YPAG 2026 «Meet and Greet» иштироки ҷавононро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад
Душанбе, 10 апрели соли 2026 - ЮНИСЕФ Тоҷикистон вохӯрии шиносоии YPAG 2026 “Meet and Greet”-ро баргузор намуд, ки дар он аъзоёни Гурӯҳи машваратии ҷавонон (YPAG), шарикони давлатӣ, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкорӣ ва пешбурди иштироки огоҳонаи ҷавонон ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ фазое барои муколама миёни ҷавонон ва қарорқабулкунандагон фароҳам овард. Барнома бо фаъолиятҳои тимсозӣ оғоз ёфта, сипас бо муҳокимаи сатҳи баланд оид ба ҳуқуқи кӯдак, иштироки ҷавонон ва рушди фарогир идома ёфт. Дар маҷмӯъ, 88 ҷавон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба Гуруҳи машваратии ҷавонон—YPAG-и имсола ҳамроҳ шуданд.
Сессияи интерактивӣ бо Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Артур ван Дизен, ба ҷавонон имкон дод, ки андешаҳо ва афзалиятҳои худро мустақимона пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, дар муҳокимаҳо таъсири тағйирёбии иқлим ба кӯдакон дар Тоҷикистон ва нақши муҳими ҷавонон дар пешбурди амалҳои иқлимӣ таъкид гардид.
Муҳокимаи дуюми панелӣ кормандони ЮНИСЕФ ва аъзои YPAG-ро муттаҳид намуда, барои мубодилаи таҷриба ва андешаҳо дар самти иштироки ҷавонон замина фароҳам овард. Мутахассисони ЮНИСЕФ якҷоя бо аъзоёни YPAG роҳҳои амалии таҳкими иштироки ҷавононро дар таҳия ва татбиқи барномаҳо баррасӣ карданд.
«Дар давоми чорабинӣ мо муҳокимаҳои панелӣ бо коршиносон ва фаъолони ҷавон доштем, ки масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд ва андешаҳои арзишмандро пешниҳод карданд. Ман махсусан хурсанд ва ифтихор доштам, ки модератори яке аз муҳокимаҳо будам ва таҷрибаи муҳим ба даст овардам», Самая Қудратова, узви YPAG.
Иштирокчиён дар як қатор семинарҳои интерактивӣ иштирок намуданд, ки ба рушди малакаҳои амалӣ ва дониш равона гардида буданд. Мавзӯъҳо доираи васеъро фаро гирифтанд, аз ҷумла маркетинги рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, зеҳни сунъӣ (AI), малакаҳои «сабз», саводнокии молиявӣ ва малакаҳои суханварӣ. Семинарҳо дар гурӯҳҳои даврӣ баргузор шуданд, то ҳар як иштирокчӣ имконият дошта бошад дар якчанд самт иштирок намояд.
Вохӯрии YPAG 2026 “Meet and Greet” бори дигар ӯҳдадории ЮНИСЕФ-ро дар самти тавонмандсозии ҷавонон ҳамчун шарикони калидӣ дар пешбурди ҳуқуқ ва некӯаҳволии кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон тасдиқ намуд. Бо фароҳам овардани фазо барои иштироки фаъол ва муколама, ЮНИСЕФ ҷавононро дар ташаккули ояндаи фарогир ва устувор дастгирӣ менамояд.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.