Қудрат дар ояндаи ӯст: Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии духтаронро таҷлил мекунад

12 Октябр 2026
Sumaya is speaking at the podium during the IDGC 2026
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Душанбе, 9 октябри соли 2026. Имрӯз дар Душанбе форуми миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон баргузор мешавад. Ҳадафи форум фароҳам овардани минбари мубоҳиса оид ба аҳамияти сармоягузорӣ ба ҳуқуқи духтарон, таҳсилот ва имкониятҳои рушди онҳо мебошад. Форум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ташкил шуда, намояндагони муассисаҳои давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, бахши хусусӣ, ҷавонон, созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро гирди ҳам меорад.

Форум таҳти шиори «Қудрат дар ояндаи ӯст» баргузор гардида, ҳамчун минбари миллӣ барои муколама, ҳисоботдиҳӣ ва амалҳои муштарак хизмат мекунад. Ҳадафи он танҳо таҷлили санаи муҳим набуда, балки баррасии сиёсатҳо, сармоягузориҳо ва меъёрҳои иҷтимоиест, ки имкониятҳои духтарон ва иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян мекунанд.

Дар ҷараёни форум иштирокчиён натиҷаҳои таҳлили вазъи духтарон дар Тоҷикистон, таҳқиқот оид ба издивоҷи кӯдакон ва паёмадҳои он барои Стратегияи миллӣ, инчунин арзёбии иқтисоди нигоҳубин ва имкониятҳои рушди хизматрасониҳои нигоҳубини кӯдакон дар сатҳи ҷомеаҳоро баррасӣ карданд.

Таҳқиқот оид ба издивоҷи кӯдакон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан таҳия шуда, дар форум муаррифӣ гардид, далелҳоеро пешниҳод мекунад, ки аҳамияти тавсеаи имкониятҳо ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи духтаронро нишон медиҳанд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами зимни суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд:

«Ҳар як духтар ҳуқуқ дорад, ки дар муҳити бехатар ба воя расад, солим бошад, таҳсил кунад, мустақилона қарор қабул намояд ва ояндаи худро муайян созад. Мавзӯи ҷаҳонии имсола — „Ба издивоҷи кӯдакон хотима бахшида, ба ҳуқуқи духтарон сармоягузорӣ мекунем!“ — ҳамаи моро даъват мекунад, ки уҳдадориҳои худро ба амалҳои мушаххас табдил диҳем. Мо бояд барои пешгирии издивоҷи бармаҳал, таҳкими низомҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хизматрасониҳо, ҷалби оилаҳо ва ҷомеаҳо, инчунин фароҳам овардани шароит барои идомаи таҳсили духтарон ва қабули қарорҳои огоҳона дар бораи ояндаи онҳо пайваста талош намоем».

«Тавонмандсозии духтарон яке аз сармоягузориҳои оқилонаест, ки мо метавонем анҷом диҳем. Духтароне, ки таҳсил мекунанд, солим мебошанд ва таҳти ҳимоя қарор доранд, дар оянда эҳтимоли бештар доранд, ки дар бозори меҳнат фаъолона иштирок кунанд, ба беҳбудии оилаҳои худ мусоидат намоянд ва рушди иқтисодиро пеш баранд. Барои фароҳам овардани чунин муҳит зарур аст, ки имкониятҳои духтарон барои ворид шудан ба соҳаҳои илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) ва ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда васеъ карда шаванд. Ҳамзамон, бояд барои онҳо минбарҳое фароҳам оварда шаванд, ки дар онҳо тавонанд малакаҳои худро инкишоф диҳанд ва ғояҳои худро мубодила кунанд», — гуфт Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэла Акимова.

Форум инчунин барои иштироки мустақими ҷавонон дар муколама бо шахсони қарорқабулкунанда имконият фароҳам меорад. Дар доираи муколамаи «Духтарон — пешвоён» духтарону писарони ҷавон афзалиятҳои худро бо намояндагони муассисаҳои давлатӣ, парламент ва дигар ниҳодҳои миллӣ баррасӣ намуда, нуқтаи назари худро оид ба таҷрибаҳо ва сиёсатҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд, баён мекунанд.

Илова бар ин, ҷаласаҳои роҳнамоӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки бо самтҳои гуногуни касбӣ шинос шаванд ва аз таҷрибаи заноне, ки дар соҳаҳои дипломатия, адолати судӣ, илму маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва варзиш фаъолият мекунанд, омӯзанд. Ҷаласаи парламентӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе роҳандозӣ гардид, ба духтарон имконият фароҳам овард, ки бевосита аз таҷрибаи занони фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ огоҳ шаванд ва роҳҳои рушди касбӣ ва имкониятҳои роҳбариро баррасӣ кунанд.

Сармоягузорӣ ба ояндаи духтарон яке аз самтҳои асосии рӯзномаи форум мебошад. Намояндагони муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушд дар мизи мудаввари сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ иштирок намуда, имкониятҳои маблағгузорӣ ва ташаббусҳои афзалиятнокро баррасӣ карданд.

Дар давоми форуми дурӯза барои духтарон фазоҳои махсус фароҳам оварда шудаанд, ки дар онҳо метавонанд ғояҳои худро мубодила кунанд, робитаҳои нав барқарор намоянд ва масъалаҳои ба ҳаёти онҳо таъсиррасонро баррасӣ кунанд. Аз ҷумла, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, саводнокии рақамӣ ва бехатарӣ дар интернет, солимии равонӣ, ҳифз аз зӯроварӣ ва озор, роҳбарӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва нақши оилаҳо ва ҷомеаҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳокимашаванда мебошанд.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарон дар Тоҷикистон дар соли 2026 ҷамъбасти як соли талошҳои пайваста барои пешбурди ҳуқуқи духтарон ва муколамаи сиёсӣ дар доираи ташаббуси «Қудрат дар ояндаи ӯст» мебошад. Форум ҳамчун минбар барои таҳкими масъулияти муштарак хизмат мекунад, то ҳар як духтар имкони таҳсил кардан, иштирок дар ҳаёти ҷомеа, пешсаф будан ва мустақилона муайян намудани ояндаи худро дошта бошад.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.