Артур ван Дизен фаъолияти худро ба ҳайси сардори нави намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оғоз кард.
ДУШАНБЕ, 29 сентябри соли 2023 – Пас аз аккредитатсия аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ Артур ван Дизен расман ба ҳайси сардори нави намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъин гардид.
Артур ван Дизен ҷиҳати татбиқи барномаи нави кишварии ҳамкорӣ бо ҳукуматӣ Тоҷикистон, ки барои солҳои 2023-2026 пешбинӣ шудааст, ба намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Қабл аз таъин гардидан ба ҳайси сардори намояндагӣ дар Тоҷикистон, муҳтарам ван Дизен ҳамчун сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Қазоқистон, Мушовири минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ барои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ва муовини сардори намояндагӣ дар Тоҷикистон фаъолият намудааст.
“Таъин гардидан ба ҳайси роҳбари фаъолияти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, дастгирӣ намудани ҳукумат ва кулли шариконамон дар талошҳои муштарак ҷиҳати такмили тандурустӣ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдак бароям боиси ифтихори беандоза мебошад. Аҳолии ҷавони Тоҷикистон як неъмат аст ва дар якҷоягӣ мо кӯшишҳои беохирро ба харҷ хоҳем дод, то ин ки кӯдакон ва наврасон дар муҳити солим ва амн ба воя расида, ба зарфияти пурраи худ расидан тавонанд. Рушди кӯдакон дар Тоҷикистон метавонад боиси рушди тамоми кишвар гардад.” – гуфт Артур ван Дизен.
Артур ван Дизен коршиноси сиёсати иҷтимоӣ ва рушд буда, дар пажӯҳишҳои амалии иҷтимоӣ, мониторинг ва арзёбӣ таҷрибаи 30-сола дорад. Ӯ дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, инчунин Ховари Миёна зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Дар давоми корномааш ӯ дар Созмони Милал, агентиҳои кӯмакрасони дуҷониба ва ташкилотҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ҳам ба ҳайси мушовир ва ҳам роҳбар фаъолияти намудааст. Артур ван Дизен аз рӯи ихтисосҳои сиёсати иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таҳлили камбизоатӣ, баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин мониторинг ва арзёбӣ дорандаи зинаи магистри донишгоҳи Тилбурги Голландия (Tilburg University) мебошад.
Аз соли 1993 ин ҷониб намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд, ташкилотҳо ва ҷамъиятиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ҳадафи он дастгирии Ҳукумат дар самти иҷрои уҳдадориҳои тавонмандсозии кӯдакон, инчунин таъмини баҳрабардории пурра аз ҳуқуқҳояшон, мувофиқи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, мебошад.
ЮНИСЕФ тақрибан 30 сол дар Тоҷикистон дар самтҳои ҳифзи кӯдак, тандурустӣ, сиёсати иҷтимоӣ, рушд ва таълими барвақтии кӯдак, WASH (таъмини об, санитария ва беҳдошт), вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳо, дастгирии кӯдакони маъюбиятдошта ва тавонмандсозии ҷавонон фаъолият менамоянд.
#####
Тамос барои маълумоти бештар:
Ҷастин Брэдфилд, Сардори шуъбаи иртибот, тарғибот ва шарикӣ, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, j[email protected]
Умеда Фозилова, Мутахассис оид ба иртибот, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, [email protected]
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар душвортарин мавзеъҳои ҷаҳон барои кӯмак расонидан ба кӯдакони аз ҳама осебпазир фаъолият мекунад. Мо дар зиёда аз 190 кишвар ва қаламрав кор ва фаъолият дорем, то ин ки барои ҳар як кӯдак, ҳамагон ва дар ҳама ҷой ҷаҳони беҳтареро бисозем.
Маълумоти бештарро дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти он метавонед аз сомонаи зерин пайдо кунед: www.unicef.org/tajikistan
ЮНИСЕФ дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube.