Намояндаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсия гардид
Душанбе, 8 августи соли 2026 — ЮНИСЕФ Тоҷикистон расман хабар медиҳад, ки хонум Габриэлла Акимова ба ҳайси Намояндаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ имрӯз пас аз супоридани эътимоднома дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ намуд.
Қабл аз таъин шудан ба вазифаи кунунӣ хонум Акимова муовини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Руминия буд. Дар ин вазифа ӯ роҳбарии стратегиро дар самти татбиқи барномаҳо, рушди шарикӣ ва дигаргунсозии ташкилӣ ба уҳда дошт.
Дар тӯли фаъолияти худ хонум Акимова дар Руминия, Беларус, Украина ва Федератсияи Русия як қатор вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол кардааст. Ӯ таҷрибаи роҳбарии барномаҳои рушд ва башардӯстона, пешбурди ислоҳоти сиёсӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак ва таҳкими низомҳои ҳифзи кӯдакон, таҳсилоти фарогир ва рушди барвақтии кӯдаконро дорад.
Доктор Акимова ба вазифаи худ пас аз анҷоми бомуваффақияти фаъолияти кории ҷаноби Артур ван Дизен шурӯъ намуд, ки аз соли 2023 дар давоми се сол Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Барои маълумоти иловагӣ:
Рухшона Нажмидинова, роҳбари Шуъбаи коммуникатсия дар ЮНИСЕФ Тоҷикистон
Почтаи электронӣ: [email protected]
Телефони мобилӣ: (+992) 93 377 27 86
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.