҷониби ТУТ тасдиқ шудаанд бехатар ва муассир мебошанд.
Чӣ тавр ман метавонам бо фарзанди худ оид ба «Омикрон» ва дигар штаммҳои COVID-19 суҳбат намоям?

Ахбор оид ба COVID-19 ва акнун оид ба штамми “Омикрон” ҳаёти ҳаррӯзаи моро пурра фаро гирифтааст, ва табиист ки кӯдакони хурдсоли кунҷкоб дар ин хусус саволҳои зиёд доранд. Ҳангоми ба таври содда ва оромбахш фаҳмонидани чунин як мавзуи душвор маслиҳатҳои зерини муфид бояд дар назар дошта шаванд:

  •  Кӯдакон барои донистани ҳодисаҳои кунунӣ ҳуқуқ доранд ва онро бояд ба таври ба синну соли онҳо мувофиқ фаҳмонд.
  • Аз фарзанди худ хоҳон шавед, ки чи чизҳое шунидааст нақл кунад ва ба ҷавобҳои ӯ гӯш андозед. Муҳим аст, ки шавқи ҳамаҷониба нишон диҳед ва ба дилхоҳ ташвишҳои онҳо ҷиддӣ муносибат намоед. Сабур бошед, чунки пандемия ва маълумоти бардуруғ боиси ташвиш ва дудилагии ҳамагон мегарданд.
  • Мутмаин бошед, ки худи шумо маълумоти навтаринро доред. Торнамоҳои ташкилотҳои байналмилалӣ аз қабили ЮНИСЕФ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сарчашмаҳои олии иттилоот оид ба пандемия мебошанд.
  • Агар ҷавоб ба шумо маълум набошад, гумон набаред. Ин ҳолатро ҳамчун имконият барои якҷоя дарёфт намудани ҷавобҳо истифода баред.
  • Дар хотир доред, ки кӯдакон ишораҳои эҳсосотиро аз калонсолон мегиранд. Аз ин рӯ, ҳатто агар аз фарзанди худ ва нороҳатии ӯ хавотир бошед, кӯшиш кунед ки аз ҳад зиёд тарси худро ба ӯ нагузаронед.

> Тафсилоти бештар оид ба тарзи суҳбат бо кӯдак дар бораи COVID-19