Шабакаи «Ҷавонон барои об ва иқлим» ҳамоиши солонаи худро баргузор намуд, то роҳбарии ҷавононро дар самти иқдомҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон тақвият бахшад

12 Август 2025
Y4WC
UNICEF/Tajikistan

Душанбе, 12 августи соли 2025. Шабакаи «Ҷавонон барои об ва иқлим» (Y4WC) нишасти солонаи худро 11-12 август дар шаҳри Душанбе баргузор намуда, дар он роҳбарони ҷавон, намоняндагони ҳукумат ва коршиносони соҳаи муҳити зистро барои пешбурди идоракунии устувори захираҳои об ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон гирди ҳам овард.

Чорабинии дурӯза бо суханронии намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ЮНИСЕФ Тоҷикистон ва роҳбарияти шабакаи «Ҷавонон барои об ва иқлим» оғоз ёфт. Иштирокдорон гузориши солонаро барои солҳои 2024–2025 баррасӣ карда, Нақшаи амали ҷавонон дар соҳаи об ва иқлим барои солҳои 2025–2030-ро муҳокима намуданд.

Намояндагони ҳукумат аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи хоҷагии манзили коммуналӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидгоҳ ва афзалиятҳои кишварро дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти об ва тавонмандсозии ҷавонон муаррифӣ карданд. Вакилони ҷавон дар ҷаласаҳои минтақавӣ ширкат варзида, нақшаҳои муфассали татбиқро, ки бо Нақшаи амал дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳамоҳанг шудаанд, таҳия намуданд.

«Аз номи ЮНИСЕФ ман ба Ҳукумати Тоҷикистон барои пазируфтани ҷавонон ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба иқлим ва захираҳои об ва барои роҳбарӣ ба ин шабака аз замони таъсисаш миннатдории амиқ изҳор менамоям. Ба ҳамаи духтарону писарони ҷавон, волонтёрон ва фаъолони ҷомеа: ташаккури зиёд. Шумо вақти холии худ, нерӯ ва садои худро барои ҳифзи ояндаи Тоҷикистон сарф мекунед». Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Дар доираи нишаст инчунин як мастер-класс доир ба банақшагирии стратегӣ ва мониторинг, инчунин ҷаласаҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои инноватсионӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ барои тавонмандсозии ҷавонон ва малакаҳои «сабз» барои оянда баргузор гардиданд, ки иштирокдоронро бо воситаҳо барои татбиқи ташаббусҳои самараноки иқлимӣ муҷаҳҳаз намуданд.

Инчунин, интихоботи роҳбарияти Кумитаи роҳбарикунандаи шабакаи «Ҷавонон барои об ва иқлим» (Y4WC) баргузор гардид ва муошират бо донишҷӯёни ҷавони тоҷик, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, сурат гирифт, ки ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ мусоидат намуд. Нишаст бо даъват ба амал аз ҷониби ҳукумат ва роҳбарони шабака ба поён расид, ки дар он нақши муҳими ҷавонон дар ташаккули устувории иқлимии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи устувор дар соҳаи таъмини об бори дигар тасдиқ карда шуд.

ЮНИСЕФ ба дастгирии шабакаи «Ҷавонон барои об ва иқлим» дар доираи рисолати худ доир ба тақвияти садои ҷавонон ва эҷоди ҷомеаҳои ба иқлим устувор содиқ мемонад.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ кунед.