Муҳтарам роҳбарон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ...
Мактуби кушод ба муносибати Рузи духтарон
Муҳтарам роҳбарон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ,
Ман мехостам ақидаҳоямро роҷеъ ба мушкилоти духтарон дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон ба самъи Шумо расонам.
Ҳар як духтар ба таҳсил ҳақ дорад.
Ҳар як духтар барои расидан ба зарфияти комили худ ҳақ дорад.
Аммо, аксари онҳо, хусусан духтарон дар деҳот аз дастрасӣ ба таҳсил маҳруманд ва аз ҳуқуқҳои худ бархурдор нестанд, ё ин ки наметавонанд аз онҳо ба пуррагӣ истифода намоянд.
Cоли 2023 дар саросари ҷаҳон теъдоди духтарон дар мактабҳо аз гузашта бештар шудааст, аммо аксари онҳо аз сабаби стереотипҳои зарароварӣ гендерӣ таҳсилро барвақт тарк мекунанд.
Замоне, ки ман дар синфи 10 мехондам, дарк кардам ки дар оянда чиро мехоҳам омӯзам ва кадом касбро интихоб намоям. Ман боварӣ дорам, ки вақте духтарон барвақт мактабро тарк мекунанд, онҳо аз чунин имконияти дарки худ ва орзуҳояшон маҳрум мешаванд.
Дар теъдоди зиёди кишварҳо барои таҳсил ва омӯзиши малакаҳо ба духтарон имкониятҳои баробар фароҳам оварда намешаванд, зеро ки волидон сармоягузорӣ ба писаронро волотар медонанд.
Агар духтарон ба таҳсилот ва омӯзиши малакаҳо дастрасӣ надошта бошанд, онҳо наметавонанд ҳамқадами замона бошанд ва ба зарфияти комили худ бирасанд. Дар натиҷа духтарон осебпазир гардида, саломати равонӣ ва некӯаҳволии онҳо метавонад зарар бинад.
Илова бар ин, шумораи зиёди духтарон дар мактаб ва ҳатто дар роҳ ба мактаб дучори озор мегарданд. Дар натиҷаи ин ҳама духтарон ба ҷойҳои хоста намераванд, либосҳои хостаашонро намепушанд ва худро амн ҳис намекунанд. Дар якҷоягӣ ин ҳама барои дастрасии духтарон ба таҳсил монеаҳо эҷод мекунад.
Бо вуҷуди он, ки қонунҳо ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро ҳифз мекунанд ва кафолат медиҳанд, татбиқи ин қонунҳо дар сатҳи зарурӣ нест.
Ман аз ҳукуматҳо даъват мекунам, ки тавассути бартафар намудани меъёрҳои зарароварӣ иҷтимоӣ ва таҳкими рӯзноманигории шаҳрвандӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои татбиқи ин қонунҳо диққат ва кӯшиши бештарро ба харҷ диҳанд.
Рӯзноманигории шаҳрвандӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барои муайян намудани монеаҳои садди роҳи духтарон дар таҳсил кӯмак расонанд, ва дар навбати худ низомҳо ва хадамоти ҳукуматӣ метавонанд барои бартараф намудани ин монеаҳо кӯмак расонанд. Инчунин, дар кор бо ҷомеаҳо ва волидон барои тағйири меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ атрофи дастрасии духтарон ба таҳсил, ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад саҳми назаррас гузорад.
Ман боварӣ дорам, ки агар низомҳо ва ҷомеа дар якҷоягӣ амал кунанд, мо метавонем барои бархурдорӣ аз ҳуқуқҳояшон ва дастрасӣ ба таҳсил ба духтарон кӯмак расонида, ояндаи онҳоро дурахшон намоем.
Аммо, ояндаи беҳтар инчунин таҳти хатари тағйирёбии иқлим қарор дорад. Таъсирҳои манфии тағйирёбии иқлим аз қабили мавҷҳои гармӣ ва офатҳои табиӣ ба некӯаҳволии ҷисмонии духтарон хатари бештар эҷод мекунанд. Дар сурати зарар ба некӯаҳволии ҷисмонии духтарон, онҳо наметавонанд ба омӯзиш машғул шаванд. Агар дар натиҷаи обхезӣ роҳ ба мактаб хароб шавад, духтарон аз дастрасӣ ба таҳсил маҳрум мешаванд.
Хулоса, паёми ман ба Шумо чунин аст, ки барои эҷоди ҷаҳоне, ки дар он ҳуқуқи ҳар як духтар,новобаста аз аслу шароиташ, ҳифз шудааст ва ҷаҳоне, ки дар он ҳар як духтар метавонад аз тамоми ҳуқуқ бархудор бошад, кӯмак расонед.
***
Ясмин Назаршоева, 17 сола, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон