Аз се ду ҳиссаи хонаводаҳои дорои фарзанд, дар давоми пандемия аз даромад маҳрум шудаанд

Гузориши ЮНИСЕФ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи маҳрум шудан аз даромад дар 25% оилаҳои дорои фарзанд, калонсолон ба муддати як ё зиёда рӯз аз ғизо маҳрум шудаанд.

07 Март 2022
poverty covid-19
UNICEF/Tajikistan/2021

НЮ-ЙОРК, 10 марти соли 2022 – Мувофиқи гузориши тоза, ки имрӯз аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Бонки умумиҷаҳонӣ нашр гардид, аз оғози пандемияи COVID-19 ду сол пеш ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи хонаводаҳои дорои фарзанд аз даромад маҳрум шудаанд.

Дар тадқиқоти «Таъсири COVID-19 ба некуаҳволии хонаводаҳои дорои фарзанд», ки аз натиҷаҳои иттилооти дар 35 мамлакат ҷамъоваришуда, иборат мебошад, қайд карда мешавад, ки хонаводаҳои дорои се ё зиёда фарзанд бештар аз даромад маҳрум шуда, 75% онҳо бо камшавии даромад дучор гардидаанд. Дар хонаводаҳои дорои як ё ду фарзанд нишондиҳандаи мазкур ба 68% баробар мебошад.

Инчунин, дар гузориш қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи аз даст додани даромад дар 25% хонаводаҳои дорои фарзанд, калонсолон ба муддати як ё бештар рӯз аз ғизо маҳрум мешаванд. Тақрибан дар нисфи хонаводаҳои дорои фарзанд калонсолон тазаккур доданд, ки аз сабаби норасоии маблағ хӯрок истеъмол накардаанд. Инчунин, дар гузориши мазкур оварда шудааст, ки тақрибан 25% калонсон дар хонаводаҳои дорои фарзанд ва бе фарзанд, қайд намуданд, ки пас аз оғози пандемия фаъолияти кории худро қатъ намудаанд.

«Дар саросари ҷаҳон пешравии ночизе, ки дар самти коҳиш додани камбизоатии кӯдакон дар давоми солҳои охир ба даст оварда шудааст, таҳти хатари нестшавӣ қарор дорад. Оилаҳо хисороти азим дидаанд. Дар баробари таварруми соли гузашта, ки бузуртарин дар солҳои охир буд, даромади молиявии зиёда аз се ду ҳиссаи хонаводаҳои дорои фарзанд коҳиш ёфт. Оилаҳо барои дастрасӣ ба ғизо ё хизматрасониҳои асосии тиббӣ имконият надоранд. Инчунин, онҳо барои манзил маблағ надоранд. Ин як вазъияти даҳшатоваре мебошад, ки оилаҳои бениҳоят камбизоатро боз ҳам амиқтар ба фақр меафканад,» - гуфт Санҷай Виҷесекера, директори гуруҳи барномаҳои ЮНИСЕФ.

Дар гузориш оварда шудааст, ки кӯдакон аз хизматрасониҳои ниёзи аввалия маҳрум мебошанд: дар давраи баста будани мактабҳо дар 40% хонаводаҳо кӯдакон дар ягон чорабиниҳои таълимӣ иштирок накардаанд. Бо назардошти он, ки иттилоот дар сатҳи хонаводаҳо ҷамъоварӣ мешавад, сатҳи воқеии иштироки инфиродӣ, эҳтимол боз ҳам пасттар мебошад. Хусусан нисбати кӯдакони аз оилаҳои дорои се ва ё зиёда фарзанд.

«Халалдоршавии таҳсилот ва хизматрасониҳои тиббии кӯдакон дар якҷоягӣ бо хароҷоти бениҳоят зиёд барои тандурустӣ, ки ба зиёда аз 1 миллиард нафар таъсир мерасонад, метавонанд барои рушди сармояи инсонӣ монеа эҷод намояд. Ба он сатҳҳои таълим, тандурустӣ ва некуаҳволӣ шомил мешаванд, ки баҳри аъзои фоидаовари ҷомеа шудан ба одамон муҳим мебошанд. Ҳолати мазкур метавонад зиёдшавии нобаробариро дар байни наслҳои оянда таҳким дода, дар муқоиса бо волидон ва бобо ва бибӣ эҳтимоли сатҳи зиндагии беҳтарро барои онҳо паст намояд.» - гуфт Каролина Санчес-Парамо, директори умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ва баробарии Бонки Умумиҷаҳонӣ.

Дар ҳоле, ки дар муқоиса бо дигарон хонаводаҳои дорои се ва ё зиёда фарзанд бештар аз даромад маҳрум шудаанд, инчунин онҳо назар ба дигарон бештар кӯмаки давлатӣ гирифтаанд: 25 дарсади онҳо аз чунин кӯмак истифода намудаанд, ки нишондиҳандаи мазкур байни оилаҳои бе фарзанд ба 10 дарсад баробар аст. Дар гузориш қайд карда мешавад, ки ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии буҳрон ба оилаҳое, ки кӯмак гирифтаанд, тадбири мазкур ёрӣ расонидааст.

Дар гузориш оварда шудааст, ки то пандемияи COVID-19 тақрибан 15 дарсади кӯдакон дар саросари ҷаҳон, яъне 356 миллион нафар дучори камбизоатии шадид буданд, ки дар натиҷаи он оилаҳо дар як рӯз ба маблағи камтар аз 1.90 доллари ИМА умр ба сар мебурданд. Зиёда аз 40 дарсади кӯдакон дар шароити камбизоатии миёна умр ба сар мебурданд. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ тақрибан 1 миллиард кӯдакон дар шароити камбизоатии гуногунҷанба умр ба сар мебурданд, ки дар натиҷаи пандемия ин рақам 10 дарсад афзудааст.

ЮНИСЕФ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои тавсеаи фаврии низомҳои ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ва оилаҳои онҳо даъват менамоянд. Дастгири мазкур аз ҷумла иборат аз пардохтҳои пулӣ ва дастрасии ҳамаҷонибаи кӯмакпулиҳо барои кӯдаконро дар бар гирифта, сармоягузориҳои муҳиме мебошанд, ки барои баровардани оилаҳо аз буҳрони иқтисодӣ ва кӯмак баҳри омодагӣ ба офатҳои оянда кӯмак мерасонад. Аз оғози пандемия зиёда аз 200 мамлакатҳо ё минтақаҳо ҳазорҳо чораҳоро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ андешидаанд ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба кишварҳо ба андозаи 12.5 миллиард доллари ИМА барои татбиқи тадбирҳои мазкур дастгирӣ расонидааст, ки тақрибан 1 миллиард нафарро дар саросари ҷаҳон фаро гирифтааст.

###

Эзоҳ барои муҳаррирон:

Гузориш дар асоси иттилооти пурсишҳои баланбасомади телефонӣ (дар 35 мамлакатҳо) таҳия шудааст ва танҳо ба таъсири буҳрон ба кӯдакон тамаркуз мебошад. Дар ҳуҷҷати мазкур мо таъсири ибтидоии буҳронро (иттилооти пурсиш дар давраи моҳи апрел то сентябри соли 2020 ҷамъоварӣ шудааст), инчунин таҳаввулоти минбаъдаи таъсири буҳронро (иттилооти пурсиш дар давраи моҳи октябри соли 2020 то майи соли 2021 ҷамъоварӣ шудааст) таҳлил менамоем. Мо ба нишондиҳандаҳои зерини асосии некуаҳволии кӯдакон, ки ҳам шароити инфиродӣ ва ҳам шароити хонаводаҳорои онҳоро фаро мегиранд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаем: (1) Аз даст додани даромад ва шуғл, (2) Набудани амнияти озуқаворӣ (хонаводаҳое, ки аз сабаби набудани маблағ/захираҳо дар онҳо нафаре аз калонсолон як рӯз ё зиёд ғизо истеъмол накардааст, (3) Барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ (оё хонаводаҳо аз оғози пандемия ягон шакли кӯмаки давлатӣ гирифтаанд), ва (4) Таҳсилот (иштирок дар дилхоҳ чорабиниҳои таълимӣ баъд аз баста шудани мактабҳо дар натиҷаи COVID-19).

 

Дар бораи Гуруҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ

Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ барои дониши умумиҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои дарозмуддат маблағгузорӣ пешниҳод менамояд, то ин ки ба мамлакатҳои дорои даромади паст ва миёна дар решакан намудани камбизоатӣ, расидан ба рушди устувор ва сармоягузорӣ ба имкониятҳо барои ҳамагон кӯмак расонад. Аз оғози пандемияи COVID-19 Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ барои мубориза бо оқибатҳои панедмия дар тандурустӣ, иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ зиёда аз 157 миллиард доллари ИМА равона кардааст, ки дар таърихи ташкилот вокуниши буҳронии зудтарин ва бузургтарин мебошад. Маблағгузории мазкур ба зиёда аз 100 мамлакатҳо кӯмак мерасонад, ки омодагӣ ба пандемияро такмил диҳанд, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва ҷойҳои кориро ҳифз намоянд, инчунин раванди барқароршавии мувофиқ ба иқлимро ҷоннок намоянд. Инчунин, Бонки умумиҷаҳонӣ зиёда аз 50 мамлакатҳои дорои даромади паст ва миёнаро дар самти харидорӣ ва роҳандозии ваксинаҳои зидди COVID-19 дастгирӣ менамояд, ки зиёда аз нисфи онҳо дар Африқо ҷойгир мебошанд. Барои тадбирҳои мазкур то охири соли 2022 ба маблағи 20 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ пешниҳод карда мешавад.

Саҳифаҳои Бонки умумиҷаҳониро дар Twitter, Facebook, ва YouTube пайгирӣ намоед.

 

Тамос барои маълумоти муфассалтар:

Ҷорҷина Томпсон, ЮНИСЕФ, Ню-Йорк, тел: +1 917 238 1559, gthompson@unicef.org  

Элизабет Хаутон, Бонки умумиҷаҳонӣ, Вашингтон, тел: +1 703 863 4030,

ehowton@worldbankgroup.org

 

 

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард.

Саҳифаҳои ЮНИСЕФ-ро дар Twitter ва Facebook пайгирӣ намоед.

Иттилооти бештар оид ба COVID-19 ва дастур оид ба ҳифзи кӯдакон ва оилаҳоро метавонед дар нишонии зерин пайдо намоед: www.unicef.org/coronavirus.